Гайа́на (англ. Guyana [ɡaɪˈænə]) бо номи расмии Ҷумҳурии Таъовунии Гайана (англ. Co-operative Republic of Guyana)[5]), то соли 1966 Гвианаи Бритониёӣ — давлат дар қисми шимолу шарқии Амрикои Ҷанубӣ, дар соҳили уқёнуси Атлантик. Дар шарқ бо Суринам, дар ҷанубу ғарб ва ҷануб бо Горазимея, дар ғарб ва шимолу ғарб бо Венесуэла ҳамсарҳад буда, дар шимол онро уқёнуси Атлантик иҳота кардааст. Тӯли хатти соҳилиаш 459 км. Масоҳаташ 215 ҳазор км². Аҳолиаш 800,2 ҳазор нафар (2014). Пойтахташ — шаҳри Ҷорҷтаун. Идҳои миллӣ: Рӯзи истиқлол — 26 май (аз соли 1966), Рӯзи Ҷумҳурӣ— 23 феврал (аз соли 1970). Пули миллӣ — Доллари Гайана.

Ҷумҳурии Таъовунии Гайана
англ. Co-operative Republic of Guyana
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Шиор: «One People, One Nation, One Destiny»
«Як мардум, як миллат, як сарнавишт»
Суруди миллӣ: [[Суруди миллии Гайана|«Dear Land of Guyana, of Rivers and Plains
»]]
Забонҳои расмӣ инглисӣ
Пойтахт Ҷорҷтаун
Шаҳрҳои калонтарин Ҷорҷтаун
Шакли ҳукумат низоми нимариёсатӣ[1]
Президент Дэвид Грейнҷер
Нахуствазир Мозес Нағамуту
Масоҳат 85-ум дар ҷаҳон
 · Ҳамагӣ 214 970 км²
 · % сатҳи об 3,2
Аҳолӣ
 · Баҳо () 773 303[2] нафар (160-ум)
 · Барӯйхатгирӣ 2017 нафар
 · Зичӣ 3,49 наф./км²
ММД (БҚХ)
 · Ҳамагӣ (2008) 3,082 млрд[3] долл. (159-ум)
 · ба сари аҳолӣ 4029[3] долл.
ШРИ (2019) 0,670[4] (миёна123-ум ҷой)
Воҳиди пул Доллари Гайана (GYD, рамз 328)
Интернет-домен .gy
Рамзи ISO GY
Рамзи КБО GUY
Пешшумораи телефон +592
Минтақаи замонӣ UTC−4:00

Сохти давлатӣ

вироиш
 
Бинои порлумони Гайана аз соли 1834

Мувофиқи Конститутсияи соли 1980 ва тағйироти соли 1996 ба он воридшуда, Гайана ҷумҳурии президентӣ-парламентӣ дар ҳайати Иттиҳоди Британия мебошад. Сардори давлат ва ҳукумат — президент, ки дар интихоботи умумӣ ҳамчун пешвои ҳизби дар интихобот бештари овозҳоро соҳибшуда ба муҳлати 5 сол интихоб мешавад. Сарвазир ва аъзои Кабинети Вазиронро Президент аз ҳисоби вакилони парламенти Ассамблеяи Миллӣ таъйин мекунад. Сардори ҳокимияти судӣ — канслер, ки аз ҷониби Президент таъйин карда мешавад. Мақоми олии судӣ — Суди Олӣ. Раиси Суди Олӣ ва ҷонишинони ӯро Президент таъйин мекунад. Гайана узви СММ, Созмони умумиҷаҳонии савдо, Ҳаракати ҳамроҳнашавӣ, «Гурӯҳи 77», Созмони давлатҳои Амрико, Низом (система)-и иқтисодии Амрикои Лотинӣ, Иттиҳоди миллатҳои Амрикои Ҷанубӣ, Аҳдномаи Амазонка, Ассотсиатсияи (иттиҳодияи) давлатии Кариб мебошад.

