Гирифтани кӯдак
Гирифтани кӯдак — дар ҳуқуқи оилавӣ, бо ҳалномаи суд гирифтани кӯдак аз падару модар (аз яке аз онҳо) бе маҳрум кардани онҳо аз ҳуқуқи падарумодарӣ (маҳдуд кардани ҳуқуқи падарумодарӣ) ё бо маҳрум кардани онҳо (яке аз онҳо) аз ҳуқуқи падарумодарӣ.
Падару модаре, ки вазифаҳои худро оид ба тарбияи кӯдак иҷро намекунанд, ба зарари манфиати кӯдак рафтор менамоянд, зеро дар ин маврид ба саломатӣ, шахсият ва тарбияи ӯ зарар таҳдид мекунад. Дар ин ҳолат барои ҳимояи манфиати кӯдак суд метавонад дар бораи гирифтани кӯдак аз падару модар (аз яке аз онҳо), бо маҳдуд кардани ҳуқуқи падарумодарӣ, ҳалнома қабул намояд. Яъне, кӯдак бар хилофи иродаи падару модар (яке аз онҳо) гирифта шуда, барои тарбия ба мақомоти васоят ва парасторӣ дода мешавад. Ҳангоми маҳдуд кардани ҳуқуқи падарумодарӣ муносибатҳои ҳуқуқии байни падару модар ва фарзандашон боқӣ мемонад, аммо онҳо ҳуқуқи дар оянда тарбия кардан ва якҷоя бо кӯдак зиндагӣ карданро аз даст медиҳанд (Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 73, қисми1). Гирифтани кӯдак бе маҳрум кардани падару модар аз ҳуқуқи падарумодарӣ дар ҳолате мумкин аст, ки агар бо падару модар (яке аз онҳо) гузоштани кӯдак бо сабабҳои ба онҳо новобаста (дар асари ноқисии рӯҳӣ ё дигар бемориҳои куҳна, шароити вазнин ва ғ.) барои кӯдаки ноболиғ хатарнок бошад (Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 73, қисми 2). Асоси умумии маҳдуд кардани ҳуқуқи падарумодарӣ хатарнок будани гузоштани кӯдак бо падару модар (яке аз онҳо) дониста мешавад. Хатарнок будан барои кӯдак муҳити оилавие фаҳмида мешавад, ки дар он ба таври воқеӣ ба ҳаёт, шахсият ва тарбияи ӯ таҳдиди расонидани ҳар гуна зарар ҷой дорад. Дар ин маврид қонунгузорӣ ду ҳолатро пешбинӣ намудааст. Дар ҳолати аввал дар рафтори падару модар (яке аз онҳо) ҷой доштани гуноҳ дида намешавад, яъне, мавҷудияти шароити хатарнок барои тарбияи кӯдак дар оила ба иродаи падару модар (яке аз онҳо) вобастагӣ надорад. Аммо бинобар бемории рӯҳӣ, нуқсонҳои ҷисмонӣ, камақлӣ, бемории куҳнаи падару модар (яке аз онҳо) уҳдадориҳояшонро иҷро карда натавонистани онҳо дар оила нигоҳ доштани кӯдак ба зарари манфиатҳои ӯ мебошад. Ҳолати дуввум ба кирдори гунаҳкоронаи падару модар (яке аз онҳо) вобастагӣ дорад. Дар ин маврид падару модар уҳдадориҳояшонро оид ба тарбияи кӯдак иҷро кардан намехоҳанд, яъне, бадрафтории онҳо ҳамчун сарчашмаи хатарнок барои тарбияи кӯдак эътироф гардидааст. Бадрафтории падару модар (яке аз онҳо) дар оила вобаста ба синну соли ҳар як кӯдак боиси хатар гашта метавонад. Барои кӯдаки хурдсол иҷро накардани вазифа оид ба таъминоти ӯ аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) хавфнок аст, зеро ӯ қобилияти таъмин кардани эҳтиёҷоти худро тамоман надорад. Дар иҳотаи майзадагон тарбия ёфтани кӯдак, аз ҷониби падару модар (яке аз онҳо) ҷалб кардани кӯдак ба оворагардӣ, гадоӣ ва дигар рафторҳои зиддиҷамъиятӣ барои тарбияи ӯ хатарнок аст. Дар ин мавридҳо рафтори падару модар (яке аз онҳо) гунаҳкорона аст ва таҳдиди воқеии ба манфиатҳои кӯдак расонидани зарар аз эҳтимол дур нест. Аз ин рӯ, ҳуқуқи падару модар (яке аз онҳо) маҳдуд карда шуда, ин тадбир ҳамчун чораи пешгирикунанда татбиқ мегардад. Агар дар муддати шаш моҳ пас аз эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалнома оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарумодарӣ падару модар (яке аз онҳо) бадрафтории худро ислоҳ накунанд, мақомоти васоят ва парасторӣ вазифадор аст дар бораи аз ҳуқуқи падарумодарӣ маҳрум кардани онҳо ба суд даъво пешниҳод намояд.
Қонунгузор доираи тахминии шахсонеро, ки ҳуқуқи ба суд пешниҳод кардани даъвои гирифтани кӯдак-ро доранд, муайян намудааст. Инҳо мақомоти салоҳияташон бо ҳимояи кӯдак марбут (муассисаҳои томактабӣ, мактаб-интернатҳо ва ғ.), хешу табори наздики кӯдак (бобову бибӣ, бародарон ва хоҳарон) ва прокурор мебошанд. Даъво танҳо нисбат ба падару модар (яке аз онҳо), ки бо онҳо гузоштани кӯдак хатарнок аст, ба суди ҷои иқомати онҳо пешниҳод карда мешавад. Дар баррасии парвандаҳо оид ба маҳдуд кардани ҳуқуқи падарумодарӣ иштироки прокурор ва мақомоти васоят ва парасторӣ ҳатмист. Ҳангоми баррасии ин парвандаҳо бо дар назар доштани ҳуқуқи кӯдак ба таъминот ба масъалаи рӯёнидани алимент аз падару модар ба фоидаи кӯдак эътибори махсус дода мешавад (Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 73, қисмҳои 3-5).
Дар сурати ҷой доштани таҳдиди бевосита ба ҳаёт ё саломатии кӯдак мақоми васоят ва парасторӣ ҳуқуқ дорад дар хусуси бетаъхир гирифтани кӯдак аз падару модар (яке аз онҳо) ё аз дигар шахсоне, ки ӯ таҳти васояташон мебошад, қарор қабул намояд. Дар сурати бетаъхир гирифтани кӯдак мақоми васоят ва парасторӣ вазифадор аст, ки фавран прокурорро огоҳ сохта, муваққатан ҷойгир намудани кӯдакро таъмин намояд ва дар муҳлати ҳафт рӯзи пас аз тартиб додани санади санҷиш ва хулоса дар бораи гирифтани кӯдак бо даъвои маҳрум сохтан аз ҳуқуқи падарумодарӣ ё маҳдуд кардани ҳуқуқи падарумодарӣ ба суд муроҷиат намояд (Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 77).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998.
Сарчашма
вироиш- Гирифтани кӯдак / Д. Абдуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.