Гаштак, гап, гапхӯрӣ - як намуди ҷамъомади зиёфатдории ҷавонон ва мардони ҳамсиннусол, ки аз қадим дар байни тоҷикон, аз ҷумла дар водии Ҳисор маъмул аст. Аъзои Гаштак аз 20 то 50 ва аз ин ҳам зиёд мешаванд. Гаштак асосан тирамоҳ, баъди анҷоми корҳои саҳро сар шуда, бо оғози киштукор қатъ мегардад. Гаштак ҳафтае як ё ду бор дар вақти муайян дар чойхона ва ё хонае мегузарад. Тартиби навбатдорӣ, муҳлат ва харҷи онро аъзои Гаштак қаблан муқаррар мекунанд. Гаштак дар аксари ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон, бахусус, дар деҳоти ноҳияи Ҳисор ба таври зайл мегузашт: Ҳоло дар байни тоҷикон баробари Гаштак ҳарифона низ маълум аст. Дар давоми зиёфат байтгӯйӣ, шеърхонӣ, латифагӯйӣ, суруду аския ва мусиқӣ, достону афсонахонӣ мешавад.[1]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 196