Табиат

вироиш

Қад-қади соҳили Атлантикии мамлакат ҳамвории аккумулятивии бараш аз 30 то 60 км тӯл мекашад, ки аз таҳшинҳои баҳрӣ ва аллювиалӣ ташаккул ёфтааст. Минтақаи берунӣ аз дохилӣ бо он фарқ мекунад, ки он аз хоктеппаҳо ва забонаҳои регии соҳилӣ иборат аст. Ба минтақаи дохилӣ оби уқёнус ҳангоми мадд ва оби дарёҳо аз тарафи қора (материк) ҷорӣ мешаванд. Қисми боқимондаи Гайана дар ҳудудҳои паҳнкӯҳи Гвиана, ки аз ҷинсҳои кристаллӣ — бештар гранитҳо ва гнейсҳои сахти бодлесида таркиб ёфтааст, ҷойгир аст. Сатҳи Гайана сертеппа буда, ҷо-ҷо аз кӯҳҳои ҷазиравӣ иборат аст. Дар ғарби мамлакат сатҳи ҷинсҳои кристаллӣ бо қабати ғафси рег пӯшида шудааст. Қуллаи баландтарини Гайана — кӯҳи Рорайма (2875 м). Ҷанубтар пастии тектоникии бузурге ҷойгир аст, ки тамоми ҳудуди Гайана ро аз ғарб ба шарқ бурида мегузарад. Дар канораи қисми ҷанубии мамлакат кӯҳҳои начандон баланди Кануку, Камоа ва Серра-Акараи қомат афрохтаанд. Аз ҷиҳати сохти геологӣ пояи паҳнкӯҳи Гайана як қисми маҳдуда (сипар)-и Гвиана мебошад. Сарватҳои зеризаминӣ: тило, ниобий, алмос, бокситҳо. Конҳои маъдани оҳан ва манган, тантал, филиззоти нодир, каолин (сафедгил), рег, латеритҳо низ мавҷуданд.

Иқлим

вироиш

Иқлимаш тропикӣ, гарму сернам. Бо вазидани бодҳои хушки шимолу шарқӣ аз ҷониби уқёнуси Атлантик нарм мешавад. Ҳарорати миёнаи солона дар Ҷорҷтаун 27°С, ҳарорати миёнаи моҳона сентябр аз 28°С, январ — феврал то 26°С тағйир меёбад. Миқдори бориши миёнаи солона дар соҳил 2200—2300 мм. Намнокии нисбӣ хеле баланд буда, пагоҳӣ ба 88 % ва рӯзона ба 75 % мерасад. Дар вилоятҳои дохилӣ ҳаво гармтар буда, ҳарорат бештар тағйир меёбад. Дар вилояти Рупунуни дар қисмати ҷанубу ғарбӣ миқдори бориши миёнаи солона 1500 мм буда, мавсими намнокӣ аз май то август давом мекунад.

Обу хок

вироиш

Гайана мамлакати дарёҳои пуроб мебошад (дар лаҳҷаи ҳиндӣ «Гайана » маънои «замини сероб»-ро дорад). Дарёҳо садду шаршараҳои бисёр (беш аз 270) доранд. Кайетури дарёи Потаро бузургтарин дар ҷаҳон шаршараи ягона (баландиаш 225 м) мебошад. Дарёҳои бузургтаринаш Эссекибо, Демерара, Бербис ва Корантейн (фақат поёнобаш киштигард аст).

Хоки Гайана бештар латеритии сурхи зардтоб аст.

Набототу ҳайвонот

вироиш
 
Гандмурғ паррандаи миллии Гайана мебошад.

Дар ҷангалҳои серрутубати ҳамешасабзи Гайана дарахтони хушнавъ (окотея ё бетарара, дарахтони сурх ва гулобӣ) бисёранд. Онҳо ҳамаи пастиҳо ва нишебиҳои серрутубати кӯҳҳоро пӯшондаанд. Даштҳо нахли мағрибӣ доранд ва бештар дар шимол ва шимолу шарқ, дар қитъаҳои баланди қад-қади соҳил ва пуштакӯҳҳои регии ҷанубу ғарб ҷойгиранд. Дар ҷангалҳо намудҳои гуногуни рустаниҳои гулдор бисёранд. Гули миллии Гайана — савсани Виктория Регия мебошад. Бузургтарин оилаи рустаниҳои гулдор саҳлаб (беш аз 25 ҳазор намуд) аст. Олами ҳайвоноти Гайана гуногун мебошад. Дар ҷангалҳо юзи ало, пума, маймунҳо, тапир, ҷайра, коҳилак, морҳо зиндагӣ доранд. Дар даштҳо оҳуҳо, ғизол, мӯрчахӯр, зиреҳпӯст сокинанд. Гайана қариб 800 намуди паранда дорад, ки аз нисф зиёди онҳо дар минтақаи ҷангалҳои тропикӣ ҳаёт ба сар мебаранд. Тазарв (рамзи миллии Гайана, дар нишони он тасвир шудааст), гавдар, гарпия, тӯтӣ, доркӯб, лаклак, колибри бисёранд. Дарёҳо аз моҳӣ (пираня, арапаима, кариба ва ғайра), баҳрҳо аз харчанг ва криветкаҳо ғаниянд.

