Гармония (юн. harmonia — алоқа, мавзунӣ, мутаносиби, ҳамоҳангӣ), рабти мавзун ва мувофиқати ҷузъҳои дохиливу берунии асари мусиқӣ:

1)Як соҳаи асосии воситаҳои ифода дар мусиқиест, ки ба муттаҳидии қонунии ладҳо (пардаҳо) дар шакли ҳамовозӣ, ба алоқаи байни ҳамовозиҳо ва ҳаракати мавзуни пайдарпайи онҳо асос ёфтааст. Шакли асосии ҳамовозӣ аккорд ва навъҳои он — консонанс ва диссонанс мебошад. Асоси ҳамовозиро муносибату мувофиқати овозу ладҳо (пардаҳо) ташкил медиҳад. Ҳамовозӣ дар ҷараёни харакати садоҳо дар мусиқии бисёровоз (гомофония, полифония) ба вуҷуд меояд. Дар ин гуна мусиқӣ (одатан ба овозҳои болоӣ) ҷӯрии гармонии овозҳои дигар ҳамроҳӣ мекунад. Дар ниҳоди ҳар як оҳанг имкони чунин ҳамовозӣ вуҷуд дорад ва ҳамовозӣ (гармонизатсия) ба ҳамин асос ёфтааст.

2)Номи доираи аккордҳо ва ё ҳамовозиҳои фасеҳу ифоданок, ки ба ягон асари мусиқӣ ё асари як композитор хос аст (мас., Гармонияи гуворо, Гармонияи дағал, Гармонияи классикӣ, Гармонияи Скрябин ва ғайра).

3)Як қисми назарияи мусиқӣ, таълимот оид ба сохти дурусту мутаносиби ҳамовозиҳо дар илми композитсия.

4)Курси таълимӣ барои хонандагони коллеҷҳо ва донишҷӯёни мактабҳои олии мусиқӣ.

5)Дар санъати меъморӣ ва тасвирӣ таносуби мавзун ва рабти комили ҳамаи унсурҳои мусаввара ё тарҳи бино (аз рӯйи шаклу андоза, ранг, мақом ва ғайра).

Гармония воситаи асосии шаклофаринист. Муҳимтарин воситаи зуҳуроти муваққатии Гармония дар асари мусиқӣ ҳаракати овоз мебошад. Гармония мусиқиро мукаммал, ҷараёни мусиқиро пурқувват карда, ба он нафосати зиёде мебахшад.

Таърих

вироиш

Мавҳуми илмии Гармония дар замонҳои қадим (асрҳои 6-4 то м.) ба Аристоксен, Фисоғурас (Пифагор) ва дигарон маълум буд. Ташаккули Гармонияи бисёровоз дар асрҳои IX—X муҳимтарин давраи таҳаввули тафаккури мусиқии Аврупо мебошад. Дар асри XIV барои Гармонияи бисёровозаи классикӣ замина муҳаё гардид. Гармония дар асрҳои XVII—XIX равнақ ёфт. Муаллифони машҳуртарин рисолаву таҳқиқот оид ба Гармония дар аврупо: У.Одингтон (1316), Ҷ. Сарлино (1558), М. Марсенн (1637), Н. П. Делетский (1680), Ж. Д. Рамо (1726), Х. Руман (1893), Х. Шеккер (1906), Б. Л. Яворский (1908), Ю. Н. Холопов (1988).

Гармонияро композиторони тоҷик дар мусақияшон васеъ истифода бурдаанд. Беҳтарин асарҳои композиторони тоҷик Гармония ва фосилаҳои ба мардуми Шарқ хосро таҷассум кардаанд. Омӯзиши Гармонияи оҳанг дар курси Гармония дар муассисаҳои таълимии мусиқӣ дарс дода мешавад.[1]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.95. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)