Гандум (форсӣ: گندم‎) — дар ривоёти куҳан ва фарҳанги исломӣ меваи мамнӯъ аст, ки Одаму Ҳавво ба сабаби хӯрдани он аз биҳишт берун карда шуданд.

Ривоёт

вироиш

Худои таъоло Одаму Ҳавворо дар биҳишт ҷой дода, ба онҳо гуфта буд, ки дар он метавонанд ба ҳар гӯшаву канор бираванд ва ҳар он чизе, ки мехоҳанд, бихӯранд, ба ғайр аз меваи дарахте, ки Худованд барояшон мамнӯъ эълон намуд. Дар бораи чӣ ва кадом будани ин дарахт ва меваи он муфассирону муҳаққиқони осори исломӣ ақидаву назари гуногун доранд. Бархе аз муфассирон ин дарахтро себ, анҷир, бархе кофур, баъзеҳо дарахти илму маърифат гуфтаанд, вале аксар бар онанд, ки ин дарахт гандум будааст.

Дар Қуръон

вироиш

Дар Қуръони маҷид аз ин дарахт ва чӣ ном доштанаш чизе гуфта нашуда, барои ифодаи он танҳо калимаи арабии «шаҷара» (дарахт) омадааст. Мувофиқи маълумоти «Каъбулаҳбор», донаи гандум аз замони Одам (а) то рӯзгори Идрис (а) ба андозаи тухми шутурмурғ буд, баъдан он ба андозаи тухми мурғ, сипас ба андозаи тухми кабӯтар, пасон ба андозаи фундуқ ва дар замони Узайр (шахсе аз банӣ Исроил, ки яҳудиён ӯро писари Худо мегуфтанд) ба андозаи нахӯд шуд. Ба хӯрдани гандум Одаму Ҳавворо Иблис ташвиқ намуд. Ӯ дарахту меваи онро тавсиф намуда, гуфт, ки касе онро бихӯрад, бемаргу ҷовидона мегардад ва ба маърифати некиву бадӣ мерасад. Бо вуҷуди манъ кардани Худованд Одаму Ҳавво он меваро бичашиданд ва ҳамон замон худро урён дарёфтанд (Қуръон, сураи Аъроф, ояи 22). Онҳо аз кардаи хеш пушаймон шуда, тавба карданд. Худованд, тавбаи эшонро пазируфт, аммо онҳоро аз биҳишт берун кард. Дар замин Одамро ҳолати ба ӯ ношиносе рӯй дод. Фаришта Микоил, ба қавли дигар Ҷабраил, чӣ будани ин ҳолат, яъне, гуруснагиро фаҳмониданд. Ба назди ӯ гандум оварданд, ба ӯ кишту варз, ҷамъ овардани ҳосил, орд кардану нон пухтанро ёд доданд. Гандум, ки боиси ба ранҷу азоб ва машаққат дучор гаштани Одам шуда буд, акнун ӯро аз ин мушкилот халос кард.

Дар адабиёти форсӣ

вироиш

Дар осори манзуму мансури адабиёти форс-тоҷик қиссаи гандум хӯрдану аз биҳишт берун карда шудани Одам инъикос ёфтааст. Таъбири «гандум хӯрдан» маҷозан ба маъноҳои «бефармонӣ кардан», «хор гаштан», «берун шудан», «фиреб хӯрдан» ба кор бурда мешавад. Дар абёти зерин аз ин қисса ёдоварӣ шудааст:

Аз барои ҳафт гандум ҳашт ҷаннат дармабоз,
Барги бебаргӣ маҷӯю қасди барги тин макун.

Саноӣ

Дар хулд чӣ гуна хӯрд гандум
Он ҷо, ки набуд шахс нонхӯр.
Бал гандумаш он гаҳе бибоист,
К-аз хулд ниҳод пой бар дар.

Саноӣ

Падарам равзаи Ризвон ба ду гандум бифурӯхт,
Нохалаф бошам, агар ман ба ҷаве нафрӯшам.

Ҳофиз

.

Адабиёт

вироиш
  • مهروییحي. قصصقرآنمجید (برگرفتهازتفسیرسورآبادی). تهران،١٣٤٧ش.؛
  • بلعمیابوعلیمحمدبنبلعمی. تأریخبلعمی،تهران،١٣٥٣ش.؛
  • یاحقیمحمدجعفر. فرهنگاساطیرواشاراتداستانیدرادبیاتفارسی. تهران،١٣٧٥ش.ر

Сарчашма

вироиш