Ахоли покистон

Аҳолӣ (ҷамъият, нуфус) — тамоми мардуми рӯйи Замин ё сокинони ҳудуди муайян; яке аз мафҳумҳои асосии илмҳои ҷамъиятӣ мебошад.

Аҳолӣ ҳамчун объекти омӯзиш вироиш

Қонунияти афзоиши аҳолиро дар вобастагӣ бо сабабияти ҷамъиятию таърихӣ илми махсус – демография меомӯзад. Омӯзиши илмӣ ва мунтазами аҳолӣ аз асри17, барӯйхатгирии мураттаби он дар Аврупо ва Амрико садаи 19 ва дар минтақаҳои дигари ҷаҳон аз чоряки аввали садаи XX сар шуд. Дар баъзе мамлакатҳои Осиё ва Африқо аҳолӣ нахустин бор баъди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ба рӯйхат гирифта шуд (ниг. Рӯйхатгирии аҳолӣ). Нишондиҳандаҳои асосии аҳолӣ инҳоанд: шумора, таваллуд, фавт, синну сол, ҷинс, афзоиши табиӣ, ҷойгиршавӣ, шаҳришавӣ, муҳоҷират ва ғайра. Шумораи аҳолии ҷаҳон умуман ба афзоиши табиӣ, ивазшавии миқдори аҳолии мамлакату ноҳияҳои ҷудо­гона бошад, ғайр аз афзоиши табиӣ ба равандҳои муҳоҷиршавӣ низ вобаста аст. Ба ин раванд боз ҷойгиршавии қувваҳои истеҳсолкунанда ва муносибатҳои истеҳсолӣ, омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ, ҳуқуқӣ, динӣ ва маишӣ таъсир мерасонанд. Одамон бо ҳам аз рӯйи ягонагии этникӣ, қабилавӣ, динӣ ва ғайра алоқамандӣ доранд. Онҳо зиндагӣ ва фаъолияти худро дар ҳудуди муайяне ташкил намуда, маҷмӯи нисбатан устувори одамонро таъсис медиҳанд. Яке аз аломатҳои муҳимми аҳолӣ барқароршавии мунтазами он бо роҳи ивазшавии насли одамон дар натиҷаи таваллуд ва фавт мебошад. Ин гуна пайдарпай ивазшавиро бозтавлиди табиии аҳолӣ ва бо роҳи муҳоҷират ивазшавии шумораи аҳолиро бозтавлиди механикӣ меноманд. Дар натиҷаи ивазшавии шумора ва таркиби аҳолӣ (масалан, аз ҷиҳати таносуби ҷинсӣ, маълумотнокӣ, шуғл, издивоҷ ва ғайра) сифати он метавонад дигар шавад. Тағйироти миқдорию сифатии мунтазами аҳолӣ (таҳти таъ­сири рушди ҷамъият)-ро рушди аҳолӣ меноманд. Аҳолӣ ба суръати тараққиёти ҷамъият ва дар навбати худ вазъи тараққиёти ҷамъият ба рушди аҳолӣ таъсири мутақобила доранд. Ин баҳамтаъсиррасонӣ ба он вобаста аст, ки аҳолӣ аз як тараф қувваи истеҳсолкунанда ва аз тарафи дигар қувваи истеъмолкунандаи ҷамъият мебошад. Шумора ва сифати аҳолӣ ба омилҳои гуногун: вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷамъият, сиёсати демографии давлат, навъҳои шуғли сокинони он ва ғайра марбут аст. Вобаста ба таъсири ин омилҳо дар мамлакатҳои алоҳида шаклҳои гуногуни бозтавлиди аҳолӣ: бозтавлиди васеъ, бозтавлиди муътадил, бозтавлиди манфӣ (миқдори фавт аз таваллуд зиёд) ба вуҷуд меояд. Масалан, суръати зиёдшавӣ (камшавӣ)-и аҳолӣ дар соли 2008 нисбат ба соли 2007 дар баъзе кишварҳои ИДМ чунин буд (бо %): Тоҷикистон + 2,2, Озарбойҷон + 1,2, Беларус – 0,2, Қазоқистон – 1,3, Молдова – 0,1, Россия – 0,7, Украина – 0,5. Беҳтаршавии дараҷаи зиндагии мардум, хуб шудани хидматрасонии тиббӣ, кам шудани фавт, махсусан фавти кӯдакон, ба болоравии суръати афзоиши аҳолӣ мусоидат мекунад, дарозии умр (ба ҳисоби миёна) низ меафзояд ва баръакс, рӯй додани офатҳои табиӣ, эпидемия ва пандемияҳо – паҳншавии бемориҳои сироятӣ, вабо ва дигар бемориҳои мудҳиш, ҷангҳо ва ғайра боиси суст шудани суръати афзоиш ва кам шудани шумораи аҳолӣ мегарданд. Чунончи, дар давоми ду ҷанги ҷаҳонӣ (1914–18; 1939–45) 60 млн одам нобуд шуд.

