Покистон
Покистон (урду: پاکِستان - «замини пок" англ. Pakistan Покистон [ˈpækɪstæn] ё [pɑːkiˈstɑːn] номи пурраи расмӣ - Ҷумҳурии Исломии Покистон (урду: اسلامی جمہوریہ پاکِستان Jumhuriyah Покистон англ. Islamic Republic of Pakistan Ҷумҳурии Исломии Покистон) — кишварест дар Осиёи Ҷанубӣ. Покистон ҳамчун як созмони мустақили сиёсӣ соли 1947 дар натиҷаи тақсимоти қаламрави Ҳиндустон Бритониё таъсис ёфтааст.
Тибқи барӯйхатгирии соли 2017 Покистон шашумин кишвари аҳолиаш дар ҷаҳон сершумор буда, шумораи аҳолии он 207,774,520 нафарро ташкил медиҳад ва аз рӯи аҳолии мусулмон дуюмин пас аз Индонезия (мутаносибан 178 ва 205 миллион мусулмон) мебошад. Кишвар узви Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди миллатҳо, Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, Созмони Ҳамкории Шанхай ва инчунин узви кишварҳои рӯ ба инкишоф дар "Гурӯҳи 77" мебошад.
Шиор: «Iman, Ittehad, Nazm (Имон, Якпорчагӣ, Низом)» | |
Суруди миллӣ: «[[Суруди миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон|Qaumi Tarana ]]» | |
Рӯзи истиқлолият | (аз Британияи Кабир, |
Забони расмӣ | урду, инглисӣ |
Пойтахт | Исломобод |
Шаҳри калонтарин | Исломобод, Карочи, Пешовар |
Идораи давлат | Ҷумҳурии Исломӣ |
Раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Сарвазир |
|
Масоҳат • Ҳамагӣ • Фоизи об. |
34-ум ҷой дар ҷaҳон 803 940 км² 0.7 % |
Аҳолӣ • Ҳамагӣ (2013) • Зичӣ |
6-ум ҷой дар ҷaҳон 188 444 000 нафар 224,9 нафар/км² |
ММД • Ҳамагӣ (2012) • Ба сари аҳолӣ |
27-ум ҷой дар ҷaҳон 884.2 млрд $ 4700 $ |
Пули миллӣ | Рупии Покистон (PKR, рамз 118) |
Интернет-Домен | .pk |
Коди телефон | +92 |
Соат | UTC +5 |
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад:
| |
Имрӯз қисми | {{{Имрӯз}}} |
Этимология
вироишНоми "Покистон" аслан маънои "сарзамини пок" -ро бо забонҳои урду ва форсӣ аз калимаи pak, ки дар порсӣ ва пашту маънои "тоза" дорад. Суфикси ستان (-stān) калимаи форсӣ буда маънояш ҷойгиршавӣ аст ва шабоҳати синоними калима санскритии (स्थान sthāna) аст. Номгузорри ин кишвар соли 1933 аз ҷониби Раҳмат Алӣ, фаъоли ҳаракати истиқлолхоҳӣ ки дар китоби худ " Ҳозир ё Ҳеч гоҳ " ин номгузриро сабт кардааст ба вуҷуд омадааст ва дар он ҳамчун калимаи бидуни ҳарфи "ва" истифода кардааст. ("сӣ миллион бародарони мусулмон дар Покистон зиндагӣ мекунанд"), ва аз номгузории панҷ минтақаи шимолии Ҳиндустони Бритониё: Панҷоб, Афғонистон, Кашмир, Синд ва Балуҷистон бармеояд. Баъдтар ҳарфи «i» - "ва" барои мусоидат ба талаффузи он дохил карда шуд.
Таърих
вироишДавраи мустамлика
вироишДар асри XIX қаламрави Покистони муосир аз ҷониби артиши Бритониё забт карда шуд ва ба Ҳиндустони Бритониё ҳамроҳ карда шуд.
