Замингармӣ, геотермия (аз юн.-қад. γῆЗамин ва θέρμη — гармӣ) — фасли заминфизик, ки ҳолати гармии умқи Замин ва қабатҳои геологии онро меомӯзад.

Геотермия барои омӯхтан ва моделонии равандҳои геодинамикӣ, ки дар геосфера ба вуҷуд меоянд ва барои баҳо додан ба зуҳуроти энергетикаи геофизикӣ иттилооти миқдорӣ медиҳад. Кашфиёти муҳимтарини геотермия: муқаррар кардани баробарии тақрибии ҷараёнҳои гармӣ дар қитъаҳо ва уқёнусҳо, исбот кардани вобастагии ҷараёни гармӣ ба синни тектоникии сохторҳои геологӣ, инчунин кашфи ҷараёнҳои баландҳарорати ғайритабиӣ дар минтақаҳои рифтии уқёнусҳову қитъаҳо ва дар қисмҳои фаъоли шикастапораҳои дигаргунӣ (трансформӣ) миёнаҳои солҳои 1960 сурат гирифтанд.

Дар охирҳои асри 20 усулҳои амалии геотермия инкишоф ёфтанд, ки аз омӯзиши гармии умқи Замин – манбаи энергияи барқароршаванда ва аз ҷиҳати экологӣ тоза иборат буданд. Ҳамзамон геотермия чун усули геофизикаи иктишофӣ инкишоф ёфт, ки асоси таҷрибавии онро кашфи робитаи градиенти геотермикӣ (фарқи афзоиши ҳароратҳо) – бузургие, ки афзоиши ҳарорати ҷинсҳои кӯҳиро баробари афзоиши умқи Замин нишон медод (ба ҳисоби миёна ҳарорат дар ҳар 100 м 3оС меафзояд) ташкил намуд. Дар заминаи ин кашфиёт усули ба термограммаҳо тақсим намудани буришҳои геологӣ ба вуҷуд омад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки дар аксар буришҳои геологӣ вобаста ба сохт ғайриякҷинсаҳои ҳароратбаланди хосиятҳояшон гуногун мавҷуданд.

Геотермия аз таҳқиқоти назариявӣ ва минтақавӣ, коркардҳои афзорию методӣ ва ҳалли масъалаҳои амалӣ иборат аст. Геотермияи назариявӣ пайдоиши манбаъҳои гармӣ, шартҳои интиқоли гармӣ дар қаъри Замин, ҳолати фазавии геосфераҳои ҷудогона, таҳаввулоти геодинамикии литосфера ва астеносфера, вобастагии гармӣ ва дигар хосиятҳои геофизикиро меомӯзад. Таҳқиқоти минтақавӣ дар геотермия барои таҳлилҳои назариявӣ ва ҳалли масъалаҳои амалӣ асос мешаванд. Натиҷаҳои таҳқиқоти минтақавӣ барои хулосабарорӣ дар бораи шароити ҳароратие, ки дар онҳо ҷинсҳои кӯҳӣ ва канданиҳои фоиданок ҷойгиранд, имкон медиҳанд (ин барои истифодаи конҳо, инчунин барои муайян карани ҳаҷм ва истифодаи захираҳои геотермалӣ муҳим мебошад). Усулҳои амалӣ барои иктишофи кони маъданҳои зеризаминӣ: кони нафту газ, уран, мису колчедан, алмос, тило, ангиштсанг, намакҳо ва ғ. истифода мешаванд. Захираҳои геотермалӣ ба обҳои зеризаминии гарм (захираҳои гидротермалӣ) ё минтақаҳои баландҳарорат (то 350°С ва аз он баланд)-и ҷинсҳои амалан беоби кӯҳӣ (захираҳои петрогеотермалӣ) вобаста буда, дар зиёда аз 60 кишвари дунё барои истеҳсоли қувваи барқ, дар саноат, барои гармкунии биноҳо, курортология ва ғ. истифода мешаванд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Е. А. Любимов, Термика Земли и Луны. М. 1968;
  • Ж. Гогель. Геотермия М., 1978;
  • Р. И. Кутас. Поле тепловых потоков и термическая модели земной коры. Киев. 1978.

Сарчашма вироиш