Гесӯи Навогар (форсӣ: گیسوی نواگر‎; Касван Навакар; 587, Рай — 640, Тайсафун) — овозхон ва мутриби машҳури замони Сосониён ва аз ҳамдастони Борбади Марвазӣ

Гесӯи Навогар
форсӣ: گیسوی نواگر
Таърихи таваллуд 587(0587)
Зодгоҳ Рай
Таърихи даргузашт 640(0640)
Пеша(ҳо) мутриб, сароянда

Зиндагинома

вироиш

Аз аҳли Хуросон. Ҳунари созу наворо дар зодгоҳаш — шаҳри Ҳирот фаро гирифта, сипас ба дарбори Хусрави Парвиз (590—628) роҳ ёфт ва чанд муддат дастаи бонувони чангии Ромишсаро (Фарҳангистони ҳунар)-и дарборро сарварӣ кард. Дар достони «Вису Ромин»-и Фахруддини Гургонӣ ва фарҳангҳои мухталиф маҳорати ҳунарии Гесӯи Навогар ситоиш шуда, таснифоти «Дилангезон», «Нӯшин», «Гулнӯш» ва ғайраро ба ӯ нисбат додаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д., 1988;
  • Борбаднома. Д., 1989; Нағмаи ниёкон. Д., 1989;
  • Раҷабов А. Эҷод ва иҷрои мусиқӣ дар садаҳои IV—VII. Д., 2011;