Гастроптоз (аз гастро… ва юн. ptosis — афтидан) — фуромадани меъда.

Гастроптоз
ИхтисосПизишкии гувориш Edit this on Wikidata
Гастроптоз
МКБ-10 K31.8
МКБ-9 537.5
eMedicine / 

Гастроптоз буниявӣ ва иктисобӣ (ғайримодарзодӣ) мешавад. Гастроптози буниявӣ асосан дар одами лоғару заиф вомехӯрад. Сабаби гастроптози иктисобӣ суст гаштани мушакҳои девораи пеши шикам аст. Дар ин ҳолат онҳо меъдаро устувор нигоҳ дошта наметавонанд. Дар натиҷа вазни меъда комилан ба дастгоҳи пайванд меафтад. Пайҳо тадриҷан васеъ мешаванд ва ҳамин тавр, гастроптоз падид меояд. Гастроптоз мумкин аст бар асари якбора лоғар шудани одам, дар як ҷо бисёр нишастану бисёр таваллуд кардан низ пайдо шавад. гастроптоз дар аксар ҳолатҳо бидуни ҳеч як нишонаи хос пайдо мешавад. Гоҳе бемор аз дарди дил, гурда ва миён шикоят мекунад. Ҳисси вазнинӣ дар сари дил, оруғ, дамиши шикам, дилбеҳузурӣ низ аз аломати Гастроптоз мебошанд. Гастроптозро бо роҳи рентгеноскопӣ ташхис мекунанд. Ба гастроптоз бештар занҳо (баъди 30-солагӣ) гирифтор мешаванд. Барои пешгирӣ ва муолиҷаи гастроптоз машқҳои ҷисмонии махсус, ки мушакҳои шикамро қавӣ мегардонанд, ҳамчунин обшифоӣ муфид аст. Одамони лоғару бетавон бояд хӯроки серғизо истеъмол намоянд, ба истироҳатгоҳу санаторияҳо раванд. Дар давраи ҳомилагӣ ва баъди таваллуд риояи қоидаҳои беҳдошт муҳим аст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Рохлов В. С., Сивоглазов В. И. Практикум по анатомии и физиологии человека. М., 1999;
  • Азимов А. Популярная анатомия. М., 2004.

Сарчашма вироиш