Гвине́я-Биса́у (португалӣ: Guiné-Bissau), номи расмӣ — Ҷумҳурии Гвине́я-Биса́у (португалӣ: República da Guiné-Bissau [ʁɛˈpublikɐ dɐ ɡiˈnɛ biˈsau]) — кишварест дар Африқои Ғарбӣ. Ҷазираи Болама ва галаҷазираи Бижагошро низ дар бар мегирад. Аз 1 январи 1973 «иёлати мухтори» Португалия буд. Аз 24 сентябри 1973 — давлати соҳибихтиёр. Дар ҷанубу шарқ бо Гвинея (386 км), дар шимол бо Сенегал (338 км) ҳамсарҳад аст. Дарозии роҳҳои хушкигардаш 724 км. Дар ғарб ба уқёнуси Атлантик баромад дорад. Тӯли хатти соҳилиаш 350 км. Масоҳаташ 36,1 ҳазор км2. Аҳолиаш 1,7 млн нафар (2014). Пойтахташ — шаҳри Бисау. Аз 8 округ ва округи шаҳрӣ иборат аст. Иди давлатӣ — Рӯзи эълони истиқлол (24 сентябр, аз 1973). Воҳиди пул — франки Конфедератсияи Африқо (аз 1997).

Ҷумҳурии Гвинея-Бисау
República da Guiné-Bissau
Парчам Нишон
Шиор: «Unidade, Luta, Progresso (Ваҳдат, Мубориза, Тараққиёт)»
Суруди миллӣ: «Esta é a Nossa Pátria Bem Amada
»
Рӯзи истиқлолият (аз Португалия)
Забони расмӣ забони португалӣ
Пойтахт Бисау
Шаҳри калонтарин Бисау
Идораи давлат Ҷумҳурии президентӣ
Президент

Сарвазир
Жоао Бернардо Виейра
(João Bernardo Vieira)
Аристидиш Гомеш
(Aristides Gomes)
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
133-ум ҷой дар ҷaҳон
36 120 км²
12 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2005)
  • Зичӣ
149-ум ҷой дар ҷaҳон
1 416 027
101 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2004)
  • Ба сари аҳолӣ
169-ум ҷой дар ҷaҳон
1 114 млн. $
169 $
Пули миллӣ Франк КФА (XAF)
Интернет-Домен .gw
Коди телефон +245
Соат UTC 0

Сохти давлатӣ вироиш

Роҳбари давлат — Президент, аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ ба муҳлати 5 сол интихоб карда мешавад. Мақоми олии қонунбарор — Маҷлиси миллии халқии якпалатагӣ, ки аз 100 депутат иборат буда, аз тариқи овоздиҳии умумӣ ба муҳлати 4 сол интихоб мешавад (интихоботи охирин 13 апрели 2014 баргузор гардид). Ваколатҳои маҷлиси миллии халқиро дар давраи байни сессияҳо Шӯрои давлатӣ иҷро мекунад. Роҳбари Шӯрои давлатӣ — сардори давлат. Аксарияти ҷойҳоро дар парламент Ҳизби африқоии истиқлоли Гвинея ва Кабо-Верде (ҲАИГК-В) ишғол намудааст.

