Гардуна (порсии миёна: *vardōn < порсии бостон: *vartau(a)n- < эронии бостон: √*vart-гардидан; чархидан[1]), ароба — нақлиёти қадимии ду ва чорчарха.

Гардунаи заррини чаҳораспа. Ганҷинаи Ому, Музеи Бритониё

Сараввал барои кашондани борҳои вазнин ва одамон, баъдан ҳамчун олоти ҷангии зудрав истифода мешуд. Маълумоти нахустин дар бораи гардуна дар «Яштҳо»-и Авесто («Аредвисура Анаҳита Яшт») ҳангоми ситоиши фариштаи об ва ободонӣ Анаҳита омадааст, ки ӯ илоҳаи зебо буда, савори гардунаи зарини чаҳораспа, аз осмон обҳои дунёро назорат мекунад. Дар эътиқоди ниёгони мардуми тоҷик илоҳа Анаҳита дар тимсоли фариштаи рӯдхонаи Вахш ва Ому – Охшои гардунасавор таҷассум ёфтааст. Бар ин гуфтаҳо гардунаи тилоии илоҳа Охшо аз «Хазинаи Амударё» (асри 3–4 то м.), ки дар осорхонаи Британия маҳфуз аст, далолат мекунад. Гардунааи садаҳои нахустин аз рӯйи сохт ба ароба шабоҳат дошта, онро дар ҳазорсолаи 3 то м. қабилаҳои шумерӣ (сокинони ҷануби Ироқ) аз чӯби паҳн ё лавҳи тахтабандӣ дар болои тирҳои чор чарх месохтанд. Ин навъи гардунаҳоро харҳои ромшуда (гӯрхар) тавассути тасмаҳои чармини ба гардану бинӣ ва пешсинаашон баста, мекашонданд. Ин усули чандон мусоид набуд, зеро чорпоён нафасгир шуда, дар як соат то 12 – 15 км ҳаракат мекарданд. Дар ҳазорсолаи 2 то м. қавмҳои ориёӣ (порсҳо, бохтариҳо, сакоиҳо, модҳо, ҳиндуориёиҳо) дар кашондани гардуна аспҳоро истифода бурданд, ки минбаъд ин навъи гардуна ҳамчун воситаи зудҳаракати ҷангӣ дар аксари кишварҳои Шарқи Наздик (Бобул, Ошур, Урарту), Миср, Ҳинд ва Чини Қадим маъмул гардид. Гардунаҳои ҷангии аҳди қадим аввал дучарха буда, онро як асп мекашид, ки бозёфтҳои чарху боқимондаҳои гардунаҳо дар ҷануби Украина, ҳудудҳои Анатолия ва Синтош-Петровка (Қазоқистон) аз он гувоҳӣ медиҳанд. Гардунаҳои нахустини ақвоми ориёӣ барои шикор пешбинӣ шуда, чархҳои сахти чӯбин доштанд. Дар байни чӯби тирҳо ва қисми пеши гардунаҳо аз чарми бофта истифода мекарданд, ки вазни он ва муқовимати бодро коҳиш медод. Баландӣ, ҳаракати тез ва барои тирандозӣ мувофиқ будани гардуна онро ба нақлиёти ҷангӣ табдил дод. Бо истифодаи филиззот гардунаҳо такмил ёфта, тир, девораи ҳимоявӣ ва чархҳои он аз филизз сохта мешуданд. Ҳангоми ҷанг гардунаро гардунадор идора мекард ва дар ду паҳлуи он тирандозон ҷой мегирифтанд.

Дар Юнон ва Руми Қадим гардунаро ба ғайр аз ҷангҳо дар набарди гладиаторҳо, тантанаҳои пирӯзӣ, пазироӣ ва гусели императорҳову ашрофони воломақом истифода мебурданд.

Дар артиши савораи Ҳахоманишиён гардуна нақши муҳим дошта, бештар ҳангоми ҳамла ба сафи душман аз он истифода мекарданд. Дар замони давлатдории Ашкониён ва Сосониён гардунаҳо ҳамчун олати ҷангӣ аҳаммияти худро тадриҷан гум карданд ва минбаъ дар сафи артиши савора ба ҷойи гардуна аз асп истифода мебурданд. Дар аҳди Сосониён гардуна бештар дар маросимҳои мазҳабӣ истифода мегардид.

  1. Ҳасандӯст, Муҳаммад. Фарҳанги решашинохтии забони форсӣ. Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Нашри осор, 1393. — ҷ. 4, с. 2367. — ISBN 978-600-6143-58-3.

Адабиёт

вироиш
  • Раҳмонов Э. Тоҷикон дар оинаи таърих. Аз Ориён то Сомониён. Китоби 1. Лондон, 1999;
  • Кова Фаррух. Персы. Армия великих царей. М., 2009.

Сарчашма

вироиш