Гиббо́нҳо (лот. Hylobatidae) — оилаи маймунҳои одамшакли хурд; мансуби гурӯҳи приматҳо.

Гиббонҳо
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Hylobatidae Gray, 1870
Ҷинсҳо

Гиббонҳо ду ҷинс доранд: гиббон (Hylobates), ки аз 6 навъ иборат аст ва сиамангҳо (Symphalangus), ки як навъ (S. syndactylus)-ро муттаҳид месозанд (ангуштони 2 ва 3-юми пои онҳо бо парда пайваст шудаанд). Дарозии тани гиббонҳо 40-64 см, вазнаш 9,5-12,5 кг (баъзан 20 кг) аст. Дасти хеле дароз (то 2 м) ва пашми ғӯлӣ доранд. Рангашон хокистарӣ ё зарди сиёҳтоб буда, бештар дар дарахтон рӯз мегузаронанд. Ғизои гиббонҳо мева, барг, муғҷа, ҳашарот ва тухму чӯҷаи парандаҳост.

Гиббонҳо аслан аз Хитойи Ҷанубӣ, Ҳиндустон, ҷазираҳои Суматра, Ява, Калимантан мебошанд. Ватани сиамангҳо ҷазираи Суматра ва нимҷазираи Малакка (иёлати Селангор) аст. Гиббонҳо ҷуфт-ҷуфт ё гала-гала аз 6 то 20-30-сарӣ зиндагӣ мекунанд. Ҳайвони бисёр чолок буда, бо ёрии даст аз дарахт ба дарахт 10-12 м меҷаҳад. Гиббонҳо хона намесозанд ва дар болои шоху навдаҳои сербарг хоб мераванд. Овози гиббонҳо хеле баланд буда, ба дуриҳо паҳн мешавад. Хусусан гиббонҳои сиёҳ ва сиамангҳо бештар фарёд мезананд. Даври ҳамли гиббонҳо 210—235 рӯз аст; дар ҳар фасли сол метавонанд таваллуд кунанд. Гиббонбачаҳо дар 5-10-солагӣ болиғ мешаванд. гиббонҳо 30-35 сол умр мебинанд. Онҳоро дар боғи ҳайвонот низ нигоҳ медоранд.

Адабиёт

вироиш
  • Брэм А. Жизнь животных. М., 2012.

Сарчашма

вироиш