Ноҳияҳои табиъӣ

вироиш

Гайана ро ба се ноҳияи табиӣ ҷудо мекунанд: минтақаи наздисоҳилӣ, минтақаи ҷангалҳои серрутубат ва даштҳо. Хатари табиии асосии Гайана обхезиҳои ногаҳонӣ, бахусус дар давраи боронгарӣ буда, олудашавии об аз партовҳои маишӣ, кишоварзӣ ва саноатӣ, буридани ҷангалҳо мушкилоти экологӣ мебошанд

Мардум

вироиш

Аз нисф зиёди сокинони мамлакатро авлоди муҳоҷирон аз Ҳиндустон, 36%-ро африқоиҳо, 7%-ро ҳиндуёни Амрико, 7%-ро аврупоиҳо (асосан португалиягиҳо) ташкил медиҳанд, хитойиҳо, дурагаҳо (мулатҳо) ва дигар халқиятҳо низ ҳастанд. Забони расмӣ — англисӣ, вале аксарияти аҳолӣ ба забони креолӣ ҳарф мезананд. Забонҳои ҳиндӣ ва урду паҳн шудаанд, ҳиндуёни Амрико ба лаҳҷаи худ гап мезананд. Қариб 50 дарсади Гайана гиҳо масеҳӣ (асосан пайравони калисои англиканӣ ва католикҳо), 35 % пайрави ҳиндуия, 8 % мусулмонанд, 7 % баҳоӣ мебошанд, ки дар Гайана бузургтарин дар ҷаҳон ҷамоатро ташкил мекунанд. Суръати миёнаи афзоиши солонаи аҳолӣ 0,25 дарсад, таваллуд 17,6 дарсад, фавт 7,2 дарсад, фавти навзодон ба ҳар 1000 нафар 33,3 кӯдак (2013) мебошад. Нишонаи миёнаи дарозумрӣ 65,5 сол (занҳо — 71 сол, мардҳо — 63 сол). Зичии миёнаи аҳолӣ ‒ камтар аз 4 нафар дар 1 км² (қад-қади соҳили Атлантик — зиёда аз 115 нафар дар 1 км², қариб 90 дарсади аҳолӣ дар ин ҷо сокин аст). 38,5 дарсади аҳолӣ дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунад.

Шаҳрҳои калонаш: Линден, Ню-Амстердам. Аҳолии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол — 276,1 ҳазор нафар, ки аз онҳо 36,4 % дар соҳаи саноат ва савдо, 30,2 % дар кишоварзӣ, 30,2 % дар соҳаи хидматрасонӣ, 3,2 % дар дигар соҳаҳо кор мекунанд.

Таърих

вироиш
 
Нақшаи Гайанаи Бритониёӣ дар соли 1896.

То замони мустамликадории аврупоӣ дар ҳудуди Гайана қабилаҳои ҳиндуён, аҷдоди қабилаҳои ҳозираи уаррау, уайка, гуахарибо зиндагӣ мекарданд, ки ба шикору моҳидорӣ машғул буданд. Соли 1499 баҳрнаварди испанӣ Алонсо де Охеда Гайана ро кашф кард. Нахустин деҳаи аврупоиро дар соҳили д. Померун соли 1581 ҳолландиҳо бунёд карданд. Дар охири солҳои 1590 онҳо дар ҷазираи резишгоҳи дарёи Эссекибо истеҳком (форт) сохтанд, ки минбаъд ба пойгоҳи мустамликадорӣ табдил ёфт. Соли 1621 як ширкати ҳолландии Вест-Индия барои азхудкунии қисми зиёди ҳудуди имрӯзаи Гайана ҳуқуқ пайдо кард. Англисҳо кӯшиш намуданд, ки ба ҳолландиҳо муқобилат нишон диҳанд, вале соли 1667 Ҳолландия деҳаҳои англисҳоро ғасб кард. Соли 1773 дар ин ҷо се мустамликаи ҳолландӣ — Эссекибо, Демерара ва Бербис пайдо шуд. Мустамликадорон найшакар киштанд, конҳо кушоданд ва аз мамлакатҳои африқоӣ ғуломонро оварданд. Соли 1763 нахустин шӯриши бузурги ғуломон бо роҳбарии Каффии афсонавӣ (ки қаҳрамони миллии халқи Гайана шуд) сар зад. Соли 1781 дар вақти ҷанги Амрикои Шимолӣ барои истиқлол англисҳо мустамликаҳои Ҳолландияро забт карданд. Соли 1782 фаронсавиҳо дар резишгоҳи д. Демерара қалъача сохтанд, ки дертар ба деҳаи Лоншан табдил ёфт. Соли 1783 ҳудуди мустамликаҳо ба ҳолландиҳо баргардонда шуд. Онҳо Лоншанро ба Стабрук бадал намуда, пойтахти мустамликаи Демерара карданд. Соли 1796 ҳокимони воқеӣ англисҳо шуданд, вале душмании байни Ҳолландия ва Британияи Кабир (инчунин Фаронса) то соли 1884, вақте ки конгресси Вена салтанати мустамликаҳои Эссекибо, Демерара ва Бербисро расман ба англисҳо дод, давом кард. Соли 1831 онҳо дар мустамликаи ягонаи Гвианаи Бритониёӣ муттаҳид карда шуданд. Дар ибтидо асоси иқтисодиётро заҳмати ғуломон ташкил медод. Он дар васеъ кардани киштзор (плантатсияҳо)-и найшакар, сохтмони бандҳои об, заминхушконӣ ва бунёди шабакаҳои обёрӣ васеъ истифода бурда мешуд. Соли 1834 ғуломдорӣ барҳам дода шуд. Ғуломони собиқ деҳотро тарк карда, дар шаҳрҳо сокин шуданд. Барои пур кардани норасоии қувваи корӣ дар кишоварзӣ мустамликадорон ба мамлакат коргарони португалиягӣ (1835), ҳинду (1838) ва хитойиро оварданд. Солҳои 1880 нахустин хоҷагиҳои фермерии ҳиндуён пайдо шуданд. Мустамликаро губернатор идора мекард ва дар назди вай аз соли 1891 мақоми сиёсӣ бо ширкати мансабдорон ва якчанд узв, ки раёсати (коллегияҳои) интихобкунандагон интихоб карда буданд, фаъолият дошт. Вале аҳолии шаҳрҳо, ки аз африқоиҳои Амрико ва португалиягиҳо иборат буд, ба роҳ мондани ислоҳотро талаб мекарданд. Зарурати беҳсозии вазъи молиявӣ ҳукумати Британияро водор намуд дар Гвианаи Бритониёӣ соли 1928 Шӯрои қонунгузорро ташкил кунад, ки як қисми онро аҳолӣ интихоб мекард. Соли 1938 баъди исён дар мустамликаҳои британӣ дар Вест-Индия комиссияи шоҳӣ бо сардории лорд Мойн пешниҳод намуд, ки ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ ваколати бештар дода шавад. Соли 1943 ҳуқуқи интихобшавандагон ва соли 1945 ҳуқуқҳои интихобкунии шаҳрвандон васеъ карда шуд.

