Гимни Давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ
Гимни Давлатии Иттифоқи Республикаҳои Советии Сотсиалистӣ Гимни ИҶШС буд.
Озод иттифоқи республикаҳоро
Бипайваст бо ҳам ҷовид руси кабир.
Абад зинда бод иттифоқи советӣ
Бо азми халоиқ шуда муқтадир!
Шӯҳрат афкан, аё мулки озоди мо,
Дӯстии халқро паноҳи азим!
Партияи Ленин-қудрати халқи мо,
Моро барад ҷониби коммунизм!
Хуршед саодст баромат зи зулмат,
Дурахшонд роҳи мо доҳаи Ленин:
Халқҳоро намуд ӯ ба адолат,
Бо кору шуҷоат кард моро қарин!
Шӯҳрат афкан, аё мулки озоди мо,
Дӯстии халқро паноҳи азим!
Партияи Ленин-қудрати халқи мо,
Моро барад ҷониби коммунизм!
Дар фатҳи подори мароми коммунизм.
Намоён аст фардои кишвари мо
Ливои шарафноки сурхи Ватанро
Бо як ҷону дил содиқем доимо!
Шӯҳрат афкан, аё мулки озоди мо,
Дӯстии халқро паноҳи азим!
Партияи Ленин-қудрати халқи мо,
Моро барад ҷониби коммунизм!
(Тарҷумаи Мирзо Турсунзода, Мирсаид Миршакар, Боқӣ Раҳзимзода, Лоиқ Шералӣ )