Гилимвифт
«Гилимвифт» (номи дигараш «Чеб-базай», «Чеб-раққосӣ») — рақси қадимии баъзе навоҳии мардуми Бадахшон, ки як лаҳзаи кор — бофтани матоъи мӯинаро тасвир менамояд. Рақс аз тарафи мард таҳти садои рубоб, ғижак, дойра ва баъзан тору дутор иҷро мешавад.
Раққос дар ҳар дасташ дутоӣ қошуқи чӯбини маҳаллиро рӯбарӯ дошта, онҳоро бо зарби оҳанг ба ҳамдигар мезанад. Дар баробари қошуқзанӣ ҳар гуна ҳаракатҳоро низ ба ҷо меорад ва бо ҳамин васила амалиёти занҳоро тасвир менамояд; вай пашм тоза мекунад, онро шона мезанад, ресмон мересад, сипас карбос мебофад, онро чен мекунад, чакман (дар Бадахшон «гилим» мегӯянд) мебофаду медӯзад, мепӯшад ва оқибат сар мешӯяд. Баъд дӯзанда назди «оина» истода худро оро медиҳад; ба абрувонаш усма мекашад, мӯйҳояшро шона мекунад ва дар охир аз хурсандӣ ба рақс медарояд. Дар баъзе маҳалҳои кӯҳистони Бадахшон қошуқзанӣ саҳнаи корро ифода нанамуда, танҳо зарби ҳавои рақсро таъкид мекунад. Ин шакли одӣ ва осон «Чумчараққос» ном дорад. Дар минтақаи Кӯлоб ин навъи рақсро «Қошуқбозӣ» мегӯянд. Ин рақс дар ансамблҳои рақсӣ ва дастаҳои ҳаваскорону ҳунармандони санъати Тоҷикистон низ маъмул гаштааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кароматов Ф., Нурджанов Н. Музыкальное искусство Памира. М., 1986;
- Нурҷонов Н. Олами беканори рақси тоҷик. Д., 2004.
Сарчашма
вироиш- Гилимвифт / Н. Нурҷонов // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.