Гарави интихоботӣ — маблағе, ки номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз бақайдгирӣ ва баъди аз тарафи комиссияи ҳавзавии интихобот муайян намудани мувофиқати ӯ ба талаботи Сарқонун ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз маблағи шахсии худ ба суратҳисоби Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мегузаронад.

Ҳаҷми гГарави интихоботӣ ба миқдори 100 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо муайян карда шудааст. Гарави интихоботии номзад дар сурати интихоб шуданаш ба вакилии Маҷлиси намояндагон ба ӯ баргардонида мешавад. Ҳангоми бекор кардани қарори бақайдгирии номзад ва ё интихоб нашудани номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон гарави интихоботӣ баргардонида нашуда, ба буҷаи ҷумҳурӣ мегузарад.

Ҳизбҳои сиёсие, ки рӯйхати номзадҳоро ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешниҳод намудаанд, баъд аз санҷиши мувофиқ будани номзадҳо ба талаботи Сарқонун ва қонуни мазкур аз тарафи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, аз маблағи худ ба суратҳисоби Комиссияи мазкур мутаносибан ба ҳар номзади пешниҳодшуда ба миқдори 200 (дусад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо гарави интихоботӣ мегузаронанд. Гарави интихоботӣ дар сурати аз тарафи ҳизби сиёсӣ гирифтани на камтар аз панҷ дарсади овозҳои интихобкунандагони дар овоздиҳӣ иштироккарда ба ҳизби сиёсӣ баргардонида мешавад. Дар ҳама ҳолатҳои дигар гарави интихоботӣи ҳизби сиёсӣ баргардонида намешавад ва ба буҷаи ҷумҳурӣ мегузарад.

Сарчашма

вироиш