Гарави моли дар муомилотбуда
Гарави моли дар муомилотбуда — шакли иҷрои уҳдадориҳои тиҷоратӣ-молиявӣ.
Моли дар муомилотбуда ва ба гарав гузошташуда, моле ба ҳисоб меравад, ки дар ихтиёри гаравдеҳ боқӣ монда, ба ӯ ҳуқуқ дода шудааст, ки таркиб ва шакли табиии моли ба гарав гузошташуда (захираҳои мол, ашё, мавод, маҳсулоти нимтайёр, тайёр ва ғайра)-ро тағйир диҳад, ба шарте, ки арзиши умумии онҳо аз арзиши дар шартнома муайянгардидаи моли ба гарав гузошташуда, камтар набошад.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гарави моли дар муомилотбуда // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.