Яке аз асосгузорони давлат шоир Муҳаммад Иқбол, роҳбари Лигаи мусалмонон, яке аз пешвоёни созмони майлҳои ҷудоихоҳ буд. Маҳз Иқбол дар соли 1930 як давлати мустақили мусалмониро пешниҳод кард, ки он Панҷоб, Синд, Вилояти Сарҳади Шимолу Ғарбӣ (NWFP) ва Балуҷистонро мебоист дар бар мегирифт. Номи кишварро дар авоили соли 1933 як донишҷӯи мусулмон, Чаудхури Раҳмат Алӣ, ки дар Донишгоҳи Кембриҷ таҳсил менамуд, пешниҳод кардааст. Покистон аслан маънои "замини пок" -ро дорад, он калимаи мухтасар аз ҳарфҳои : "П" аз Панҷоб аст, "А" аз афғонҳо (яъне паштунҳои назди сарҳадӣ - NWFP), "К" аз Кашмир, "C" аз Синд ва "тан" - аз Балуҷистон бармеояд. 24 марти 1940 дар Лоҳур қарордоди таърихӣ қабул шуд. "Қатъномаи Лоҳур", принсипҳои ҷомеаи мусулмононро дар кишвари (давлат) мустаъқил эълон кард.
Давраи муосир
вироишДар соли 1947, ҳангоми тақсимоти Ҳиндустони Бритониё, бо талошҳои Лигаи Мусалмонон, давлати Покистон ташкил ёфт, ки ба он минтақаҳои шимолу шарқӣ ва шимолу ғарбии Ҳиндустон, асосан аҳолии мусулмон дохил мешуданд. Аввалин генерал-губернатори Покистон ҳамчун як воҳиди алоҳидаи маъмурӣ Ҷинна, ва нахуствазири кишвар - Лиакат Алӣхон буданд. Соли 1958 аввалин табаддулоти ҳарбӣ дар кишвар сурат гирифт, ба сари қудрат генерал Муҳаммад Айюбхон омад.
Дар солҳои 1965 ва 1971, Покистон бо Ҳиндустон ҷангидааст. Соли 1971 Покистони Шарқӣ ба давлати мустақили Бангладеш табдил ёфт. Соли 1977 табаддулоти ҳарбӣ сурат гирифт. Дар ин давра, Покистон Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро тарафдорӣ кард ва муҷоҳидонро, ки дар ҷанги зидди ҳукумати Афғонистон дар ҳамсоягӣ мубориза мебурданд, дастгирӣ кард. Кароргоҳҳои омӯзишии муҷоҳидон дар Покистон ҷойгир буданд. Пас аз куштори президент Зиё-ул-Ҳақ (ҳангоми суқути ҳавопаймо 17 августи соли 1988) раиси Сенат Ғулом Исҳоқхон ба қудрат омад. Президенти амалкунанда Ғулом Исҳоқхон интихоботи нави парлумониро даъват кард, ки дар он Ҳизби мардумии Покистон аксарияти бештар ба даст овард. Беназир Бҳутто сарвазири кишвар шуд. Ҳукумати нав ҳуқуқу озодиҳои демократиро баргардонд ва вазъияти фавқулоддаро лағв кард. Бо вуҷуди ин, вазъияти кишвар бадтар шуданро идома медод, акнун дар Синд низоъҳои мусаллаҳона авҷ гирифтанд. Моҳи августи 1990 ҳукумати Бҳутто аз ҳукуматдорӣ хориҷ карда шуд. Пас аз интихобот Наваз Шариф сарвазири нав интихоб шуд.
Дар солҳои 90-ум, барномаи ҳастаии Покистон таҳти роҳбарии Абдул Кадирхан таҳия шуда, боиси ҷорӣ шудани таҳримҳои ИМА алайҳи Покистон гардид. Соли 1999, табаддулоти низомӣ ба вуқӯъ пайваст, генерал Парвиз Мушарраф ба қудрат омад. Аз ибтидои солҳои 2000-ум, минтақаи шимолу ғарбии Покистон, Вазиристон пойгоҳи Толибон буд. Соли 2004 Толибон қудрати аслиро дар минтақа ба даст оварданд. Пас аз 11 сентябри 2001, Покистон расман дастгирии режими Толибонро қатъ кард ва дахолати ИМА алайҳи Толибонро дастгирӣ намуд.
18 феврали соли 2008 дар Покистон интихоботи умумхалқӣ баргузор шуд, бинобар сабаби куштори Беназир Бҳутто аз 8 январи соли 2008 ба таъхир афтод. Дар интихобот, Ҳизби Халқии Покистон аксарияти овозҳоро гирифт ва бо Лигаи Мусалмонони Покистон иттифоқе сохт. 18 августи соли 2008 Парвиз Мушарраф аз мансаби президенти Покистонро истеъфо дод. Дар ҷараёни интихоботи президентӣ, ки пас аз он баргузор шуд, Осиф Алӣ Зардорӣ, номзади Ҳизби Халқии Покистон пирӯз шуд ва президенти Покистон гардид.
