Гармсер — даштистоне дар ҷануби Эрон ва ғарби Покистон.

Дар халиҷи Уммон ва соҳили гулӯгоҳи Ҳурмуз, дар доманаи кӯҳҳои Зогрус (Загрос) ва Мукрон ҷойгир шудааст. Иртифоаш то 8 км, дарозиаш беш аз 4000 км. Гармсер пайхамиҳои соҳили баҳрро бурида мегузарад, дар баъзе маҳалҳо аз ҳамвориҳо иборат мебошад. Қисмати соҳилиаш аз якчанд теппаи регӣ ва водиҳои камбару танг иборат мебошад. Ҷуғрофиёнависони мусалмон Форсро ба ду минтақаи сардсер ва гармсер ҷудо мекарданд, ки хатти марзи онҳо аз шимол ба ғарб тӯл мекашид. Хатти марзӣ аз наздикии Арҷон ба Навбандҷон ва аз он ҷо ба Козирун, Ҷиреҳ, Доробгирд, Фарак ва Торам идома меёфт. Мавзеъҳои ҷануби хатти марзӣ билоди Гармсер номида мешуданд: Даштӣ, Кингон, Арбаа, Ҷиреҳ, Қир ва Корезин. Иқлими Гармсер тропикӣ, камбориш (ба ҳисоби миёна 120 мм). Ҳарорати миёнаи моҳи январ 19,40, моҳи июл 32,50. Хокаш биёбонии шаклнагирифта, баъзе ҷойҳо шӯрахок. Дар Гармсер рустаниҳои биёбонӣ мерӯянд. Дар зимистон бо рустаниҳои эфемери сабзпӯш мешавад. Дар дарозои соҳилҳо туғайзорҳои рустании мангра дида мешаванд. Чорводории айлоқӣ дар Гармсер хеле ривоҷ ёфтааст.

Гармсер вилояти таърихие дар Сиистон, ки дар поёноби дарёи Ҳилманд қарор дошт. Мавзеи Буст баъди харобшавӣ ба ҳудуди Гармсер дохил шуд. Дар ҳудуди Гармсер аслан халаҷҳо зиндагӣ мекарданд. Гармсер имрӯз шаҳр ва вулусволӣ дар вилояти Ҳилманди Афғонистон аст. Масоҳаташ 20,2 км2, аҳолиаш 60 ҳазор нафар (2012). Дар соҳили чапи дарёи Ҳилманд воқеъ мебошад. Сокинони Гармсер асосан паштунҳо, тоҷикҳо, балучҳо ва ғ. мебошанд. Машғулияти асосии мардуми Гармсер зироаткорӣ, молдорӣ ва боғдорӣ аст. Заминҳо аз дарёи Ҳилманд обёрӣ мешаванд.

Сарчашма

вироиш