«Ганҷи Бадахшон» — маҷмӯаи тазкирамонандест, ки муҳаққиқи тоҷик, адабиётшинос А. Абибов тартиб додааст (нашр ‒ Д., 1973).

Аз муқаддима ва панҷ боб иборат аст. Дар муқаддима маълумоти мухтасар оид ба таърихи Бадахшон аз замони қадим то садаи XX ва ҳаёти адабӣ дар ин минтақа дода шудааст. Вазъи ҳаёти адабӣ, анъанаҳои адабии минтақаи Бадахшон дар бобҳои асар — «Доираи адабии Бадахшон дар асри XV», «Доираи адабии асри XVI Бадахшон», «Вазъияти адабиёти асри XVII Бадахшон», «Доираи адабии асри XVIII Бадахшон», "Доираи адабии Бадахшон дар асри XIX ва ибтидои асри XX, инъикос ёфтааст.

Мувофиқи маълумоти дар ин маҷмӯа дарҷгардида то садаи XI оид ба ҳаёти адабии Бадахшон маълумоте ба дасти муҳаққиқон нарасидааст. Пайдоиши анъанаи эҷоди адабӣ-бадеӣ дар Бадахшон бо номи Ҳаким Носири Хусрав марбут аст. Вай дар дараи Юмгони Бадахшон сукунат ихтиёр кард ва ба эҷоди асарҳои илмиву динӣ, адабӣ машғул шуд. Вале боз дар ҳаёти адабии Бадахшон пас аз Носири Хусрав то садаи XV ҳеч гуна манбае иттилоъ намедиҳад. Бобҳои «Ганҷи Бадахшон» пажӯҳишианд. Баъзе шоироне, ки дар бораашон маълумот кам аст, дар дохили бобҳо омадааст. Пас аз ҳар боб оид ба якчанд шоир маълумоти шарҳиҳолӣ ва намунаҳо аз эҷодиёташон оварда шудааст. Умуман, «Ганҷи Бадахшон» маълумотро оид ба 118 нафар шоир дар бар мегирад. Манбаъҳои «Ганҷи Бадахшон» тазкираҳо, баёзҳо, ҷунгҳо, дафтарҳои ашъори шоиронанд, ки дар китобхонаҳои Душанбе, дар дасти хешовандони шоирон маҳфузанд. Ашъори баъзе шоиронро мураттиб аз сокинони минтақаи Бадахшон ҷамъ овардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Абибов А. Аз таърихи адабиёти тоҷик дар Бадахшон. Д., 1971.

Сарчашма

вироиш