Ҳандасаи тавсифӣ

(Тағйири масир аз Геометрияи тасвирӣ)

Ҳандасаи тавсифӣ (форсӣ: هندسه توصیفی‎), геометрияи тасвирӣ — фасли ҳандасаи олӣ, ки тасвири шаклҳои фазоиро дар ҳамворӣ меомӯзад.

Вазифаи ҳандасаи тавсифӣ сохтани тасвири шаклҳои геометрии алоҳида ё маҷмӯи онҳо дар ҳамворӣ ва тавассути тасвирҳо омӯхтани сохту андоза ва хосиятҳои шаклҳои фазоӣ мебошад. Ҳандасаи тавсифӣ дар заминаи талаботи соҳаи меъморӣ, санъат ва соҳаҳои гуногуни техника ба миён омада, дар онҳо васеъ истифода мегардад. Меъморони давраи қадим усулҳои гуногуни тасвиротро медонистанд. Меъмор ва риёзидони фаронсавӣ Ж. Дезарг (1593–1662), муҳандис Фрезӣе (1682–1773) ва алалхусус олим ва муҳандиси фаронсавӣ Г. Монж (1746–1818), ки усули проексияҳои ортогоналӣ (росткунҷа)-ро таҳия кардааст, ҳандасаи тавсифиро ба таври илмӣ асоснок намудаанд.

Усули асосии ҳандасаи тавсифӣ усули проексияҳо мебошад. Ду навъи проексияҳо – проексияҳои марказӣ ва проексияҳои мувозӣ (параллелӣ) мавҷуданд. Барои сохтани проексияи марказии росткунҷаи ABCD аз марказ S ва қуллаҳои росткунҷа то буриш бо ҳамвории проексияҳо П хатҳои рост (шуоъҳо) мегузаронанд. Росткунҷаи А1В1С1D1, ки дар ҳамвории П пайдо мешавад, проексияи марказии росткунҷаи ABCD мебошад. Проексияҳои марказиро дар меъморӣ, таҳияи лоиҳаи иншооти муҳандисӣ истифода мебаранд.

Барои сохтани проексияи мувозии росткунҷаи ABCD аз қуллаҳои росткунҷа ба самти муайян s то буриш бо ҳамвории П хатҳои рости мувозӣ (шуоъҳо) гузаронида мешавад. Росткунҷаи А1B1С1D1 проексияи мувозии росткунҷаи фазоии ABCD мебошад Проексияҳои мувозиро асосан дар нақшакашии техникӣ ва барои аёнияти тасвирот истифода мекунанд (нигар Аксонометрия).

Агар самти шуоъҳои проексиякунанда s ба ҳамвории проексияҳо амудӣ (перпендикуляр) бошад (s П1), проексияи мувозӣ проексияи ортогоналӣ (росткунҷа) ном дорад, Дар техникаву саноат ҳангоми кашидани тасвири ҷузъҳои мошин, бинову иншоот, одатан, якчанд проексияи ортогоналии онҳо сохта мешавад. Дар расми 2 се проексияи хатти рости амудии АВ дар ҳамвориҳои проексияҳои байнан амудии П1, П2 ва П3 сохта шудааст. Агар ҳамвориҳои П1 ва П3-ро бо ҳамвории П2 тавассути дар атрофи меҳварҳои х ва z давр занондан ҳамҷо намоем, тасвире пайдо мешавад, ки нақша ном дорад. Аз рӯи нақша андозаҳои ҳақиқӣ, вазъи нисбии унсурҳои ашё ва шаклро муайян намуда, онро сохтан мумкин аст.

Солҳои 70 садаи XX бори аввал нақшаву тасвироти гуногун бо ёрии мошинҳои электронӣ (компютерҳо) кашида шуданд. Аз ин сабаб, инкишофи баъдии ҳандасаи тавсифӣ ба нақшакашии компютерӣ, ки ба яке аз соҳаҳои нави истифодаи техникаи ҳисоббарорӣ табдил ёфтааст, зич вобаста гардид.

Сарчашма

вироиш