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон

вироиш

Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон (1939-45) ҳаракати қувваҳои ватанпарвари мамлакат барои истиқлоли сиёсӣ фаъол гардид. Соли 1950 дар заминаи Кумита оид ба корҳои сиёсӣ нахустин ҳизби Гайана — Ҳизби халқии тараққихоҳ (ҲХТ) ташкил карда шуд. Соли 1953 ҲХТ дар нахустин интихоботи умумӣ барои гузариши ҷамъияти Гайана аз капитализм ба сотсиализм амал карда, ғолибияти комил ба даст овард. Британияи Кабир фаъолияти конститутсияро боздошта, бо баҳонаи «хатари коммунистӣ» лашкари худро ворид кард. Ба мустамликадорон муяссар гардид, ки дар сафҳои қувваҳои ватандӯст низоъҳои этникӣ ангезанд. Аз ҳамин лаҳза омили нажодӣ дар сиёсати гайанӣ ҳукмрон шуд, ки борҳо боиси задухӯрдҳои шадид байни африқоиҳо ва ҳиндувони Гайана гардид. Соли 1955 яке аз пешвоёни ҳаракати озодихоҳӣ Л. Ф. С. Бёрнхем, ки аз ҲХТ баромада буд, ҳизби Конгресси мардумии миллӣ (КММ)-ро ташкил кард, ки бар хилофи ҲХТ, такягоҳаш ҷамоати ҳиндувони Гайана буд ва асосан ба ҷамоати африқоиёни Гайана такя мекард. Дар интихоботҳои солҳои 1957 ва 1961, ки аз рӯйи низоми мажоритарӣ гузаронида шуданд, ҲХТ ғалаба кард ва пешвои он Ч. Ҷаган солҳои 1957-64 нахустин сарвазири Гайана и Британӣ шуд. Дар интихоботи соли 1964, ки аз рӯйи меъёри намояндагии баробар баргузор шуд, КММ дар иттиҳод (коалитсия) бо Ҳизби қувваи муттаҳидаи соли 1960 таъсисёфта аксарияти овозҳоро гирифт ва Бёрнхем сарвазир шуд. Аз ҳамон вақт КММ, ки худро ҷонибдори сохти сотсиализми кооперативӣ эълон карда буд, то соли 1992 дар арсаи сиёсӣ ҳукмфармоӣ намуд. 26 майи 1966 Гайана истиқлоли сиёсӣ ба даст овард ва 23 феврали 1970 ҷумҳурӣ эълон карда шуд. Мамлакат номи нав — Ҷумҳурии Кооперативии Гайана ро соҳиб шуд. Соли 1985, баъди фавти Бёрнхем, пешвои нав — Президент Гайана Хю Десмонд Хойт шуд. Аз сабаби буҳрони шадиду бардавоми иқтисодӣ вай дар анҷумани КММ соли 1987 барномаи эҳёи иқтисодиро пешниҳод намуд, ки дар он аз низоми идеологияи муътақиди сотсиалистӣ даст кашида, зарурати танзими соҳибкории хусусӣ, бунёди ҷамъияти сиёсии кушодаро эътироф кард. Дар интихоботи соли 1992 ҲХТ, ки идеологияи сотсиалистиро ҷонибдорӣ мекард, ғолиб омад, вале дар шароити нав барои ташкили иқтисодиёти омехтаи сесектора, зидди милликунонии оянда, барои истифодаи унсурҳои бозории танзим амал кард. Президенти мамлакат Ч. Ҷаган интихоб шуд. Баъди фавти ӯ дар соли 1997 сарвари давлат завҷааш Ҷ. Ҷаган интихоб карда шуд ва ҳизбаш дар парламент аксарияти ҷойҳоро ишғол кард. Апрели 1999 Ҷ. Ҷаган бо сабаби вазъи саломатӣ бо хоҳиши худ ба истеъфо рафт, вазифаи президентиро Б. Ҷагдео ишғол кард. Дар интихоботи пеш аз муҳлати марти 2001 ҳам ҲХТ бори дигар ғалаба кард. Ҷагдео боз Президент интихоб шуд. Ошӯбҳои сиёсие, ки баъди интихобот сар заданд, боиси авҷ гирифтани ҷинояткорӣ гардиданд. Бо баҳонаи барои иҷрои аҳду паймонҳои дар рафти муколамаҳои байни ҳизбҳо ҳосилшуда қодир набудани давлат, баҳори 2002 КММ ҷаласаи парламентро тарк кард. Декабри 2002, баъди фавти Хойт, раиси КММ ва пешвои мухолифин Р. Корбин интихоб шуд, ки бо пешвои ҲХТ дар бораи аз нав сар кардани муколама маслиҳат кард. Дар натиҷа майи 2003 КММ ба парламент баргашт ва ҳар ду ҳизб қарор доданд, ки роҳи уҳдадориҳои қобили қабулро пеш гиранд. Ин, аз ҷумла, дар ташкили як қатор комиссияҳои дорои хусусияти ҳуқуқмуҳофизаткунӣ ифода ёфт, комиссия оид ба ислоҳоти конститутсия мақоми ташкилоти доимамалкунандаро соҳиб шуд. Дар интихоботи августи 2006 ҳам ҲХТ аксарияти овозҳоро гирифт. Аз ноябри 2011 то ҳоло президенти Гайана Доналд Рамотар аст.

