Гандум
Гандум (лот. Tríticum) — ҷинси ғалладона. Бештар аз 20 навъи мазрӯъ ва худрӯй дорад.
Гандум | ||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Pooideae.
|
||||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||||
Triticum L., 1753 | ||||||||
Мутародифот | ||||||||
|
||||||||
Номенклатурный тип | ||||||||
Таксонҳои хоҳар | ||||||||
Ареал | ||||||||
|
||||||||
|
Таърих
вироишБино ба маълумоти ҳафриётӣ дар мамлакатҳои Осиёи Пеш (Туркия, Ироқ, Сурия, Эрон) 7-6, Юнону Булғория 6-5 ва Миср бештар аз 4 ҳазор сол то м. Гандум кишт мегардид. Одамони қадим асосан аз гандуми худрӯй истифода мебурданд. Дони гандуми худрӯй баъди пухтан зуд мерехт, бинобар ин, эҳтимол одамон онро хом истеъмол менамуданд. Таҳқиқи хӯшаҳои дар ҳафриёт ёфташуда собит месозад, ки тақр. 10200-6500 сол қабл парвариши гандум оғоз ёфт. Гандуми мазрӯъ соли 6000 то м. дар Ҳиндустон, соли 5000 то м. дар Ҳабашистон, нимҷазираи Пиреней ва ҷазираҳои Британия ва баъд аз ҳазор соли дигар дар Хитой паҳн гашт. Дар ибтидои солшумории милодӣ гандум дар тамоми Осиё ва Африқо кишт мешуд. Дар давраи кишваркушоии румиҳо гандум ба Аврупо роҳ ёфт. Асрҳои 16-17 муҳоҷирони аврупоӣ гандумро ба Амрикои Ҷанубӣ, сипас ба Амрикои Шимолӣ, асрҳои 18-19 ба Канада ва Австралия бурданд. Ҳамин тавр, гандум дар тамоми дунё паҳн гашт. Кишти гандум дар Бохтари қадим аз садаи IV то м. маълум аст. Сайёҳи итолиёӣ Марко Поло навиштааст, ки гандум дар Помир бисёр кишт мешавад. Н. И. Вавилов Тоҷикистонро дар Осиёи Миёна маркази навъҳои гуногуни гандум ба қалам додааст. Дар «Иршоду-з-зироъа фӣ илми-л-ҳироса» навъҳои гуногуни гандум (сафедак, сурхак, сурхаки баҳорӣ, уштурдандон, канагандум, каллагандум, гулгандум, паҳнгандум, сиёҳдона, сурххӯша, сафедаки калон, сафедаки реза, сафедаки баҳорӣ ва ғайра) қайд гардидааст, ки далели яке аз марказҳои парвариши гандум будани Осиёи Марказӣ аст.
Тавлидот
вироишДар дунё гандумпарварӣ асосан дар Хитой, ИМА, Ҳиндустон, Русия, Фаронса, Канада, Украина, Туркия ва Қазоқистон ривоҷ дорад. Тақрибан 60 дарсади истеҳсоли ҷаҳонии гандум бар дӯши ИМА аст. Харидорони асосии гандум Русия, Ҷопон, Миср, Бразилия, Лаҳистон, Итолиё, Кореяи Ҷанубӣ, Ироқ ва Марокаш мебошанд.
Тавсифоти гиёҳшинохтӣ
вироишГандум зироати яксола буда, дар натиҷаи дурага кардани намудҳои гуногуни рустаниҳои хӯшадор рӯёнда шудааст. Он баъди неш задан панҷ нахустреша бароварда, баъдтар аз бандҳои зерихокии поя боз решаҳои иловагӣ месабзанд. Гандум дар хок амиқ (100 см, баъзан 180 см) реша дошта бошад ҳам, қисми асосии решаи он дар қабати шудгоршудаи хок ҷой мегирад. Пояи гандум рост буда, аз 40 см то 2 м қад мекашад. Баргаш дарози нӯгтез, тавассути остинак ба поя мечаспад. Хӯшагулаш мураккаб, гулаш дуҷинса (бештар худгардолуд). Хӯшаҳои гандум дукшакл, сӯзанақшакл ва призмашакл мешаванд. Хӯшаи гандуми сахт нисбат ба гандуми мулоим зичтар буда, рангаш сафед, сурх ё сиёҳ аст. Дони гандум гуногунранг (сафед, сурх, зардтоб, бунафш), луч ё пардадори тухмшакл, дарозрӯя буда, дар қисми мобайнаш (ба дарозии дон) ҷӯякча дорад. Вазни 1000 дона гандуме, ки дар Тоҷикистон мепарваранд, 30-60 г аст.