Сохтори давлатӣ
вироишПокистон як кишвари федералии сохтораш омехта буда, аз 4 иёлат (Панҷоб, Синд, Хайбер-Пухтунхво (Вилояти сарҳади шимолу ғарбӣ) ва Балуҷистон ) иборат аст. Ба ғайр аз иёлатҳо, Покистон инчунин Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо ва минтақаҳои Гилгит-Балтистон ва Озод-Кашмирро дар бар мегирад (охирин онро де-юре, ки Покистон ҳамчун давлати мустақил эътироф кардааст, аммо дар асл як қисми он аст, ва аз ҷониби Ҳиндустон эътироф нагардидааст). Қонуни асосии давлат конститутсия мебошад, ки соли 1972 қабул карда шудааст. Сарқонуни соли 1972 дар соли 1977 бекор карда шуда, ва соли 1985 барқарор карда шуд ва ҳоло бо ворид кардани тағйиру иловаҳо эътибор дорад. Муассисаҳои асосии давлатдории Покистон дар солҳои аввали рушди мустақили кишвар ташаккул ёфтанд.
Аввалин Конститутсияи Покистон 23 марти соли 1956 қабул карда шудааст. Сарқонун пешбини намудааст, ки мусулмон бояд президенти кишвар бошад. Ин модда инчунин дар конститутсияи соли 1962, ки зери ҳукмронии Айюбхон амал мекард, нигоҳ дошта шуд. Соли 1972 Сарқонуни нав қабул карда шуд, ки он то соли 1977, то табаддулоти низомӣ таҳти роҳбарии генерал Зия-ул-Ҳақ амал мекард, ба гуфтаи Зия-ул-Ҳақ, Ислом дини давлатии кишвар аст, бинобар ин амали Конститутсияи Покистон то соли 1985 боздошта шуд.
Ҳокимияти иҷроия
вироишСарвари давлат президент, айни замон Ариф Алви мебошад. Президентро парлумони федералӣ ба муҳлати 5 сол интихоб мекунад. Ҳукумат, аз ҷониби Президент, бо пешниҳоди Сарвазир таъйин карда мешавад, одатан аз ҷумлаи намояндагони ҳизб ё эътилофи дар Маҷлиси миллӣ аксариятдошта мебошанд. Сарвазир бояд мусалмон бошад, ва аз ҷониби Президент аз ҳисоби аъзои Маҷлиси миллӣ таъйин карда мешавад. Сарвазир бояд аз эътимоди аксарияти вакилони худ бархурдор бошад. Бо маслиҳати ӯ, президент вазиронро таъйин мекунад. Ҳукумат қонунҳоро таҳия мекунад ва ба парлумон пешниҳод менамояд.
Ҳокимияти қонунгузорӣ
вироишПалатаи болоӣ - Сенат аз 100 нафар аъзо иборат аст, ки онҳоро вакилони палатаи поёнии парлумони федералӣ ва маҷлисҳои қонунгузории иёлатҳо ба таври мажоритарӣ интихоб мекунанд. Мӯҳлати ваколати Сенат 6 сол аст. Аз се як ҳиссаи Сенат ҳар 2 сол нав карда мешавад. Раиси Сенат Раза Раббонӣ мебошад.
Маҷлиси миллӣ аз 342 вакил иборат аст, ки 272 нафари онҳо аз ҷониби аҳолӣ тавассути овоздиҳии пинҳонии мустақим тибқи системаи таносуби намояндагӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешаванд. 60 ҷой барои занон ва 10 ҷой барои аъзои ақаллиятҳои динӣ ҷудо карда шудаанд. Раиси Маҷлиси Миллӣ Сардор Содиқ мебошад.
Ҳокимияти судӣ
вироишШохаи қонунии ҳукумат аз ҷониби Суди Олӣ (аъзои он аз ҷониби президент таъйин карда мешавад) ва суди федеролии шариати исломӣ намояндагӣ мекунанд. Иёлатҳо Судҳои олии худро доранд, Президент ва аъзои онҳоро таъйин мекунад. Судҳои поёнӣ (аз маҳал то минтақа) ба ҷиноӣ ва шаҳрвандӣ тақсим шудаанд ва аз ҷониби ҳокимони иёлатҳо таъйин карда мешаванд.
Мақомотҳои иёлат
вироишИёлатҳоро сарвазирон идора мекунанд. Мақомотҳои Қонунгузории иёлатҳо - маҷлисҳои иёлатҳо мебошанд, ки аз ҷониби мардум интихоб карда мешаванд. Ҳокимияти иҷроия аз ҷониби ҳокимоне, ки президент таъйин кардааст ва ҳукуматҳои иёлатҳо, аз ҷониби маҷлисҳои иёлатҳо тасдиқ карда мешаванд.
