Забони эронии бостон
Забони эронии бостон ё забони ниёэронӣ (форсӣ: زبان نیاایرانی; англ. proto-iranian ё proto-iranic) – ниёзабони бозсозишудаи фарзии шохаи забонҳои эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуурупоӣ ва ниёи забонҳои эронии форсӣ, суғдӣ, зозокӣ, мозандаронӣ, курдӣ, осӣ, пашту, забонҳои помирӣ ва чанде дигар аст.
Ниёэронӣ забоне аз гурӯҳи забонҳои сатем (аз авестоӣ: satəm ‘сад’) ва бархоста аз забони фарзии ниёҳиндуэронӣ буда, ки он худ аз забони фарзии ниёҳиндуурупоӣ рӯида будааст. Ин забон, бар пояи бархе баровардҳо, зоҳиран камтар аз як ҳазора аз забони авестоӣ ва камтар аз ду ҳазора аз забони ниёҳиндуурупоӣ фосилаи насл доштааст.
Гӯишҳо
вироишПрофессор Шерво гумон мекунад, ки забони ниёэронӣ дастикам чаҳор гӯиш дошта, ки аз дуто аз онҳо то осоре ба даст омадааст:
- Забони эронии шимоли ғарбии бостон (ниёи забонҳои сакоӣ, сарматӣ, алонӣ ва осӣ)[1]
- Забони эронии шимоли шарқии бостон (ниёи забонҳои эронии миёнае чун хоразмӣ, суғдӣ, балхӣ (кушонӣ), сакои тумшуқӣ, сакои хутанӣ ва забонҳои имрӯзии пашту, яғнобӣ ва помирӣ).
- Забони эронии марказии бостон (ниёи забонҳои авестоӣ ва модӣ).
- Забони эронии ғарбии бостон (ниёи забони порсии нав).
Бар пояи фарзия гӯргон [англ. Kurgan hypothesis] гумон мешавад, ки ниёэронёни фарзӣ дар оғози ҳазораи дувуми пеш аз мелод зиндагӣ мекардаанд ва ба ҳавзаҳои бостонии ниёҳиндуэрониён ва Андроново ё бархе тамаддунҳои пуштакӯҳи Эрон муртабит мешаванд.
Баробарҳои воҷшинохтӣ
вироишPIE[2] | Av | PIE | Av | |
---|---|---|---|---|
*p | → | p | *ph₂tḗr "падар" | pitar- "падар" |
*bʰ | → | b | *bʰréh₂tēr "бародар" | bratar- бародар |
*t | → | t | *túh₂ "ту" | tū- "ту" |
*d | → | d | *dóru "дор" | dāuru "дор" |
*dʰ | → | d | *dʰoHneh₂- "дона" | dana- "дона" |
*ḱ | → | s | *déḱm̥t "даҳ" | dasa "даҳ" |
*ǵ | → | z | *ǵónu "зону" | zānu "зону" |
*ǵʰ | → | z | *ǵʰimós "сармо" | ziiā̊ "сармо" |
*k | → | x ~ c | *kruh₂rós "хунин" | xrūda "хунин" |
*g | → | g ~ z | *h₂éuges- "нерӯ, тавоноӣ, зӯрӣ" | aojah "нерӯ, тавоноӣ, зӯрӣ" |
*gʰ | → | g ~ z | *dl̥h₁gʰós "дароз" | darəga- "дароз" |
*kʷ | → | k ~ c | *kʷós "кӣ" | kō "кӣ" |
*gʷ | → | g ~ j | *gʷou- "гов" | gao- "гов" |
Proto-Indo-Iranian | Авестоӣ[3] | Порсии бостон | Форсӣ | Курдӣ | Санскрити ведоӣ |
---|---|---|---|---|---|
*Háĉwas 'horse' | aspa | asa (native word)[4] | اسب asb (< Median) | hesp | áśva |
*bʰagás 'бахш' | baγa | baga (бағ) | باج bâj (боҷ) | parçe | bhága |
*bʰráHtā 'бародар' | brātar | brātā | برادر бародар | bira(der) | bhrā́tr̥ |
*bʰúHmiš 'замин, бум' | būmi | būmiš | بوم бум | bhū́mi | |
*mártyas 'миро, мард' | maṣ̌iia | martiya | مرد mard (мард) | mêr(d) (мард) | mártya |
*mā́Has 'моҳ' | mā̊ | māha | ماه mâh (моҳ) | mang (моҳ), meh (моҳ) | mā́sa |
*wasr̥ 'баҳор' | vaŋri | vahara | بهار баҳор | bihar | vāsara 'бомдод' |
*Hr̥tás 'ростӣ' | aša | arta | راست рост (дуруст) | rast | r̥tá |
*dʰrawgʰ- 'дурӯғ' | druj | drauga | دروغ дурӯғ | diro, derew (дурӯғ) | druh- |
*sáwmas 'афшурда' | haoma | *hauma | هوم ҳум | sóma |
Пайвандҳо
вироиш- ↑ Fortson, Benjamin (2004). Indo-European language and Culture: An Introduction. Wiley-Blackwell. p. 238. ISBN 978-1-4051-0316-9.
- ↑ Encyclopedia of Indo-European culture. Mallory, J. P., Adams, Douglas Q. London: Fitzroy Dearborn. 1997. ISBN 1884964982. OCLC 37931209.
- ↑ Skjærvø, Prods Oktor (2003). "Glossary". An Introduction to Young Avestan.
- ↑ Fortson, Benjamin (2004). Indo-European language and Culture: An Introduction. Wiley-Blackwell. p. 238. ISBN 978-1-4051-0316-9.