Ганҷинаи нақди адабӣ

Ганҷинаи нақди адабии Соҳиб Табаров — махзани осори адабӣ-танқидӣ, адабиётшиносӣ, китобҳои китобхонаи шахсии олим ва мунаққиди тоҷик С. Ш. Табаров, ки ба муносибати 80-солагии ӯ дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъсис ёфтааст.

Маросими ифтитоҳи Ганҷинаи нақди адабӣ 29 октябри 2006 барпо гардид. Ганҷинаи нақди адабӣ аз 3 ҳуҷра – ҳуҷраи китобҳо, дастхатҳо ва асарҳои офаридаи С. Табаров, ҳуҷраи китобхона–қироатхона иборат аст. Дар Ганҷинаи нақди адабӣ дастнависҳо, китобу рисолаҳо, дастурҳо, мақолаҳои танқидиву адабиётшииносии С. Табаров аз оғози фаъолияти эҷодиаш то ба имрӯз ҷамъоварӣ шудаанд. Дар Ганҷинаи нақди адабӣ дар қатори китобҳои чопшудаи С. Табаров мақолаҳои ба табъ расонидаи ӯ дар матбуоти даврӣ аз дастнависи мақолаҳо таҳрирҳо, гранкаҳо ва нусхаи нашрияҳо мавҷуданд. Як бахши Ганҷинаи нақди адабӣ аз мактубҳои С. Табаров, номаҳои табрикӣ, мукофотҳои давлатӣ, грамотаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳо иборат мебошад. Гӯшаи дигари Ганҷинаи нақди адабӣ аксҳои С. Табаровро дар бар мегирад, ки дар солҳои гуногун, дар маҷлисҳо, сафарҳо, ҳамроҳи адибону шогирдон ва ғ. гирифтааст. Ҳамаи суратҳо–аксҳои С. Табаров як фототекаро ташкил медиҳанд. Дар бораи С. Табаров шогирдон, муҳаққиқон китобу рисолаҳо ва мақолаҳо таълиф намудаанд. Ин мавод низ дар Ганҷинаи нақди адабӣ ҷамъоварӣ шудаанд. Гӯшаи муҳимми Ганҷинаи нақди адабӣ китобхона-қироатхона мебошад, ки дар он тақр. 5 ҳазор номгӯи китобу маҷалла ва дигар маводди чопшуда вуҷуд дорад. Аз китобҳои Ганҷинаи нақди адабӣ талабагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни макотиби олӣ, устодон ва дӯстдорони адабиёт истифода мебаранд. Ганҷинаи нақди адабӣ аҳаммияти умумиҷумҳурӣ дошта, муҳаққиқон аз он баҳравар шуда метавонанд.

Сарчашма

вироиш