Табиат вироиш

Қисми зиёди ҳудуди мамлакатро пастии ботлоқзор ишғол намудааст. Соҳилҳои уқёнусии Гвинея-Бисау серҷазираанд (баландиашон 4-7 м). Аз ғарб ба шарқ сатҳи замини Гвинея-Бисау баланд мешавад. Нуқтаи баландтаринаш дар ҷанубу шарқ пуштакӯҳи Фута-Ҷаллон (262 м). Қисми шимолии мамлакат ба ҳавзаи дарёи Кашеу, қисмати боқимонда ба ҳавзаи д.-ҳои Жеба ва Корибал тааллуқ дорад. Боронҳои сели тропикӣ боиси обхезӣ дар дарёҳои Гвинея-Бисау гардида, ба аҳолии мамлакат зарари зиёд мерасонанд. Дар ҳудуди Гвинея-Бисау конҳои боксит, фосфорит, тило, дар тунукобаҳо — газу нафт мавҷуданд. Иқлимаш экваторию муссонӣ. Ҳарорати миёна — 24-26°С. Бориши солона дар шимол — 1200—1500 мм, дар шимолу шарқ — 2000-5000 мм. Қисми зиёди бориш аз моҳи май то моҳи октябр меборад. Дар ноҳияҳои дохилӣ бориш камтар ва ҳарорат баланд аст. Хоки ботлоқзорҳо шӯр, хоки алювиалии водии дарёҳои Гвинея-Бисау ҳосилхез аст, хоки даштҳо — ферралитии сурх. Набототаш — саваннаи бешазор ва бешаҳои ҳамешасабзи тропикӣ. Бешаҳои қадимӣ 37 дарсади ҳудуди Гвинея-Бисауро ишғол кардаанд; масоҳати бешазорҳо соле 1 % кам мешавад. Дар бешазор, гуроз, маймунҳо, гови ёбоӣ, паланг, мор, навъҳои гуногуни ҳашароту парандагон вомехӯранд.

Аҳолӣ вироиш

Зиёда аз 80 дарсади аҳолӣ ба гурӯҳи халқҳои атлантзабон — баланте, фулбе, мандяк, мандинка, папел ва ғ. мансуб аст. Аз аврупоиҳо асосан португалиягиҳо зиндагӣ мекунанд. Зичии аҳолӣ 45,6 нафар дар 1 км2. Забони расмӣ — португалӣ; дар мамлакат ба 30 забону лаҳҷа гуфтугӯ мекунанд. Зиёда аз нисфи аҳолӣ дину ойинҳои анъанавии маҳаллиро мепарастанд. 50 дарсади аҳолӣ мусулмон, 10 дарсад католик, 40 дарсад эътиқодмандони дину ойинҳои анъанавии маҳаллӣ мебошанд. Суръати афзоиши солонаи аҳолӣ — 2,7 (2013). Таваллуд — 42 %, фавт — 19,9 %, фавти кӯдакон 98 нафар ба 1000 навзод. Дарозумрии миёна 48 сол (мардҳо — 43 сол, занҳо — 46 сол). Аҳолии шаҳрнишин — 31 %. Шаҳрҳои асосӣ: Бисау, Болама, Кашеу. Беш аз 83 дарсади аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунад.