Ҳизбҳо ва созмонҳо

вироиш

Дар Гайана низоми бисёрҳизбӣ ҷорист, вале барои ҳокимият ду ҳизби асосӣ мубориза мебаранд: ҲХТ (таъсисаш соли 1950) ва КММ (таъсисаш соли 1995). Дар Гайана инчунин Иттиҳоди меҳнаткашон (ҳизби чапи сотсиал-демократҳо, таъсисаш соли 1976), Ҳизби амалиёти Гайана (ҳизби сотсиалистӣ), Қувваи муттаҳида (ҳизби консервативӣ, таъсисаш соли 1960, барои модели либералии нави иқтисодиёт талош мекунад), ҳизби «Адолат барои ҳама», Ҳизби демократӣ, Иттиҳоди ҷабҳаи миллӣ ва ғ. фаъолият доранд.

Тақсимоти маъмурии Гайана

вироиш
 
Нақшаи тақсимоти маъмурии Гайана

Гайана 10 минтақа ҷудо шудааст.

Номи минтақаҳо(тоҷ.) Минтақа(англ.) Масоҳат,
км²
Аҳолӣ,
(2002) кас
Зичии аҳолӣ,
кас/км²
Маркази маъмурӣ
1 Барима-Уайни Barima-Waini 20 339 24 275 1,19 Мабарума
2 Куюни-Мазаруни Cuyuni-Mazaruni 47 213 17 597 0,37 Бартика
3 Демерара-Махайка Demerara-Mahaica 2 232 310 320 139,03 Джорджтаун
4 Ист-Бербис-Корентайн East Berbice-Corentyne 36 234 123 695 3,41 Нью-Амстердам
5 Эссекибо-Айлендс-Уэст-Демерара Essequibo Islands-West Demerara 3 755 103 061 27,45 Вред-эн-Хуп
6 Махайка-Бербис Mahaica-Berbice 4 190 52 428 12,51 Форт-Веллингтон
7 Померун-Супенаам Pomeroon-Supenaam 6 195 49 253 7,95 Анна-Реджина
8 Потаро-Сипаруни Potaro-Siparuni 20 051 10 095 0,50 Мадия
9 Аппер-Демерара-Бербис Upper Demerara-Berbice 17 040 41 112 2,41 Линден
10 Аппер-Такуту-Аппер-Эссекибо Upper Takutu-Upper Essequibo 57 750 19 387 0,34 Летем
Ҳамагӣ 214 999 751 223 3,49

