Гарави мол дар гаравхона
Гарави мол дар гаравхона (Ломбард) — шакли муомилоти пулӣ-молӣ.
Гаравхонаҳои дар асоси иҷозатнома (литсензия) фаъолиятдошта метавонанд аз шаҳрвандон молу милки манқулеро, ки барои истифодаи шахсӣ, иҷрои уҳдадориҳо аз рӯйи қарзҳои кӯтоҳмуддат таъйин шудаанд, ба гарав гиранд. Шартномаи гарав бо додани чиптаи гарав аз тарафи гаравхона ба расмият дароварда мешавад. Молҳои ба гарав гузошташуда ба гаравхона супорида мешаванд. Гаравхона ҳуқуқ надорад моли ба гарав гузошташударо истифода барад ва ё аз худ намояд. Дар сурати гум шудан ва ё осеб дидани моли ба гарав гузошташуда зери таъсири ҳодисаҳои рафънопазир (ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ), масъулият ба уҳдаи гаравхона вогузор мегардад. Ҳангоми дар муҳлати таъйингардида иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз тарафи гаравдеҳ гаравхона дар асоси иҷроварақаи нотариус метавонад пас аз як моҳ молро мутобиқи тартиби фурӯши молу милки ба гарав гузошташуда (бандҳои 3, 4, 6 ва 7 моддаи 379 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон) фурӯшад. Пас аз фурӯши моли ба гарав гузошташуда талаботи гаравхона нисбат ба гаравдеҳ (қарздор), новобаста аз кифоя будан ё набудани маблағи бадастомада барои пурра қонеъ кардани талабот, қонеъгашта ҳисоб мешавад (моддаи 387 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон. Қисми II (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 1999, № 12; 2002, № 4, қисми 1; 2006, № 4; 2009, № 12; 2010, № 7;
- Райзберг Б. А., Лозовский Л. Ш., Стародубцева Е. Б. Современный экономический словарь. М., 2008.
Сарчашма
вироиш- Гарави мол дар гаравхона // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.