Гастрит
Гастри́т (лот. gastritis, аз юн.-қад. γαστήρ [gaster] «меъда» + пасванди -itis «илтиҳоб») — илтиҳоби луобпардаи меъда.
Гастрит | |
---|---|
Ихтисос | Пизишкии гувориш |
МКБ-10 | K29.0—K29.7 |
---|---|
МКБ-9 | 535.0—535.5 |
DiseasesDB | 29503 |
MedlinePlus | 001150 |
eMedicine | / |
MeSH | D005756 |
Анвоъ
вироишГастрит шадид ва музмин мешавад.
Гастрити шадид
вироишГастрити шадид илтиҳоби вазнини луобпарда буда, зери таъсири маводди кимиёӣ (кислотаҳо, ишқорҳо ва ғайра), истифодаи тӯлониву бетартиби баъзе доруҳо (аспирин, волтарен ва ғайра), истеъмоли ғизоҳои заҳролуд ё дорои микробҳо (мас., ангезандаҳои исҳоли хунин, домана, ботулизм ва ғайра), нӯшокиҳои ҷӯш, хӯрокҳои тунду тез ва машруботи спиртии қавӣ, инчунин бемориҳои гурда (мас., гломерулонефрит), ҷигар (мас., сирроз) ва ғ. сар мезанад. Гастрити шадид хелҳои гуногун дорад, мас., назлавӣ (аз истеъмоли ғизои заҳролуд падид меояд), фибринозӣ (сабаби он заҳролудӣ аз кислотаҳо ё таъсири ангезандаи бемории гулӯзиндонак аст), коррозиявӣ (дар натиҷаи заҳролудӣ аз ишқорҳо ё металлҳои вазнин ҳодис мешавад) ва флегмонозӣ (муҷиби он оризаҳои захми меъда мебошанд). Гастрити шадид баъди 2–3 соати истеъмоли маводди заҳролуд пайдо шуда, бо дилбеҳузурӣ, оруғзанӣ, парто-парто, дард дар зери қабурға, бемадорӣ, сардард ва табу тасф зоҳир мегардад. Ёрии таъҷилӣ барои чунин беморон аз нӯшидани оби ширгарм ва қай кардани он иборат аст. Бемор бояд фавран ба духтур муроҷиат намояд. Чунин беморон ҳатман бистарӣ карда мешаванд. Гастрити шадидро аз аппендитсит, илтиҳоби шадиди санги талхадон ва илтиҳоби шадиди ғадуди зери меъда, ки аломатҳои ба ҳам монанд доранд, фарқ кардан лозим аст.
Гастрити музмин
вироишГастрити музмин илтиҳоби бардавому батакрори луобпардаи меъда мебошад. Он ба сохтор ва фаъолияти меъда таъсири ногувор мерасонад. Олимон муқаррар кандаанд, ки дар 90 дарсади ҳолатҳо сабаби пайдоиши гастрити музмин бактерияи ҳалқашакли Helicobacter pylori аст. Дар ин бобат таъсири номатлуби дигар бактерияву занбӯруғҳо низ кам нест. Гастрити музмин ҳамчунин аз вайрон кардани реҷаи истеъмоли ғизо, майзадагӣ, кашидани сигору нос, суиистифодаи баъзе доруҳо, стресс, рефлюкси дувоздаҳаву меъда (ба меъда гузаштани муҳтавои рӯдаи дувоздаҳангушта), ихтилоли масуният, норасоии оксиген (ҳипоксия) ва халалдор шудани мубодилаи моддаҳо ба амал меояд. Гастрити музмин се тарзи болинӣ (клиникӣ) – А, В, ва С дорад. Гастрити А (аутоиммунӣ) дар қаъри меъда ҳодис мешавад. Сабаби он таъсири подтанҳо ба ҳуҷайраҳои туршиофар аст. Чунин тарзи гастрит, маъмулан, бо падидаҳои камхунӣ рух менамояд. Гастрити В (бактериявӣ) бештар дар даромадгоҳи меъда пайдо шуда, дар 90 дарсади ҳолатҳо ба сирояти H. pylori вобаста аст. Сабаби сар задани гастрити С (кимиёӣ) асосан ҷараёни бозпаси талха аз рӯдаи дувоздаҳангушта ба меъда мебошад. Гастрити музмин бо аломатҳои диспепсия – гаронӣ ва пурии сари дил (хусусан вақти истеъмоли ғизо бештар мегардад), оруғзанӣ, дилбеҳузурӣ, парто-парто ва баъзан зардаҷӯшӣ падид меояд. Бемор беҳолу бесаранҷом шуда, сари дил дард мекунад, набз халал меёбад. Гастрити музмин бо усули эндоскопия (даруннигорӣ) ва бофтабардорӣ (гирифтани порчаи луобпардаи меъда) ташхис карда мешавад. Мурод аз гирифтани порчаи луобпардаи меъда таҳқиқи ҳистологӣ ва муқаррар намудани H. pylori аст. Ҷиҳати муайян кардани туршии шираи меъда усули Ph-метрия ва барои ошкор сохтани ҳаракати девораҳои он усули электрогастрография истифода мегардад. Гастрити музмин баста ба таҳқиқи эндоскопӣ ва сохтори луобпардаи меъда ба чаҳор намуд – болоӣ, ғайриатрофиявӣ, атрофиявӣ ва хосса (лимфотситӣ, гранулематозӣ, эозинофилӣ ва ғайра) ҷудо карда мешавад. Асоси табобати гастрити музмин парҳез ва риояи реҷаи хӯрду хӯрок (дар як шаборӯз 5–6 маротиба) аст.
Муолиҷа
вироишБо мақсади муолиҷаи гастрит дар баробари доруҳои туршифарор (мас., блокаторҳои Н2-ретсепторҳои гистамин) ҳамчунин аз доруҳои маҳвсозандаи H. pylori истифода карда мешаванд. Нӯшидани обҳои минералии Шомбарӣ, Ҳавотаг, Боржоми ва Ессентуки низ муфид аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ивашкин В. Т., Шептулин А. А. Диагностика и лечение функциональной диспепсии. Методическая рекомендация для врачей. М., 2011;
- Мансуров Х. Х, Мироджов гастрит К. Инвазия H. pylori и гастродуоденальная паталогия. Д., 2011;
- Мироҷов Ғ. Қ. Дастури клиникӣ оид ба ташхис ва табобати бемориҳои узвҳои ҳозима (ҳаммуаллиф). Д., 2014.
Сарчашма
вироиш- Гастрит / Ғ. Мироҷов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.