Таърих вироиш

Дар ҳудуди ҷазираи Гвинея-Бисау дар замонҳои қадим ва асрҳои миёна қабилаҳои зангӣ зиндагӣ мекарданд. Дар садаи XV португалиягиҳо ба соҳили ғарбии Африқо омада, ҳудуди имрӯзаи Гвинея-Бисауро ба ҷойи хариду фурӯши моҳӣ табдил доданд. Аз ин ҷо ғуломонро ба Амрикои Лотинӣ мефиристоданд. То ибтидои садаи XIX португалиҳо фақат баъзе маҳалҳои соҳил ва ҷазираҳоро тасарруф карда буданд. Дар чоряки садаи XIX Гвинея-Бисау объект (минтақа)-и рақобати байни Фаронса ва Британияи Кабир гардид. Аз он зиддиятҳо Португалия истифода бурда, ҳукмронии худро дар Гвинея-Бисау давом дод. То соли 1879 Гвинея-Бисауро губернатори Португалия дар ҷазираҳои Кабо-Верде идора мекард, аз соли 1879 мустамликаи алоҳида шуд. Аҳолии Гвинея-Бисау ба аҷнабиён муқобилати сахт нишон дод. Ҳаракати озодихоҳӣ дар Гвинея-Бисау баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ пурзӯр гардид. Соли 1956 ҳизби миллӣ-инқилобӣ ҲАИГК-В таъсис ёфта, ба мубориза барои истиқлол сарварӣ кард. Августи 1961 ҲАИГК-В ба муборизаи мусаллаҳонаи зидди мустамликадорони португалиягӣ гузашт. Соли 1963 тамоми Гвинея-Бисауро муборизаи мусаллаҳона фаро гирифт. Қувваҳои мусаллаҳи ҲАИГК-В соли 1971 зиёда аз 1/2 мамлакатро озод карда, зери назорати худ гирифтанд. Дар ҳудуди озодгашта мақомоти ҳокимият, судҳои халқӣ, кооперативҳои кишоварзӣ, мактабҳо ташкил ёфта, дигаргуниҳои демократӣ ба амал омаданд. Мувофиқи қарори Шӯрои олии шӯриши мусаллаҳонаи ҲАИГК-В сентябр — декабри 1972 интихоботи умумии Маҷлиси миллӣ барпо гардид. 24 сентябри 1973 Маҷлиси миллӣ дар ноҳияи озодшудаи Мадина ду Бой ташкил ёфтани Ҷумҳурии Гвинея-Бисауро эълон ва конститутсияи нави онро қабул кард. Дар ин конститутсия таъкид шуда буд, ки ҷумҳурии соҳибихтиёр, демократӣ, зиддимустамликадорӣ ва зиддиимпериалистии Гвинея-Бисау барои озодии комил, ягонагии Гвинея-Бисау ва ҷазираҳои Димоғаи Сабз, барои пешрафти иҷтимоии халқи худ мубориза мебарад. 30 сентябри 1973 ИҶШС Ҷумҳурии Гвинея Бисау-ро ба расмият шинохт ва октябри 1973 бо вай муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуд. Соли 1974 созишнома дар бораи қатъи амалиётҳои ҳарбӣ ба имзо расид. Ҳукумати Португалия соҳибистиқлолии Гвинея-Бисауро эътироф кард ва октябри 1974 қувваҳои ҳарбии худро тамоман аз Гвинея-Бисау баровард. Дар мамлакат хоҷагии плании сотсиалистӣ ҷорӣ карда шуд. Соли 1976 Гвинея-Бисауро 129 давлат ба расмият шинохт. Ноябри 1980 дар мамлакат табаддулоти ҳарбӣ рух дод ва Ж. Б. Виейра ба сари қудрат омад. Барномаи нави васеи ҳукумат оид ба ислоҳоти иқтисодӣ, ки соли 1986 пешниҳод гардид, ба либерализатсияи бахши давлатии иқтисодиёт дар асоси вусъат бахшидан ба муносибатҳои бозорӣ равона шуда буд. Соли 1990 дар мамлакат низоми бисёрҳизбӣ ҷорӣ карда шуд, ҳизбҳои нав пайдо шуданд. Моҳи майи 1991 конститутсияи нав қабул карда шуд. Соли 1994 ҲАИГК-В дар Маҷлиси миллии халқӣ аксарияти ҷойҳоро соҳиб гардид. Дар натиҷаи бадшавии вазъи иқтисодӣ дар Гвинея-Бисау дар миёнаи солҳои 1990 нооромиҳои иҷтимоӣ шиддат гирифт. Моҳи июни соли 1998 бо сардории генерал А. Мане кӯшиши табаддулот карда шуд, ки боиси ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Дар натиҷаи задухӯрдҳои шадид байни қувваҳои давлатӣ ва шӯришгарон наздики 2 ҳазор кас кушта шуд, бисёриҳо маҷбуран хонаҳои худро тарк карданд. Моҳи майи 1999 Ж. Б. Виейра аз мамлакат фирор кард. Моҳи феврали 2000 ҳукумати муваққатӣ ҳокимиятро ба дасти пешвои мухолифин Кумба Яла дод. Соли 2003 К. Яла дар натиҷаи табаддулоти ҳарбӣ бе хунрезӣ аз вазифа сабукдӯш карда шуд. Тоҷир Энрике Роза Президенти муваққатии Гвинея-Бисау шуд. Тобистони соли 2005 интихоботи президентӣ баргузор шуд ва Ж. Б. Виейра боз Президенти Гвинея-Бисау интихоб гардид. Субҳи 2 март сарбозон ба қасри Президент ҳуҷум карда, Ж. Б. Виейраро ба қатл расонданд. Баъди ин намояндаи ҲАИГК Малам Бакай Саня Президент интихоб шуд. Январи 2012 Малам Бакай Саня вафот кард. 13 апрели 2012 дар Гвинея-Бисау табаддулоти ҳарбӣ ба амал омад. Низомиён бо сардории Мамаду Туре Курума Президенти муваққатии мамлакат Раймунду Перейра ва собиқ сарвазир, номзад ба вазифаи президент Карлуш Гомеш Жуниорро асир гирифтанд. 11 майи 2012 раиси Маҷлиси миллии халқӣ Мануэл Сезиф Намаҷо Президенти муваққатии Гвинея-Бисау таъйин шуд. Дар интихоботи президентии 18 майи 2014 намояндаи ҲАИГК-В Жозе Марио Ваз Президенти Гвинея-Бисау интихоб карда шуд. Гвинея Бисау узви СММ (аз 1974) ва Созмони Ягонагии Африқо (аз 1973) мебошад.