Гандум тирамоҳӣ, баҳорӣ, дуфасла (тирамоҳу баҳорӣ) мешавад. Дони гандум баъди 2-4 шабонарӯзи кишт неш бароварда, вобаста ба шароити обу ҳаво ва ҳарорату намии хок дар 5-7 (ҳангоми 10-13°С будани ҳарорат дар 10) шабонарӯз месабзад (давраи майсавии гандум).
Давомот ва қувваи сабзиши гандум ба навъи он, ҳарорат, намии ҳавою хок, шароити ғизогирӣ ва тарзи киштукор вобаста аст. Дони гандум то пухтан 3 давраро аз сар мегузаронад: ширу хамирӣ (дон қариб комилан шакл гирифта, рангаш сабз ва миқдори обаш 40-65 % мешавад), нимдумбулӣ (ранги дон зард ва миқдори обаш то 25-30 % кам шуда, дохилшавии моддаҳои ғизоӣ аз барг қатъ мегардад) ва расидан (дон сахт ва намиаш аз 20 % кам мешавад).
Парвариши гандум дар Тоҷикистон
вироишГандум дар шароити Тоҷикистон дар ҳарорати 3-4°С саросар месабзад. Дар давраи нашв барои нашъунамои гандуми тирамоҳӣ 1400—1500°С ва барои гандуми баҳорӣ 1300°С гармии фаъол зарур аст. Гандуми тирамоҳӣ нисбат ба гандуми баҳорӣ сармобардор буда, дар зери қабати барф ба ҳарорати 20-25°С тоб меорад. Агар ҳангоми шира гирифтани дони гандум нами хок кам ва ҳаво бисёр гарм (35-40°С) бошад, дон майда ва нокомил мешавад. Гандум зироати обталаб аст. Бинобар ин, дар заминҳои обӣ ду ҳосили фаровон мегиранд. Барои нашъунамои хуби гандум хоки ҳосилхез зарур аст. Дар мавриди хушк будани замин 6-8 рӯз қабл ба киштзор аз рӯи меъёри 1000—1200 л/м2 об мемонанд. Гандуми баҳорӣ махсусан дар заминҳои бикр ва партов ҳосили хуб медиҳад. Дар сурати ба хокҳои чимтолию хокистарӣ нурӣ андохтан аз гандум ҳосили фаровон гирифтан мумкин аст. Боришоти кофии тирамоҳ гандумро сердон ва бориши баҳор серпахол мекунад. Дар ҷумҳурӣ бештар гандуми мулоим (Triticum vulgare) ва гандуми сахт (Triticum olurum) парвариш карда мешавад. Гандуми мулоимро тирамоҳ ва баҳор мекоранд. Барои кишти тирамоҳӣ гандуми навъҳои «Ормон ИЭ», «Алекс», «Зироат-70», навъҳои дуфаслаи «Садоқат», «Ориён», «Файзбахш», «Шокирӣ», «ИЗ-80», «Фарҳодӣ- 60» ва гандуми сахти «Президент»-ро, ки олимони Институти зироати АИКТ рӯёнидаанд, истифода мебаранд. Гандуми тирамоҳӣ назар ба гандуми баҳорӣ аз бориши тирамоҳу зимистон бештар баҳра бурда, то фаро расидани ҳавои хушку гарми тобистон мепазад ва ҳосили фаровон медиҳад. Барои гирифтани ҳосили баланд барои гандум ришқа, зироати лӯбиёӣ, пахта, ҷуворимакка, ҷуворӣ ва зироати полизӣ пешкишти хуб мебошанд. Яке аз шартҳои асосии афзудани ҳосили гандум кишти тухми яккачини хушсифат аст. Барои кишт асосан аз тухмии класси I, инчунин