Гармотабодул, мубодилаи гармо — раванди беихтиёронаи барнагардандаи интиқоли гармо дар фазо, ки ба ғайриякҷинса будани майдони ҳароратӣ вобаста аст.

Умуман (дар мавридҳои умумӣ) ба интиқоли гармо якҷинса набудани майдони бузургиҳои дигари физикӣ, мас., фарқи байни ғилзатҳо ё консентратсияҳо (термоэффекти диффузионӣ) низ мусоидат мекунад. Се намуди гармотабодул — гармоноқилият (гармогузаронӣ), конвексия ва гармотабодули шуоӣ (дар амал, одатан, ҳар се намуди гармотабодул якбора ба амал меояд) мавҷуд аст. Гармо ҳангоми гармогузаронӣ, аз як молекула ба молекулаи дигар дар дохили ҷисм (мас., дар сихи оҳанини дар оташ гузошташуда), ҳангоми конвексия дар натиҷаи гардиши (сиркулятсияи) моеъ ё газ (мас., ҳангоми ҷӯшиш), ҳангоми афканишот дар шакли мавҷҳои электромагнитӣ (ба мисли шуои Офтоб) интиқол меёбад. Гармотабодул бисёр равандҳо (мас., ҷараёни таҳаввули ситораву сайёраҳо, равандҳои метеорологии рӯйи Замин ва ғайра)-ро дар табиат, техника ва рӯзгор муайян ё ҳамроҳӣ мекунад.

Сарчашма

вироиш