Иқтисод вироиш

Гвинея-Бисау ба қатори панҷ давлати муфлистарини ҷаҳон дохил мешавад. ММД ба ҳар сари аҳолӣ 600 долларро ташкил медиҳад. Асоси иқтисодиёти Гвинея-Бисау кишоварзӣ мебошад. Асосан чормағзи заминӣ, шолӣ, маниок, какао, чормағзи кешю, инчунин пахта, кунҷид, ҷуворӣ, зироати лӯбиёӣ ва дарахти каучук мепарваранд. Чорводорӣ тараққӣ кардааст; гов, хук, бузу гӯсфанд парвариш карда мешаванд. Дар обҳои соҳил моҳигирӣ ривоҷ ёфтааст. Дар Гвинея-Бисау корхонаҳои тоза кардани чормағзи заминӣ, шолӣ, каучук, собунпазӣ, селлюлоза ва чӯбу тахта мавҷуданд. Тӯли роҳҳои автомобилгард — тақр. 5 ҳазор км. Роҳҳои киштигарди дарёӣ — тақр. 2 ҳазор км. Бандарҳои баҳрӣ — Бисау, Болама, Кашеу. Фурудгоҳи байналмилалӣ дар Бисау воқеъ аст. Гвинея-Бисау ба хориҷа чормағзи заминӣ, креветка, чормағзи кешю, пӯсти ҳайвонот ва чӯбу тахта бароварда (харидорони асосӣ Ҳиндустон, Нигерия, Покистон), аз Португалия, Сенегал, Ҳиндустон, Кот-д' Ивуар хӯрокворӣ, молҳои саноатӣ ва маҳсулоти нафтӣ мехарад.

Варзиш вироиш

Кумитаи олимпии Гвинея-Бисау соли 1992 таъсис ёфта, соли 1995 аз ҷониби Кумитаи байналмилалии олимпӣ эътироф шудааст. Маъмултарин навъи варзиш — футбол. Ҳамчунин варзиши сабук, навъҳои варзиши обӣ ва ғ. инкишоф ёфтаанд. Варзишгарони Гвинея-Бисау дар мусобиқаҳои варзиши минтақавии Африқо ширкат меварзанд.

Маориф ва фарҳанг вироиш

Саводнокии аҳолии аз 15-сола боло — 42 %. Таълим дар мактабҳо ба забони португалӣ. Қонун дар бораи таълими ҳатмии кӯдакони 7-13-сола қабул шудааст. Вале дар мактабҳои ибтидоӣ танҳо 57 дарсади кӯдакон таҳсил мекунанд. Муҳлати таҳсил дар мактабҳои ибтидоӣ 4 сол, дар мактабҳои миёна 7 сол. Ду мактаби олӣ дорад: Институти санъат, Мактаби мусиқӣ ва рақс дар Бисау. Дар Бисау Осорхонаи таърих ва санъат, Китобхонаи миллӣ мавҷуд аст. Агентии давлатии иттилоотӣ фаъолият дорад. Газетаи расмии «Nb Pinteha» ба забони португалӣ (баъзе мақолаҳо ба забони креолӣ) нашр мешавад. Ширкати давлатии радиову телевизионии Radio Televisao de Guena-Bissao, пойгоҳҳои радиои ҳукуматӣ ва хусусӣ амал мекунанд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Силва Ж. Португальские колонии в Африке/пер. с португ. М., 1962;
  • Лавренок Е. Л. Гвинея-Бисау. М., 1977;
  • Страны мира. Современный справочник. М., 2008.

Сарчашма вироиш