репродуксияи 1-3, ки дараҷаи тозагии онҳо баробар ба 90 % ва қобилияти нешзаниашон 95 % аст, истифода мекунанд. Қабл аз кишт аз ҳашароту ангезандаи касалиҳо безарар гардондани тухмӣ тадбири муҳим ба шумор меравад. Бо ин мақсад аз маводди кимиёии заҳрноки витовакс, витатиурахт, пентитуарам, агросид (фундазол), байтан ва ғ. истифода мебаранд. Тухмӣ ба тавассути мошинҳои тамғаи ПС-10, ПУ-3, ПСШ-5 ва КПС-10 безарар карда мешавад. Мӯҳлати кишти гандуми тирамоҳӣ дар вилояти Суғд аз 20 сентябр то 20-уми октябр аст. Дар водии Вахш кишти тирамоҳии гандум нимаи аввали ноябр фаро мерасад. Дар навоҳии тобеи марказ ва вилояти Хатлон (Кӯлоб ва Данғара) гандуми тирамоҳӣ аз 20-уми октябр то 10-уми ноябр кишт карда мешавад. Меъёри кишти тухмиро вобаста ба шароити иқлим, хок, хусусияти навъҳои гандум ва захираи намӣ муқаррар мекунанд. Тухми гандум дар заминҳои обӣ нисбат ба заминҳои лалмӣ 1-1,5 млн дона бештар кошта мешавад.
Меъёри кишти гандум кг/га
(дар сурати 100% киштбоб будани тухмӣ) | ||||||
Вилоят ё минтақа | Навъҳои баландпоя | Навъҳои кӯтоҳпоя | ||||
Заминҳои лалмии боришашон хуб | Заминҳои лалмии боришашон камтар | Заминҳои обӣ | Заминҳои лалмии боришашон хуб | Заминҳои лалмии боришашон камтар | Заминҳои обӣ | |
Суғд | 200 | 220–240 | – | 200–240 | ||
Рашт | 200–220 | 180–200 | 200 | 220–240 | 180–200 | 200–240 |
Ҳисор ва диг. навоҳии тобеи марказ | 180–200 | 160–180 | 200–220 | 200 | 180–200 | 200–240 |
Минтақаи Кӯлоб | 180–200 | 160–180 | 200–220 | 200 | 180–200 | 200 |
Қӯрғонтеппа | 160–180 | – | 180 | 200 | – | 200 |
Помири Ғарбӣ | – | – | 200–220 | 240 | – | 200 |
Корбурдҳо
вироишГандум муҳимтарин захираи хӯроквории давлатӣ мебошад. Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, онро нигоҳ доштан ва ба ҷойҳои дур кашондан мумкин аст. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда (ба ҳисоби миёна 8-24 %, дар навъҳои селексияи шӯравӣ ва гандуми худрӯй то 25-30 %), ангиштоб (60-64 %), равған (1,5-2 %), намакҳои минералӣ (1,7 %), витамину ферментҳо ва ғ. мавҷуданд. Аз гандум орду ярма мекашанд, аз ордаш маҳсулоти макаронию қаннодӣ тайёр мекунанд. Аз дони он мухашшари гандум, оҳар, спирт, равған ва ширешак (клейковина) истеҳсол менамоянд. Паҳоли гандум барои истеҳсоли коғаз, картон ва ғ. истифода мешавад. Коҳи гандум хӯроки хуби чорвост. Масалан, 100 кг паҳоли гандум 20-29 кг воҳиди хӯрокӣ буда, 08-1 кг каротини ҳозим, 140—144 г намаки калсий, 70-80 г намаки фосфор ва 20-50 мг каротин дорад.
