Гимнáстика (юн.-қад. γυμναστική, аз γυμνάζω — машқ кардан, тамрин намудан) — силсилаи машқҳои ҷисмонии махсус барои бардаму солим ва чобуку пуртоқатшавии инсон.

Гимнастика
Тавсифот
Аввалин мусобиқот
Федератсияи байналмилалӣ
Ном Федератсияи байнулмилалии гимнастика[d]
Лоиҳаҳои марбут
 Парвандаҳо дар Викианбор

Таърих

вироиш

Гимнастика таърихи бисёрсола дорад. Машқҳои гимнастикӣ 3 ҳазор сол то м. ба хитойиҳо ва ҳиндуҳо маълум буд. Гимнастикаро ҳамчун дармони дардҳо истифода мебурданд. Гимнастика хусусан дар Юнон хеле ривоҷ ёфта буд. Юнониҳо ба гимнастика варзиши сабук, шиноварӣ, муштҷанг ва гӯштинро дохил карда буданд. Ибни Сино машқҳоро омили муҳимми нигоҳдории саломатӣ донистааст. Таълимоти ӯ дар бораи машқҳои гимнастикӣ на танҳо дар Шарқ, балки дар Ғарб низ пайравони зиёде пайдо кардааст. Охири асри 18 ва аввали асри 19 дар Аврупо навъҳои гуногуни гимнастикаи миллӣ (олмонӣ, шведӣ, фаронсавӣ, чехӣ) пайдо шуданд, ки минбаъд асоси гимнастикаро ташкил доданд. Гимнастика дар Русия охири асри 19 ба вуҷуд омад. Машқҳои гимнастикӣ 8 шакл доранд: сафороӣ, умумиварзишӣ, амалӣ, озод, машқҳо дар асбобҳои гимнастикӣ, машқҳои ҷаҳиш, машқҳои гимнастикаи бадеӣ ва машқҳои акробатикӣ (нигар Акробатика). Ҳоло навъҳои зерини гимнастика маъмул аст. Гимнастикаи асосӣ: (аз ҷумла гимнастикаи беҳдошт ва варзишӣ), гимнастикаи амалӣ (аз ҷумла гимнастикаи истеҳсолӣ, гимнастикаи касбии амалӣ, гимнастикаи касбии варзишӣ), гимнастикаи варзишӣ, гимнастикаи бадеӣ ва акробатикаи варзишӣ. Федератсияи байналмилалии гимнастика соли 1881 таъсис ёфтааст ва 125 федератсияи миллиро муттаҳид менамояд. Дар назди Федератсияи байналмилалии гимнастика соли 1963 Комиссия оид ба гимнастикаи мавзуни варзишӣ ва соли 1998 Комиссия оид гимнастикаи бадеӣ ташкил гардид. Дар гимнастикаи варзишӣ байни мардон ва занҳо аз рӯи бисёрҳарбаи гимнастикӣ мусобиқаҳо баргузор мешаванд. Гимнастикаи варзишӣ соли 1896 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шуд. Дар барномаҳои Бозиҳои I—IV олимпӣ ба мусобиқаи бисёрҳарбаи гимнастикӣ баъзе навъҳои варзиши сабук (ҷаҳидан ба баландӣ бо ходачӯб, ҷаҳидан ба дарозӣ, баромадан ба канат, давидан, гулӯлапартоӣ) ва вазнбардорӣ дохил буданд. Занҳо дар Бозиҳои олимпӣ аз соли 1928 ширкат меварзанд. Дар барномаи Бозиҳои олимпии муосир мусобиқаҳои гимнастикаи варзишӣ байни мардон аз рӯи 6 навъ (машқҳои озод, ҷаҳиши такянок, машқҳо дар аспак, брусҳо ва турник, машқ бо ҳалқа) ва байни занҳо аз рӯи 4 навъ (машқҳои озод, ҷаҳиши такянок, машқҳо дар брус ва турник) гузаронида мешаванд. Аз соли 1903 чемпионатҳои ҷаҳон оид ба гимнастикаи варзишӣ баргузор мегарданд. Дар чемпионатҳои ҷаҳон занон аз соли 1934 ширкат меварзанд.

Аввалин маҳфили гимнастикаи варзишӣ дар ш. Душанбе соли 1938 бо ташаббуси хатмкардагони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Ленинград М. А. Сиклаури ва Н. Б. Сиклаури ташкил шуд. Аввалин гимнастҳои тоҷик, ки дар Паради варзишгарон дар ш. Маскав ширкат карданд, С. Турсунова, М. Наҳангова, М. Набиева, М. Ҳабибуллоева ва дигарон буданд. Ҳ. Рауфов ва Т. Мустафоқулов ба дараҷаи Устоди варзиши ИҶШС расиданд. Баъдтар Н. П. Сиклаури, А. Камолова, К. Каримова машҳур шуданд. Дар инкишофи гимнастикаи варзишӣ дар Тоҷикистон Т. Сиярқулов ва К. Шукроев хидмати арзанда кардаанд. Федератсияи навъҳои гимнастикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ташкил карда шуд.

Мусобиқаҳои гимнастикаи бадеӣ байни занҳо доир карда мешаванд. Онҳо зери оҳанги мусиқӣ бе ашё ё бо ашё (тасма, тӯб, чанбарак, ҷастак ва ғ.) машқҳо ва ҳаракатҳои мавзунро иҷро мекунанд. Ғолибон дар алоҳидагӣ ва ё дар ҳайати даста муайян карда мешаванд. Гимнастикаи бадеиро солҳои 50 асри 20 Федератсияи байналмилалии гимнастика ҳамчун як навъи варзиш қабул кард. Аз соли 1963 (дар солҳои тоқ) оид ба гимнастикаи бадеӣ чемпионати ҷаҳон ва солҳои 70 асри 20 мусобиқаҳои калони байналмилалӣ барои Ҷоми Интерведения баргузор мешаванд. Гимнастикаи бадеӣ аз соли 1984 ба барномаи Бозиҳои олимпӣ дохил карда шудааст. Дар Тоҷикистон варзишгарон ба гимнастикаи бадеӣ аз соли 1962 машғул шуданд. Мураббии аввалини онҳо Р. И. Баринова буд. Аввалин устодони варзиши ИҶШС дар гимнастикаи бадеӣ дар ҷумҳурӣ П. Қодирова ва Э. Асанова мебошанд. Соли 1977 варзишгари Тоҷикистон Эрика Шиллер дар ш. Базел (Суис) дар ҳайати даставӣ чемпиони ҷаҳон шуд.

Адабиёт

вироиш
  • Гимнастика/Под ред. А. Т. Барыкина. М., 1971;
  • Художественная гимнастика/Под ред. Л. П. Орлова. М., 1973;
  • Большая советская энциклопедия. Т. 24 (1). М., 1976; Т. 28. М., 1978.

Сарчашма

вироиш