Ноҳияи Тавилдара
Ноҳияи Тавилдара дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ
Марказ: Ҷамоати Тавилдара
Замони таъсис : 27 октябри соли 1939
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : км²
Шумораи шаҳракҳо : 0
Шумораи ҷамоатҳо : 5
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 25,1 ҳаз. кас[1]
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : TV
ISO-намоя : TJ.RR.TV
Пешшумора : +992 3156
Нишонии почта : 737450
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 01TJ

Ноҳияи Сангвор, аввал Тавилдара (форсӣ: ناحیۀ طویل‌دره‎) — яке аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар кишвари Тоҷикистон аст.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1939 дар бахше аз вилояти Ғарми ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта аст.

Маркази ин ноҳия шаҳраки Тавилдара аст, ки 190 км шарқтар аз шаҳри Душанбе дар канори рӯди Хингоб ҷойгир аст.

Ҷойгоҳ

вироиш

Ноҳияи Сангвор дар дараи рӯди Хингоб ва доманаи кӯҳистони Помир ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияи Тоҷикобод, дар шимолу шарқ — бо ноҳияи Лахш, дар шимолу ғарб — бо ноҳияи Рашт, дар ғарб — бо ноҳияи Нуробод аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, дар ҷанубу ғарб — бо ноҳияи Ховалинг аз ноҳияҳои вилояти Хатлон, дар ҷануб — бо ноҳияи Дарвоз, дар ҷанубу шарқ — бо ноҳияи Ванҷ ва дар шарқ — бо ноҳияи Мурғоб аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаммарз аст.

Мардум

вироиш

Дар соли 1939 ноҳияҳои Сангвор (10961 нафар) ва Тавилдара (17916 нафар) дар якҷоягӣ 28877 нафар аҳолӣ доштанд, ки аз онҳо 28469 нафар (ё 98,6%) тоҷик буданд.

Бино бар саршумори январи соли 2010, дар ин ноҳия 19,4 ҳаз тан бошанда будааст.[2] Мардуми ноҳияи Сангвор ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд.

сол 2010 2014 2015 2019 2020
шумора
(ҳаз. нафар)
19,4 20,7 21,2 22,9 23,3

Бахшбандӣ

вироиш

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Сангвор 5 ҷамоати деҳот дорад[3]:

Ҷамоатҳои ноҳияи Сангвор
Ҷамоат Аҳолӣ
Тавилдара 4067
Заршӯён 4149
Чилдара 4444
Вахио 2847
Ваҳдат 2112

Ҳукумат

вироиш

Сарвари ноҳияи Сангвор Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Сангвор — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Сангвор ба муддати 5 сол интихоб мешавад.