Хосиятҳои шифоӣ
вироишДар бораи хосияти шифобахшии гандум табибони қадими Ҳиндустон, Юнон, Рум, Хитой, Эрон маълумот додаанд. Абуалӣ ибни Сино марҳами аз орди гандум, оҳар ва заъфарон таҳияшударо барои равондани доғи кунҷитак давои хуб шумурдааст. Табибони Ҳинду Тиббет гандумро барои муолиҷаи варам, захм ва омосҳо ба кор мебаранд. Давое, ки дар омехтагӣ бо кунҷит, гандум, биринҷ, ҷав ва нахӯд омода карда мешавад, барои муолиҷаи амрози банду буғум ва рагу пайҳо нофеъ аст. Дар тибби халқӣ гандумбирён, майсаи навруста, дони тарак, сабӯс ва коҳи гандумро ҳамчун даво ва ғизои парҳезӣ ба кор мебаранд. Ҷӯшобаи мағзи нони гандумиро ҳангоми дарунравӣ ва исҳоли хунин тавсия медиҳанд. Мағзи дар шир таркардаи нони гандумиро барои «пазондан»-у кашидани фасод ба омосҳо мебанданд. Ҷӯшоба ва буғи сабӯси гандум пӯсти рӯйро нарм мекунад. Истеъмоли ҷӯшобаи бо асал омехтаи сабӯси гандум ҳангоми газаки роҳҳои болоии нафас ва сурфаи шадид муфид аст. Барои беморони гирифтори диабети қанд нонҳои камангиштоб, ҳангоми бемориҳои гурда ва силсилаи дилу рагҳо нони бенамак, дар мавриди заъфи гурда нони бесафедаи бенамак тавсия дода мешавад. Барои пешгирии атеросклероз ба нону кулчаҳои гандумӣ карами баҳрӣ, летситин, йодиди калий илова менамоянд. Сабӯси гандум ба миқдори зиёд витаминҳои гурӯҳи В ва моддаҳои минералӣ (калий, клетчатка) дорад, бинобар ин онро чун ғизои парҳезӣ ҳангоми қабзият, фарбеҳӣ, ғалаёни хун, дарди санги гурда, атеросклероз истифода мебаранд. Баҳор аз майсаи гандум суманак тайёр карда мешавад. Истеъмоли он барои рафъи фарбеҳӣ ва пешгирии диабети қанд муфид аст; ба бемориҳои қубо ва реши меъда шифо мебахшад, хунро тоза карда, ба ҳосил шудани ҳемоглобин ёрӣ мерасонад. Гандум аз касалиҳои сиёҳмуғ, занга, гарда ва ғ. осеб мебинад. Кирми ғалладона, магаси гессенӣ, магаси шведӣ ва кабудчашмак зараррасонҳои асосии гандум мебошанд.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Watson L., Dallwitz M. J. Triticum L.(англ.). The grass genera of the world: descriptions, illustrations, identification, and information retrieval; including synonyms, morphology, anatomy, physiology, phytochemistry, cytology, classification, pathogens, world and local distribution, and references(пайванди дастнорас — таърих). Institute of Botany, Chinese Academy of Sciences (23 April 2010). 14 Декабри 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 3 феврали 2012.
- ↑ NCU-3e. Names in current use for extant plant genera. Electronic version 1.0. Entry for Triticum L.(англ.)
- ↑ Гончаров, 2008.
Адабиёт
вироиш- Сухобрус И. Г. Определитель пшениц и ячменей Таджикистана. Д., 1951;
- Вавилов Н. И. Пшеница. М., 1964;
- Қосимов Ҷ. Қ. (ва дигарон). Зироатҳои Тоҷикистон. Д., 1975;
- Тавсияҳо оид ба парвариши навъҳои нави гандум дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2008;
- Тавсияҳо оид ба парвариши навъҳои нави гандум дар кӯҳистони Тоҷикистон. Д., 2010.
- Қосимов Ҷ. Қ. (ва дигарон). Рустанипарварӣ бо асосҳои тухмишиносӣ. Д., 2011.
Сарчашма
вироиш- Гандум / Г. Раҳмихудоев, З. Эшонова, Ҷ. Қосимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.