Бахшбадии кишварӣ
вироишАз 31 майи соли 2018 Покистон ба 4 иёлат, 1 ноҳияи федеролии пойтахт ва 2 қаламрави Кашмир, ки ба таври маъмурӣ тобеи Покистон мебошанд, тақсим карда шудааст [1].
Сохтори тақсимбандии маъмурӣ то 31 майи соли 2018
вироиш№ | Минтақа, иёлатҳо ва қаламравҳо | Маркази маъмурӣ | Мақоми маъмурӣ | Масоҳат км² |
Аҳолӣ нафар (1998) |
Аҳолӣ аҳолӣ (2011) |
Аҳолӣ нафар (2017) |
Зичии аҳолӣ
наф/км² | ||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
1 | Балуҷистон | Кветта | Иёлат | 347 190 | 6 565 885 | 13 162 222 | 12 344 408 | 35.56 | ||
2 | Хайбер-Пухтунхво | Пешовар | Иёлат | 74 521 | 17 743 645 | 26 896 829 | 30 523 371 | 409.59 | ||
3 | Панҷоб | Лаҳор | Иёлат | 205 344 | 73 621 290 | 91 379 615 | 110 012 442 | 535.75 | ||
4 | Синд | Карачи | Иёлат | 140 914 | 30,439,893 | 55,245,497 | 47 886 051 | 339.82 | ||
5 | Ноҳияи федеролии пойтахт | Исломобод | Қаламрави федеролӣ | 907 | 805,235 | 1,151,868 | 2 006 572 | 2,212.32 | ||
6 | Минтақаҳои қабилавии дар сатҳи федералӣ назоратшаванда | Пешовар | Қаламрави федеролӣ | 27,219 | 3 176 331 | 4 452 913 | 5 001 676 | 163.60 | ||
7 | Озод-Кашмир | Музаффаробод | Минтақаи Покистон | 11 639 | - | 3 631 224 | - | 311.99 | ||
8 | Гилгит-Балтистон | Гилгит | Минтақаи Покистон | 72 520 | - | 1 155 755 | - | 15.94 | ||
Ҳамагӣ | 880 254 1) | 132 352 279 | 197 075 923 | 207 774 520 | 223.89 | |||||
1) Ба масоҳати умумӣ қисматҳои иёлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон, ки ҳоло Покистон (қаламрави баҳсноки Ҳиндустон бо Покистон аст) таҳти назорат доранд, дохил мешаванд. |
Иёлатҳо ба 131 ҳавзаҳои маъмурӣ (урду: ضلع Zila) тақсим карда шудаанд. Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо ба 7 маъмуриятҳои қабилавӣ ва 6 минтақаҳои наздисарҳадӣ тақсим карда шудаанд.
31 майи соли 2018 Минтақаҳои идоракунии федеролии қабилаҳо ба иёлати Хайбер-Пухтунхво дохил карда шудааст.
№ | Минтақа, иёлатҳо ва қаламравҳо | Маркази маъмурӣ | Мақоми маъмурӣ | Масоҳат км² |
Аҳолӣ нафар (1998) |
Аҳолӣ нафар (2011) |
Аҳолӣ нафар (2017) |
Зичии аҳолӣ нафар/км² | ||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
1 | Балуҷистон | Кветта | Иёлат | 347 190 | 6 565 885 | 13 162 222 | 12 344 408 | 35.56 | ||
2 | Хайбер-Пухтунхво | Пешовар | Иёлат | 101 740 | 20 919 976 | 31 349 742 | 35 525 047 | 573.19 | ||
3 | Панҷоб | Лаҳор | Иёлат | 205 344 | 73 621 290 | 91 379 615 | 110 012 442 | 535.75 | ||
4 | Синд | Қарочи | Иёлат | 140 914 | 30,439,893 | 55,245,497 | 47 886 051 | 339.82 | ||
5 | Ноҳияи федеролии пойтахт | Исломобод | Қаламрави федералӣ | 907 | 805,235 | 1,151,868 | 2 006 572 | 2,212.32 | ||
6 | Озод-Кашмир | Музаффаробод | Минтақаи Покистон | 11 639 | - | 3 631 224 | - | 311.99 | ||
7 | Гилгит-Балтистон | Гилгит | Минтақаи Покистон | 72 520 | - | 1,155,755 | - | 15.94 | ||
