Гарави вексел — шакли иҷрои уҳдадориҳо, ки бештар дар фаъолияти бонкҳо истифода мегардад.

Бонкҳо ҳангоми бастани шартномаҳо барои гирифтани қарз аз мизоҷони боэътимод иҷрои талаботи махсусро ба миён намегузоранд. Нисбат ба қарзгирандагони боэътимод, корхонаҳо ва муассисаҳои алоҳида, ки бори аввал қарз мегиранд, тартиби дигари муносибатҳои қарзиро истифода менамоянд. Яке аз навъҳои кафолати баргардонидани қарз гарави вексел мебошад. Вексел (коғази қиматнок) аз дорандаи он ба бонк ба тамом нагузашта, муваққатан ҳамчун воситаи замонати қарз ба ихтиёри бонк мегузарад. Пас аз ба охир расидани муҳлати қарз, қарзгиранда уҳдадор аст, бозгашти онро таъмин намояд ва фоизи онро пардозад. Пас аз баргардонидани маблағҳои қарзӣ векселҳо ба соҳибонашон баргардонида мешаванд.

Адабиёт

вироиш
  • Оймаҳмадов М., Раҳимов Ш., Раҳматова Г. Фарҳанги истилоҳоти байналмилалии бонкдорӣ (русӣ-англисӣ-тоҷикӣ). Д., 1999;
  • Раҳимзода Ш. Муомилоти пулӣ ва қарз. Д., 2009.

Сарчашма

вироиш