Гаприндашвили, Нона Терентевна
Но́на Тере́нтевна Гаприндашви́ли (гурҷӣ: ნონა გაფრინდაშვილი; тав. 3 майи 1941, Зугдиди, Гурҷистон) — шатранҷбози гурҷистонӣ, қаҳрамони шатранҷи ҷаҳон (1962-78); Устоди хидматнишондодаи варзиши ИҶШС (1964). Чемпиони панҷкаратаи шатранҷи ИҶШС байни занон (1964, 1974, 1981, 1983, 1985), нахустин барандаи ҷоизаи «Оскари Шоҳмот» (1982).
гурҷӣ: ნონა გაფრინდაშვილი | |
| |
Иттилоъоти инфиродӣ | |
Ҷинс | зан |
Ном ба ҳангоми таваллуд | гурҷӣ: ნონა გაფრინდაშვილი |
Кишвар | |
Тахассус | шоҳмот |
Зодрӯз | 3 май 1941[2] (83 сол) |
Зодгоҳ | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Корнома
вироишСолҳои 1980-86 Раиси Комиссияи занони Федератсияи байналмилалии шоҳмот, 1989-96 президенти Кумитаи миллии олимпии Гурҷистон буд. Аз соли 1996 президенти фахрии ҳамин Кумита. Нахустин гроссмейстери байналмилалӣ дар байни занон (1976) ва нахустин занест, ки ба унвони гроссмейстери байналмилалӣ дар байни мардон даст ёфтааст. Аз 5-солагӣ ба шоҳмот шавқ пайдо карда, дар 15-солагӣ чемпиони Тифлис, баъдан чемпиони Гурҷистон шудааст. Дар 19-солагӣ ҳамчун довталаби унвони чемпиони ҷаҳон дар мусобиқаи байналмилалии Югославия (1961) ширкат варзида, бо пирӯзии дурахшон ба дидори ниҳоӣ роҳ ёфт ва пас аз як сол чемпиони он замон — Е. Биковаро бо натиҷаи 9:2 шикаст дода, чемпиони ҷаҳон шуд. Дар тарғибу тарвиҷи шоҳмот дар миёни бонувон саҳми назаррас дорад.
Ҷоизаҳо
вироишБарои фаъолияти шоёнаш дар равнақи шоҳмот дар байни занон бо орденҳои Ленин (1966), «Нишони Фахрӣ» (1985) ва медали «Барои меҳнати шоён» (1965) сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ FIDE Ratings and Statistics (ингл.)
- ↑ 2.0 2.1 Гаприндашвили Нона Терентьевна // Большая советская энциклопедия (рус.): [в 30 т.] / под ред. А. М. Прохорова — 3-е изд. — М.: Советская энциклопедия, 1969. — Т. 6.
Сарчашма
вироиш- Гаприндашвили Нона Терентевна // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.