Гелак ибни Абдурраҳмони Румӣ

Гелак ибни Абдурраҳмони Румӣ — ҳофиз, навозанда, оҳангсоз, мусиқидон ва шоири асрҳои 16-17.

Гелак ибни Абдурраҳмони Румӣ

Зиндагинома

вироиш

Улуми адабу шеъру мусиқиро дар зодгоҳаш шаҳри Рай фаро гирифт. Муддате дар дарбори Сафавиён (дар Исфаҳон) ва баъдан дар дарбори Усмониён (дар Истанбул) ҳамчун ровӣ (равзахон, наътсаро) ва мутриб хидмат кард. Бинобар ёддошти муосиронаш ғазалу рубоиро неку мегуфт; дар навохтани уд, танбӯр, қонун, рубоб ва дар ҳунари сарояндагӣ маҳорати баланд дошт. Дар асоси зарбу авзони мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Наво», «Ушшоқ», «Исфаҳон» дар шаклу анвои шеърию мусиқии «нақш», «савт», «амал» оҳангҳои нав тасниф намудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • سام میرزا صفوی. تحفۂ سامی. تهران، ١۳۴۶ ه. ش.؛
  • مصطفی علی چلبی. مناقب هنروران. استنبول، ١۹٢۳؛
  • حسن مهشون. تآریخ موسیقئ ایران. جلد 1. تهران، ١۳٧٥ ه. ش

Сарчашма

вироиш