Пиришиносӣ
Пиришиносӣ (форсӣ: پیریشناسی), геронтология (англ. Gerontology) — илм дар бораи пиршавии мавҷудоти зинда; яке аз қисмҳои фанҳои пизишкӣ ва зистшиносӣ буда, қонуният, механизм ва зоҳиршавии пириро меомӯзад.
Парвандаҳо дар Викианбор |
Пиришиносӣ, илме, ки ба омӯзиши василаю ҷараёни зистшинохтии пир гаштани мавҷудоти зинда, инчунин усулҳои суст намудани суръати пиршавӣ ва дароз кардани умр машғул аст. Азбаски амалиёти мазкур то давраи пирӣ фаро мерасанд, пиришиносҳо бештар ба вазъи саломатии одамони миёнаумр ва солхӯрда диққат медиҳанд. Дарки биологии пиршавӣ имкон медиҳад, ки инкишофи бемориҳои хосси ин синну сол дуруст тасаввур ва саривақт ташхису табобат карда шаванд. Якбора пир гаштани аҳолӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ барои ривоҷ ёфтани пажӯҳишҳои пиришинохтӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Қариб дар ҳар соҳаи тиб бахшҳое вуҷуд доранд, ки ба масоили пиришиносӣ вобастаанд. Яке аз фаслҳои пиришиносиро пирпизишкӣ меноманд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Чеботарев Д. Ф., Бойко В. И. Уход за больными пожилого и старческого возраста. Киев, 1975;
- Хрисанфова Е. Н. Основы геронтологии. М., 2000.
Сарчашма
вироиш- Геронтология // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.