Гачак
Гачак — деҳа дар ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Ҳисор. Аз Гачак то маркази ҷамоат 6 км, то маркази ноҳия 6 км; роҳ асфалтпӯш. Аҳолиаш — 5184 нафар (2022[1]; 4470 нафар — 2017), тоҷикон.
Деҳа | |
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Вилоят | НТҶ |
Ноҳия | Ҳисор |
Ҷамоат | Деҳоти Деҳқонобод |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 4470 тан (2017) |
Миллият | тоҷикон |
Эътиқодот | мусулмонони ҳанафимазҳаб |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Пешшумораи телефон | +992 3139 |
Нишонаи почта | 735020 |
Иқтисод
вироишМактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, бунгоҳи тиббӣ, маркази савдо, 3 нуқтаи савдои хусусӣ, 2 мас-ҷиди панҷвақта, осиёби хусусӣ, корхонаи коркарди сангу рег (шағалбарорӣ), корхонаи «Карбит» дорад. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: пахтакорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва сабзавоткорӣ. Заминҳо аз дарёи Хонақоҳ обёрӣ мешаванд. Дар ҳудуди деҳа хоҷагии ҷамъиятии ба номи Латиф Муродов мавҷуд аст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод – hisor.tj (tj). 15 октябри 2023 санҷида шуд.
Сарчашма
вироиш- Гачак // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2