Гаравхона (ломбард) — муассисаи кредитӣ, ки дар шакли пул бо мондани гарави амволи манқул қарз медиҳад.

Нишонаҳои пайдошавии муассисаҳои ломбардӣ ба садаи XI рост меоянд. Дар садаи XV муассисаҳои кредитии башардӯстона бо мақсади ба шахсони камбизоат додани қарзҳои бефоиз ва камфоиз, вале бо гарави амвол ташкил ёфтанд. Баъди чанд муддат дар шаҳрҳои Итолиё муассисаҳои ломбардӣ (ломбард аз номи вилояте дар Итолиё — Ломбардия гирифта шудааст) ба фаъолият оғоз намуданд. Дар Олмон аввалин ташкилоти ломбардӣ соли 1498 дар ш. Нюрнберг таъсис дода шудааст.

Барои нигаҳдошт дар гаравхона аз шаҳрвандон ашёи манқули дорои таъйиноти истифодаи шахсӣ қабул карда мешавад. Шартномаи нигаҳдошти ашё дар гаравхона бо додани расиди расмии нигаҳдошт аз ҷониби гаравхона ба расмият дароварда мешавад. Ашёи барои нигаҳдошт ба гаравхона супурдашаванда мувофиқи нархи чунин навъ ва сифати ашё, ки маъмулан дар савдо дар лаҳзаи супурдан ва қабули он дар маҳалли нигаҳдошт муқаррар шудааст, нархгузорӣ мешавад. Қонунгузорӣ гаравхона-ро вазифадор кардааст, ки ашёи барои нигаҳдошт қабулкардаашро ба маблағи умумии арзиши он суғурта намояд. Ҳангоми ашёро аз гаравхона нагирифтани соҳибаш гаравхона вазифадор аст онро се моҳ нигоҳ дорад, сипас метавонад ба фурӯш гузорад. Маблағи аз фурӯши ашё бадастомада барои нигаҳдошт ва дигар хароҷоти марбут ба гаравхона пардохт шуда, маблағи боқимонда ба соҳиби мол баргардонида мешавад. (Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаҳои 378 ва 379).

Дар Тоҷикистон аввалин муассисаи ломбардӣ соли 2005 таъсис дода шуда, ҳоло зиёда аз 20 муассисаи ломбардӣ фаъолият доранд.

Адабиёт

вироиш
  • Ҳуқуқи гражданӣ. Қисми II. Д., 2007;
  • Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми II. Д., 2010;
  • Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ. Д., 2012. Ҳ. Саидов.

Сарчашма

вироиш