Иқтисод

вироиш

Солҳои 90 садаи XX барои баланд бардоштани самараи сохтори хоҷагӣ кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуданд, ки боиси афзоиши суръати рушди иқтисодӣ гардид (ҷойи дуввум дар Амрикои Лотинӣ, баъди Чили дар ин давра, ҷойи дуввум аз ҷиҳати рушди суръати ММД ба ҳар сари аҳолӣ). Бо вуҷуди ин Гайана дар гурӯҳи мамлакатҳои сусттараққикардаи минтақа боқӣ мемонад. Асоси иқтисодиёти Гайана кишоварзӣ ва саноати кӯҳкорӣ мебошад. Дар сохтори ММД 31,5 дарсадро кишоварзӣ, 13,7 дарсадро саноат (аз ҷумла 5,8 дарсадро саноати кӯҳкорӣ), 9,8 дарсадро сохтмон, 45 дарсадро соҳаи хидматрасонӣ ташкил медиҳад. Дар иқтисодиёти мамлакат давлат нақши муҳим дорад, бо вуҷуди он ки мувофиқи барномаи соли 1989 қабулшуда раванди коҳиш додани саҳми он сар шудааст. Давлат дар саноати электроэнергетика, кӯҳкорӣ, нафт ва қанд корхонаҳои худро дорад. Солҳои 90 садаи XX нақши инвесторҳои хориҷӣ, ки дар рафти хусусигардонӣ ширкат мекунанд, афзуд. Сармояи амрикоӣ ва канадагӣ дар соҳаи истихроҷи бокситҳо, ки пеш комилан дар дасти давлат буд, роҳ дода шуд. Ширкати истеҳсоли алюминийи Русия (РУСАЛ) ба идораи собиқ ширкати давлатии Ароайма Майнинг К° даст ёфт. Ду ширкати канадагӣ ба коркарди бузургтарин дар Амрикои Лотинӣ кони тило имкон пайдо карданд. Қувваи барқ, асосан дар неругоҳҳои барқи аловӣ истеҳсол мешавад. Бо вуҷуди дорои иқтидори бузурги ҳидроэнергетикӣ будани мамлакат, он қариб истифода бурда намешавад. Тило, боксидҳо, алмос истихроҷ, инчунин конҳои манган, масолеҳи бинокорӣ коркард мешаванд. Коркарди ашёи хоми кишоварзӣ, истеҳсоли қанд, ром, мебел, молҳои истеъмолии ниёзи аввалия, маҳсулоти хӯрокворӣ ва доруворӣ барои истеъмоли дохилӣ роҳандозӣ шудаанд. Соҳаҳое, ки молҳои содиротӣ — либос, масолеҳи бинокорӣ, нурӣ, масолеҳи борбандӣ, маснуоти чармӣ истеҳсол мекунанд, инкишоф меёбанд.

Кишоварзӣ

вироиш
 
Трактор дар шолизор

Кишоварзӣ соҳаи муҳимми иқтисодиёти Гайана боқӣ монда, 35,4 дарсади молҳои содиротиро медиҳад. Заминҳои кишт — 196,9 ҳазор км², асосан, дар минтақаи наздисоҳилӣ ҷойгиранд. Зироатҳои асосии кишоварзӣ: найшакар, шолӣ, банан, ситрусиҳо, нахли норҷил, қаҳва. Сабзавоту ғалладона, асосан, барои истеъмоли дохилӣ парвариш карда мешаванд. 37 дарсади заминҳои киштро ду зироати асосии содиротӣ — шолӣ ва найшакар ишғол кардаанд. Парвариши чорвои гӯштӣ дар даштҳо, чорвои ширӣ дар минтақаи наздисоҳилӣ инкишоф ёфтааст ва бозори дохилиро таъмин мекунад.

Хоҷагии ҷангал

вироиш

Дар гузаштаи наздик дар миқёси васеъ тайёр кардани чӯб захираҳои ҷангали Гайана ро хеле коҳиш дод. Вале ҷангалҳо ҳоло ҳам 78,5 дарсади ҳудуди мамлакатро ишғол мекунанд. Дар онҳо 12-15 навъи чӯб тайёр карда мешавад. Чӯб панҷумин (аз ҷиҳати арзиш) моли содиротӣ мебошад. Аз охири садаи XX ба коркарди ҷиддии чӯб ва истеҳсоли маҳсулоти мураккаб барои содирот (фанер, шпон (фона), масолеҳи бинокории чӯбу тахта) диққати бештар дода мешавад.