Шумораи аҳолии Замин вироиш

Мувофиқи таҳқиқоти мутахассисон тақрибан дар охири палеолит (тақрибан 15 ҳазор сол то милод) шумораи аҳолии рӯйи Замин 3 млн, охири неолит (2 ҳазор сол то милод) – 50 млн, дар аввали солшумории милодӣ – 230 млн, охири ҳазорсолаи якум – 275 млн, соли 1804 – 1 млрд буд. Инқилоби иқтисодӣ афзоиши аҳолии Заминро тезонд ва он соли 1927 ба 2 млрд, 1960 ба 3 млрд, 1975 – 4 млрд, 1980 – 4,5, 1985 – 4,85, 1990 – 5,3, 1995 – 5,7, 1999 – 6, 2000 – 6,1, 2005 – 6,45, 2006 – 6,5 ва 2010 ба 6,8 млрд нафар расид. Охири соли 1970 садаи XX тахмин карда буданд (масалан, дар ЭСТ, ҷ. I), ки аҳолии кураи Замин дар соли 2010 ба 8 млрд мерасад. Қуллаи баланди афзоиши аҳолӣ охири солҳои 60 садаи XX буд, ки бо суръати 2% дар як сол ва бештар аз ин меафзуд. Кам шудани фавт ва авҷ гирифтани суръати таваллуд боиси «таркиши демографӣ» гардида, барои ҳар кишвар мушкилоти бузурги иқтисодию иҷтимоӣ пеш меоварад (солҳои 1950–1960 дар Осиё, Африқо, Амрико). Дар Тоҷикистон «таркиши демографӣ» солҳои 1985–1990 мушоҳида мешуд. Масалан, соли 1985 ба ҳар 1000 нафар аҳолӣ 42,0 таваллуд (промилле) рост меомад, ки ин нишондиҳандаи баландтарин буд. Ҳоло дар ҷаҳон торафт паст шудани фоизи афзоиши аҳолӣ ба ҳисоби миёна мушоҳида мегардад (махсусан дар мамлакатҳои пешрафта) ва тахмин мекунанд, ки он даҳсолаҳои наздик аз 1% камтар, ҳатто 0,5% хоҳад шуд. Ин чунин маънӣ дорад, ки афзоиши аҳолии Замин дар садаи 21 идома меёбад, вале бо суръати сусттар. Тамоюли умумибашарӣ чунин хоҳад буд: дар оянда дар олам шумораи умумии аҳолӣ ва шумораи таваллуд кам, пирсолон (аз 65 боло) – зиёд, шумораи аҳолии шаҳрҳо низ зиёд, вале деҳот кам мешавад.

