Ганҷдара (деҳа, н. Рашт)
Ганҷдара (собиқ Ганчик) — деҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷафри ноҳияи Рашт. Аз Ганҷдара то маркази ҷамоат 20 км, то маркази ноҳия 40 км; роҳ автомобилгард. Аҳолиаш 105 нафар (2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Рашт |
Ҷамоат | Деҳоти Ҷафр |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Номҳои пешина | Ганчик |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 105 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Пешшумораи телефон | +992 3131 |
|
Иқтисод
вироишДеҳа чойхона-фароғатгоҳ, масҷиди панҷвақта ва мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Миртоби ҷамоати деҳоти Ҳоит давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: чорводорӣ, ғаллакорӣ, боғпарварӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз оби чашмаҳо обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии коллективии «Ганҷдара», хоҷагиҳои деҳқонии хурди «Ҷалол» ва «Алӣ» мавҷуданд.
Мардум
вироишМардумаш баъди заминларзаи соли 1949 ба ноҳияҳои Қумсангир ва Колхозобод (ҳозира Ҷалолуддини Румӣ) кӯчида, деҳа беодам монда буд. Солҳои 1980 як қисми аҳолиаш ба деҳа баргашта, онро обод карданд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Ганҷдара // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2