Деҳоти Деҳқонобод

Ҷамоати Деҳқонобод — ҷамоатест дар ноҳияи Ҳисори Тоҷикистон, ки тобеи марказ мебошад.

Маҳалли аҳолинишин
Деҳоти Деҳқонобод
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Вилоят

Вилояти

Ноҳия

Ноҳияи

Координатаҳо

40°43′49″ а. шим. 70°09′25″ т. ш.HGЯO

Забони расмӣ

тоҷикӣ

Вақти минтақавӣ

UTC+5

Коди телефон

+992

Нишон додан/Пинҳон кардани харита
[[Акс:|310px|Деҳоти Деҳқонобод дар харитаи]]
Деҳоти Деҳқонобод
Деҳоти Деҳқонобод

Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод — соли 1965 бо Фармони Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоыикистон аз ҳисоби ҳудуди маъмурии ҷамоатҳои Ҳисор, Хонақоҳ ва Қарамқул ташкил дода шудааст. То соли 1986 ба ҳудуди Ҷамоати Деҳқнобод 16 деҳа шомил буд. Соли 1986 баҳри васеъ кардани ҳудуди маъмурии посёлкаи т. ш.Ҳисор деҳаҳои Белайдуз, Правда Востока, Пахтаобод ба ҳудуди ш. Ҳисор, деҳаи Гулмайдон ба ҳудуди маъмурии деҳоти Ҳисор ҳамроҳ карда шуданд. Дар айни замон ба ҳудуди маъмурии Ҷамоат деҳаҳои зерин дохил мешаванд: Аминиён (Бесимас), Бағалак, Гачак, Деҳқонобод, Лангар, Латтабанд, Муъминобод (Қулмунда), Содиқӣ, Хоҷамӯсо, Чилчинор (Булоқчинор), Шодмон (Роҳи Ленин). Ҷамоат 2880 хоҷагӣ ва 20533 нафар аҳолӣ дорад. Дар ҳудуди Ҷамоат 1 хоҷагии ҷамоавии Кооперативи истеҳсолии Латиф Муродов фаъолият дорад, ки ба тухмипарварӣ ва зотпарварӣ машғул мебошад, дар фермаи чорводорияш шир ва гӯшт истеҳсол мекунад. Хоҷагӣ с. 1951 аз ҳисоби муттаҳид кардани хоҷагиҳои хурд ташкил ёфт, ки номи Сталинро дошт, с. 1965 номи «Съезди XXII партия»-ро гирифт. Хоҷагӣ дорои 1127 га замини корами обӣ ва 481 га замини лалмӣ мебошад.[1]

Деҳаҳои ҷамоатВироиш

Деҳаҳои ҷамоат
Деҳа Аҳолӣ (с. 2015)
Деҳқонобод
Бағалак
Гачак
Аминиён
Лангар
Латтабанд
Муъминобод
Содиқӣ
Хоҷамӯсо
Чилчинор
Шодмон

АдабиётВироиш

  • Ф.Азиз, С.Одина.Ҳисори Шодмон: аз бостон то ин замон. — Душанбе,2013;
  • Ш.Неъматова,М.Асроров, Маҳфузгарони таърих. — Душанбе,2010;
  • С.Одина. Зилзилаи Ҳисор. — Душанбе, 2009.

ПайнавиштҳоВироиш

  1. Донишномаи Ҳисор. — Душанбе: «Ирфон», 2015, — с. 555—556