СММ ва омӯзиши аҳолӣ вироиш

СММ оид ба омӯзиши аҳолии ҷаҳон бахши махсус дорад. Департаменти масоили иқтисодӣ ва иҷтимоии он ҳар ду сол дар хусуси афзоиши аҳолии кураи Замин дар маълумотномаи «Population Prospects» таҳқиқоти демографиро ҷой медиҳад. Мувофиқи пешгӯии мутахассисони ин соҳа, афзоиши аҳолӣ дар олам аз ҳисоби сокинони мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ ва қафомонда, ки танзими таваллудро намеписанданд, пурра мегардад. Тахмин мекунанд, ки дар 40 соли наздик 97%-и афзоиши аҳолиро сокинони Осиё, Африқо, Амрикои Лотинӣ ва мам­лакатҳои ҳавзаи Баҳри Кариб таъмин хоҳанд кард ва Ҳиндустон аз ҷиҳати нуфуси аҳолӣ аз Хитой пеш мегузарад (дар соли 2025 ба 1,7 млрд мерасад). Дар аввали с-ҳои садаи XX аҳолии дунё ҳар сол тақр. 70 млн зиёд мешуд. Дар ин давра собиқ Итти­ҳоди Шӯравӣ аз ҷиҳати нуфуси аҳолӣ баъди Хитой ва Ҳиндустон дар ҷойи сеюм буд. Июли 2010 аҳолии кураи Замин 6,8 млрд ва шумораи аҳолии кишварҳои сернуфустарин чунин буд: Хитой – 1 млрд 338 млн, Ҳиндустон – 1 млрд 156 млн; (боқимонда ба ҳисоби млн): ИМА – 307, Индонезия – 240, Бразилия – 198, Покистон – 174, Бангладеш – 156, Нигерия – 149, Россия – 140. Коэфитсенти умумии таваллуд дар ин давра дар олам ба тариқи зайл буд: баландтаринаш (аз 7 боло) – Яман, Нигер, Уганда; аз 6 то 7 – Малави, Ангола, Уммон, Бенин, Мали, Ҳабашистон, Сомали, Гвинея, Афғонистон ва ғайра. Дар зинаи пасттарин – 1,5 ва боз ҳам камтар тамоми давлатҳои Аврупо, Австралия, Канада, Ҷо­пон, Хитой (натиҷаи маҳдудкунии таваллуд), Куба, Сингапур, Корея қарор доранд. Дар ИМА ба шарофати аҳолии испанизабон ва ҳабашҳо коэфитсенти умумии таваллуди аҳолӣ дар сатҳи 2,08 аст. Дар давлатҳои узви ИДМ ин нишондиҳанда чунин аст: дар ҷумҳуриҳои славянӣ – Федератсияи Россия, Украина, Беларус, ки 70%-и аҳолии ин иттиҳодро ташкил медиҳанд, коэф. умумии таваллуд босуръат паст рафта, ба адади 1 наздик мешавад (ниг. низ Ҷуғрофиёи аҳолӣ).

Аҳолии Тоҷикистон вироиш

Дар Тоҷикистон коэфитсенти умумии таваллуди аҳолӣ дар соли 2009 ба 1000 нафар 26,8, дар шаҳрҳо – 23,0, дар деҳот – 28,2; аз ҷумла дар ВМКБ – 17,9, вилояти Суғд – 27,6, вилояти Хатлон – 28,1, шаҳри Душанбе – 18,7, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – 28,4 буд. Бо сабаби баланд будани потенсиали демографӣ (бештар будани аҳолии синнашон ҷавон) шумораи аҳолии Тоҷикистон то соли 2030 зиёд шуда, минбаъд суръати он сол аз сол паст меравад. Мувофиқи ҳисоби мутахассисони Институти демография ва иқтисодиёти АИ ҶТ аҳолии Тоҷикистон соли 2026 тақрибан ба 10,2 млн ва соли 2056 ба 13,1 млн нафар мерасад.

Марбут ба масоили аҳолӣ харитаҳои махсус тартиб дода мешаванд: харитаи ҷойгиршавии аҳолӣ, харитаҳои демографӣ (бо дар назар доштани ҳайати ҷинсӣ, синнусолӣ, ҳаракату ҷойивазкунии аҳолӣ ва ғайра), этнологӣ (ҳайати миллӣ, урфу одат, хусусияти антропологиву забонӣ ва ғайра) харитаи тақсимшавии аҳолӣ (аҳолии шаҳр ва деҳнишин) ва ғайра.[1]

Инчунин нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ – Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, - с.171-173 // С. Исломов.

Адабиёт вироиш

  • Валентей Д. И. Проблемы народонаселения. М., 1961;
  • Система знаний о народнонаселении. М., 1976;
  • Асосҳои демография. Д., 2002 (Исломов С. И., Қониев С. К. ва диг.).
  • Демографияи солонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2010.

Сарчашма вироиш

Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов. — Д. : СИЭМТ, 2011—2023.