Гвианаи Биритониё (англ. British Guiana, ҳамчунин Гайана Guyana) — собиқ мустамликаи Британиёи Кабир дар шимолу шарқии Амрикои Ҷанубӣ.

Гвианаи Биритониё
1814 — 1966


Дирафш Нишон
Гимн[d]
Пойтахт Ҷорҷтаун
Забон(ҳо) инглисӣ
Воҳиди пул British West Indies dollar[d], Доллари Гияна ва Eastern Caribbean dollar[d]
Шакли ҳукмронӣ колония[d]

Таърих

вироиш

Дар ибтидои садаи XVII се мустамлика – Эссекибо, Демерара ва Бербике дар тобеияти Ҳолландия буданд. Соли 1796 сипоҳиёни Англия ин се мустамликаро забт намуданд. Соли 1802 онҳо ба Ҷумҳурии Батава (Ҳолландия) баргардонда шуданд, вале баъд аз як сол сипоҳиёни Британия онҳоро дубора забт намуда, соли 1831 дар як мустамликаи Гвианаи Биритониё муттаҳид карданд. Пойтахташ Ҷорҷтаун буд. Аз соли 1966 давлати мустақили Гайана.

Сарчашма

вироиш