Гирдоб (деҳа, н. Сангвор)

Гирдоб — деҳа дар ҷамоати деҳоти Чилдараи ноҳияи Сангвор. Аз Гирдоб то маркази ҷамоат 7 км, то маркази ноҳия 15 км, то шаҳри Душанбе 188 км; роҳ мошингард. Аҳолиаш 127 нафар (2015).

Деҳа
Гирдоб
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Сангвор
Ҷамоат Деҳоти Чилдара
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 130 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3156
Нишонаи почта 737450

Иқтисод

вироиш

Нуқтаи савдои хусусӣ ва мактаби таҳсилоти умумии ибтидоӣ дорад. Талабагон таҳсилро дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии деҳаи Руботнол давом медиҳанд. Соҳаҳои асосии хоҷагӣ: боғдорӣ, сабзавоткорӣ, чорводорӣ, ғаллакорӣ ва занбӯрпарварӣ. Заминҳо аз дарёчаи Гирдоб обёрӣ мешаванд.

Мардум

вироиш

Солҳои 1955—1956 аҳолии деҳа ба ноҳияҳои Қумсангир, Вахш, Ҳисор ва шаҳри Душанбе кӯчида, деҳа беодам монда буд. Солҳои 1985 як қисми аҳолӣ ба Гирдоб баргашта, деҳаро аз нав обод карданд.

Сарчашма

вироиш