Обҳои наздисоҳилии уқёнуси Атлантик ва обҳои дохилӣ захираҳои зиёди моҳӣ доранд. Ин барои сайди саноатии моҳӣ (30 ҳазор т) ва креветкаҳо (17,7 ҳазор т, асосан барои содирот) имкон медиҳад. Моҳигирӣ ба самти нав табдил меёбад. Дар соҳили дарёи Демерара нахустин хоҷагии моҳигирии мукаммал бунёд шудааст. Барои Гайана дараҷаи ниҳоят баланди истеъмоли маҳсулоти моҳӣ ба ҳар сари аҳолӣ (45,7 кг дар сол) хос аст, ки аз ҳисоби захираҳои худӣ қонеъ гардонда мешавад.

Нақлиёт

вироиш
 
Пули марзӣ аз Гайана ба Бразилия дар наздикии Летем

Тӯли умумии роҳҳои оҳане, ки барои кашондани маъдан таъйин шудаанд — 187 км, аз онҳо 42 км роҳи камбар аст. Дарозии роҳҳои автомобилгард — 7970 км, аз онҳо 590 км асфалтпӯш. Бандарҳои асосиаш: Ҷорҷтаун, Бартика, Линден, Ню-Амстердам.

Робитаҳои иқтисодии берунӣ. Гайана ба хориҷа, асосан, қанд, тило, аллюминий, боксит, креветка, шолӣ, чӯб бароварда, аз он ҷо мошину таҷҳизот, хӯрокворӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи бинокорӣ, молҳои кимиёӣ ворид менамояд. Шарикони асосии савдои Гайана: Британияи Кабир, ИМА, Канада, Украина, Португалия, Финландия, мамлакатҳои Вест-Индия.

Гардишгарӣ

вироиш

Дар Гайана сайёҳӣ нисбат ба давлатҳои ҷазиравии ҳавзаи Кариб он қадар тараққӣ накардааст. Гайана барои рушди сайёҳии экологӣ (экотуризм), бахусус дар ноҳияҳои наздик ба шаршараи Кайетур кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад. Бо ин мақсад Гайана кӯшиш дорад, ки ин минтақаро ба рӯйхати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО дохил кунад.

Тандурустӣ

вироиш

Дар соҳаи тандурустӣ беш аз 5,6 дарсади ММД харҷ мешавад. 76 дарсади хароҷотро давлат ва 24 дарсадро ширкатҳои хусусӣ пардохт мекунанд. Ба 10 ҳазор аҳолӣ 4 табиб ва 4,4 кати беморӣ рост меояд. Норасоии доруворӣ эҳсос мешавад, қисми бештари дорувориро аз хориҷа мехарад, дар мамлакат ваксинаҳо истеҳсол карда намешаванд. Беморхонаи марказӣ — беморхонаи давлатӣ дар Ҷорҷтаун.

Варзиш

вироиш

Ассотсиатсияи олимпии Гайана соли1935 ташкил карда шуд, ки онро Кумитаи байналмилалии олимпӣ соли 1948 эътироф кард. Навъи асосии миллии варзиш — крикет (навъи тӯббозӣ), ки аз рӯйи он Гайана байни мамлакатҳои Кариб пешсаф аст. Соли 2007 дар Гайана чемпионати ҷаҳон оид ба крикет доир гардид. Дар Гайана крикети пляжӣ ва футбол низ рушд мекунад. Тенниси калон ва рӯйи миз, бокс, варзиши сабук, вазнбардорӣ ва велосипедронӣ то андозае роиҷ аст.

Маориф

вироиш

Таҳсилоти миёна ва олӣ барои кӯдакони болаёқат ройгон аст. Ба таҳсили аҳолии таҳҷойӣ диққати махсус дода мешавад. Лоиҳаи «Мактаби нав» (1993—2005), ки ЮНИСЕФ маблағгузорӣ кард, аз ҷумла ба такмилдиҳии барномаи таълими талабагон дар ноҳияҳои дохилии мамлакат ва таъмини дастрасии баробари таълим барои кӯдакони ҳиндуён равона шуда буд. Ба шабака (система)-и таҳсилоти миёна коллеҷҳои кишоварзӣ ва омӯзгорӣ дохил мешаванд. Таҳсилоти олиро Донишгоҳи Гайана дар Ҷорҷтаун, инчунин мактабҳои олии техникӣ дар Ҷорҷтаун, Ню-Амстердам, Эссекибо ва Корривертон, мактаби иқтисодии Карнеги, маркази тайёрии истеҳсолии Гайана таъмин мекунанд. Барои бештар аз 1 ҳазор донишҷӯе, ки дар Куба, Британияи Кабир, Канада, Зеландияи Нав, Малайзия, Ҳиндустон, Мексика ва Вест-Индия таҳсил мекунанд, стипендия (идрорпулӣ) дода мешавад.