Ҳамагӣ | 880 254 1) | 132 352 279 | 197 075 923 | 207 774 520 | 223.89 | |||||
1) Ба масоҳати умумӣ қисматҳои давлати Ҷамму ва Кашмири Ҳиндустон, ки ҳоло Покистон (қаламрави баҳсноки Ҳиндустон бо Покистон) таҳти назорат доранд, дохил мешаванд. |
Ийлатҳо ба ҳавзаҳо тақсим карда мешаванд (урду: ضلع Zila ). Ҳавзаҳои маъмурӣ, дар навбати худ, ба ноҳияҳо тақсим мешаванд ( урду: تحصیلtehsil). Покистон дорои беш аз панҷ ҳазор ҳукуматҳои маҳаллӣ мебошад. Аз соли 2001 инҷониб онҳоро шӯроҳои маҳаллии ба таври демократӣ интихобгардида роҳбарӣ мекунанд, ки ҳар яки онҳоро Нозим (урду: ناظم сарварӣ мекунад (ба маънои "сарвар" дар заб. урду, аммо баъзан ҳамчунин мир тарҷума мешавад). Занон ҳадди аққал 33% ҷойҳоро дар ин шӯроҳо ишғол мекунанд; ҳадди ниҳоии шумораи занон дар ин шӯроҳо вуҷуд надорад. Баъзе ҳавзаҳо, аз ҷумла шаҳрҳои калон, ҳавзаҳои шаҳрӣ номида мешаванд.
Маориф
вироишТанҳо 63% кӯдакони Покистон мактаби ибтидоиро хатм кардаанд. Ғайр аз ин, танҳо 68% писарбачаҳои Покистон ва 72% духтарон ба синфи 5. Таҳсилоти томактабӣ барои кӯдакони 3-5-сола пешбинӣ шудааст ва аз се марҳила иборат аст: гурӯҳҳои бозӣ, боғчаҳо ва кӯдакистонҳо. Пас аз таълими томактабӣ, талабагон ба мактаби ибтидоӣ мераванд. Таълими ҷудогонаи духтарон ва писарон дар мактабҳои миёна татбиқ карда мешавад, аммо мактабҳои таҳсилоти муштарак низ дар шаҳрҳои калон вуҷуд доранд. Ҳашт фанҳои асосӣ урду, англисӣ, математика, санъати тасвирӣ, илм, илмҳои иҷтимоӣ, исломшиносӣ ва информатика мебошанд. Барномаҳои бархе аз мактабҳо инчунин забонҳои кишварҳои ҳамсояи Покистон, аз ҷумла, арабӣ, чинӣ ва фаронсавиро дарбар мегиранд.
Шаҳрҳои калонтарин:
Ҷашнҳо
вироиш- 23 март- Рӯзи Покистон, дар ҳамин рӯз соли 1940 Қатъномаи Лаҳор қабул шудааст;
- 25 декабр- Рӯзи Ҷинна, асосгузори Покистон;
- 14 август- Рӯзи истиқлол;
- 21 апрел- Рӯзи Иқбол (Ikbal);
- (25 май) — Рӯзи таваллуди паёмбар Муҳаммад;
- Ид уль-азха (23-24 март ) — ҷашни ҳаҷи зиёрати Макка.<ref>Ҷашнҳои Покистон Бойгонӣ шудааст 6 марти 2010 сол.
Пайвандҳо
вироиш- Официальный сайт Президента Пакистана Бойгонӣ шудааст 5 июли 2008 сол.
- Официальный информационный сайт Пакистана(пайванди дастнорас — таърих). Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 июли 2005.
- Пакистан.ру
- Информация о Пакистане в Книге Фактов ЦРУ Бойгонӣ шудааст 22 май 2020 сол.
- Данные Всемирного банка о Пакистане(пайванди дастнорас)
- Open Directory Project — Пакистан Бойгонӣ шудааст 18 октябри 2019 сол.
- brain.net История Пакистана Бойгонӣ шудааст 5 феврали 2006 сол.
- Страница Пакистана в CIA — The World Factbook Бойгонӣ шудааст 22 май 2020 сол.
- Дикая природа Пакистана Бойгонӣ шудааст 13 ноябри 2016 сол.
- Прогноз: Пакистан в структурно-демографическом кризисе
Эзоҳ
вироиш- ↑ Конституция Пакистана. Министерство иностранных дел, Правительство Пакистана. 5 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 феврали 2012.