Гармобаи Муллошайх
Гармобаи Ҷавонӣ, Гармобаи Муллошайх — чашмаи маъданӣ дар ноҳияи Роғун.
Мушаххасот
вироишДар водии дарёи Гармоба (шохоби чапи дарёи Обигарм), 6 км шимолу ғарбтар аз маркази ноҳияи Роғун воқеъ аст. Пайдоиши он ба хатти шикастаи байни қабати таҳнишастҳои палеозойи Тоҷикистони Марказӣ ва мезокайнозойи ҷанубии Тоҷикистон вобаста мебошад. Он аз ғарб ба шарқ ба самти Қаратоғ – Файзобод – Обигарм, Рашт – Тоҷикобод тӯл кашидааст. Қад-қади ин хат аз умқҳои зиёд обҳои гарм ба рӯйи замин мебароянд. Оби Гармоба аз умқи бештар аз 300 м тавассути ҷинсҳои кӯҳии давраи бӯр (мезозой) ба сатҳи замин ҷорӣ мешавад. Баландиаш аз с. б. 1520 м. Обаш гарм (42°С), таркибаш ионҳои сулфат, хлорид, натрий, калсий, манган, молибден, волфрам, инчунин метаборат (2мг/л) ва бром (1,06 мг/л) дорад. Маъданнокиаш 0,5 г/л. Дебиташ 1,3 л/с. Дар бораи Гармоба бори нахуст Э. Э. Карстенс таҳқиқот анҷом додааст (1937). Обаш барои табобати узвҳои ҳозима муфид аст.
Нигористон
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Баротов Р. Б. Ганҷи кӯҳистон. Д. 1985;
- Чуршина Н. М. Минерельные воды Таджикистана. Д., 1992.
Сарчашма
вироиш- Гармоба / М. Раҳимов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.