Фарҳанг

вироиш

Гайана бо фарҳанги дигар мамлакатҳои англисзабони ҳавзаи Кариб дар соҳаи мусиқӣ, адабиёт, эҷодиёти халқ, инчунин дар анъанаҳои баргузор кардани карнавалҳо ва ҷашнҳо бисёр умумиятҳо дорад. Ҳар сол 23 феврал, дар Рӯзи Ҷумҳурӣ фестивали «Машрамани», ки рамзи ваҳдати миллӣ мебошад, инчунин озмунҳои мусиқии миллии «Чатни», «Соко» ва «Калипсо» баргузор мешаванд. Дар моҳи сентябр Рӯзи мероси ҳиндуён, май — Рӯзи вурудро (таърихи таърихӣ барои намояндагони ҳамаи қавмҳое, ки аҷдодашон дар замони мустамликадорӣ ба Гайана омадаанд) ҷашн мегиранд, моҳи октябр моҳонаи мероси африқоӣ доир мегардад. Идҳои динии ҳиндуён ва мусулмонон низ ҷашн гирифта мешаванд. Мусиқинавозони сабкҳои гуногун: Т. Гаҷраҷ, М. Холдер, Э. Грант, ансамбли Дейв Мартинс энд Трейдвиндс, Обри Каммингс ва Никки Портер, инчунин оркестрҳои созҳои халқӣ (машҳуртаринаш «Бамбла ва Сейнтс», таҳти роҳбарии Бамбл Уартана) машҳуранд.

Адабиёти Гайана

вироиш

Адабиёти Гайана ба забони англисӣ инкишоф меёбад. Адабиёти хаттӣ дар садаи XIX, вақте ки шоирон С. К. Оливера, Т. Дон, Э. Мартин ва дигарон асарҳои худро офариданд, пайдо шуд. Соли 1931 Н. Камерон нахустин антологияи назмро ба нашр омода кард. Дар нимаи дуввуми садаи XX шоирон А. Ҷ. Сеймур, М. Картер, нависандагон Э. Миттелхолсер, Э. Кэрю, Э. Брейтуэйт, О. Р. Датрон, Д. Вилямс шуҳрат пайдо карданд. Қисми зиёди адабиёти Гайана ба анъанаҳои адабиёти Вест-Ҳинд наздик аст, вале асарҳои Т. У. Харрис ба услуби романнависии Амрикои Лотинӣ моиланд. Иншооти меъмории Гайана таҳти таъсири услуби испанӣ, ҳолландӣ ва англисӣ сохта шудаанд. Биноҳои чӯбин ва бо сабкҳои гуногун сохташуда, маъмулан, якошёна ва рӯйи пояҳои баланди хиштӣ мебошанд. Дар Ҷорҷтаун яке аз бузургтарин дар ҷаҳон калисои чӯбин (охири садаи XIX, меъмор А. Бломфилд) мавҷуд аст. Дар эҷодиёти бадеии устоҳои халқӣ анъанаҳои ҳабашиён ва ҳиндувон (мас., кандакории рӯйи чӯб) тавъам шудаанд.

Расонаҳо

вироиш

Рӯзномаи давлатии «Guyana Chronicle» дар Ҷорҷтаун («Sunday Chronicle» — нашрияи рӯзи якшанбе) ва хусусии «Stabroeck News», дар як ҳафта ду бор ҳафтаномаҳои хусусии «Kaietur News» ва «The Catholic Standard» нашр мешаванд. Агентии иттилоотии Гайана Guyana information Service мебошад. Шабакаи радиои давлатии «National Communication Network», ки ба пойгоҳҳои радиои «Voice of Guyana», «Radio Roraima» ва «Hot FM» тааллуқ дорад, як студияи телевизиони давлатӣ ва ду хусусӣ, ки аз хидмати радифҳои маснуии ИМА истифода мебаранд, фаъолият доранд.

  1. Атлас мира: Максимально подробная информация / Руководители проекта: А. Н. Бушнев, А. П. Притворов. — Москва: АСТ, 2017. — С. 88. — 96 с. — ISBN 978-5-17-10261-4.
  2. World Population Prospects 2017
  3. 3.0 3.1 Guyana. International Monetary Fund. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 августи 2011.
  4. Human Development Indices and Indicators 2019(англ.). Программа развития ООН. — Доклад о человеческом развитии на сайте Программы развития ООН.
  5. Constitution of the Co-operative Republic of Guyana Act (PDF)(пайванди дастнорас — таърих) (March 1998). 17 феврали 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 21 августи 2011.

Адабиёт

вироиш
  • Культура Латинской Америки: Энциклопедия. М., 2000;
  • Гончарова Т. В., Селеднев А. А. Кооперативная Республика Гайана //Латинская Америка и Карибы: Политические институты и процессы. М., 2000;
  • Новая российская энциклопедия. Т. IV (1). М., 2008.

Пайвандҳо

вироиш