Гарав
Гарав — яке аз шаклҳои асосии иҷрои уҳдадориҳо, молу милк ва ё дигар арзише, ки барои таъмини қарз ё дигар намуди кредит пешбарӣ мешавад.
Дар ҳуқуи маданӣ
вироишГарав дар ҳуқуқи гражданӣ яке аз воситаҳои асосии таъмини уҳдадориҳост. Ба ҳайси навъҳои асосӣ Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин шаклҳои Гаравро ҷудо мекунад: ипотека, Гарави молу милки мавриди муомилот, Гарави ашё дар гаравхона;
Дар мурофиаи ҷиноятӣ
вироишГарав дар мурофиаи ҷиноятӣ чораи пешгирӣ дониста мешавад, ки аз супоридани маблағ ба депозити мақомоти тафтишот ё судӣ аз тарафи гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда ё дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои таъмини ҳозир шудани гумонбаршуда, айбдоршаванда, судшаванда бо даъвати мақомоти таъқиби ҷиноятӣ ва суд иборат аст (моддаи 109 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
Дар иқтисод
вироишГарав дар иқтисодиёт, яке аз шаклҳои асосии таъмини иҷрои уҳдадориҳои тиҷоратӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ. Гаравдиҳанда (мас., қарздиҳанда) ҳуқуқ дорад ба ивази амволи ба ихтиёри гаравгиранда гузоштаи худ, бо молу милк ва ё дигар арзише таъмини иҷрои уҳдадориҳоро талаб намояд (моддаи 364 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар сурати аз тарафи гаравгиранда қисман ё тамоман иҷро накардани уҳдадориҳо, гаравдиҳанда метавонад аз ҳисоби амвол ва ё воситаҳои ба гарав гузошташуда ба андозаи иҷро накардани уҳдадориҳои гаравгиранда пардохти арзиши моли гаравгирифташударо таъмин намояд. Дар баробари пардохти арзиши моли ба гаравгиранда додашуда, гаравдиҳанда метавонад, пардохти ҷубронпулӣ барои саривақт барнагардонидани амвол, хароҷоти судӣ ва дигар ҷубронпулиҳоро талаб намояд (моддаи 361 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар сурати иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз тарафи гаравгиранда амвол ва ё воситаҳои молиявии ба гарав гузошташуда метавонанд ба ихтиёри гаравдиҳанда гузаранд ва ё бидуни ин амал иҷро гарданд (моддаҳои 377—378 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон). Яке аз шаклҳои Гарав дар муносибатҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ гарави амволи ғайриманқул мебошад (моддаи 362 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки мутобиқи шартҳои он амволи ғайриманқул дар ихтиёри қарзгиранда (қарздор) мемонад, вале дар сурати аз тарафи қарзгиранда иҷро нагардидани уҳдадориҳои худ (мас., саривақт пардохт накардани арзиши амволи ғайриманқул), қарздиҳанда (кредитор) метавонад ҳуқуқи талаб ва ба даст овардани ин амволро пайдо кунад. Нигар низ Гарави воситаҳои ғайриманқул.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми II (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1999, № 12; 2002, № 4; қисми 1; 2006, № 4; 2009, № 12; 2010, № 7;
- Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми I. Д., 2007;
- Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми II. Д., 2007.
Сарчашма
вироиш- Гарав // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.