Ҳуқуқи оилавӣ - ҳуқуқи оилавӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ буда, муносибатҳои шахсӣ ва молумулкие, ки бо сабаби никоҳ, таваллуди кӯдак, фарзандхонй, хешу таборӣ, ба тарбия гирифтани кӯдак байни шаҳрвандон, шаҳрвандону шахсони юридикӣ, шаҳрвандону давлат пайдо мешаванд, танзим менамояд. Вазифаҳои асосии ҳуқуқи оилавӣ аз ҳалли масъалаҳои зерин иборат аст:

  • мустаҳкам кардани оила, ки ба принсипҳои ахлоқии ҷамъият асос ёфтааст;
  • дар асоси иттифоқи ихтиёрии никоҳи зану мард, ҳиссиёти аз гаразҳои моддй озоди муҳаббати якдигар, дӯстӣ ва эҳтироми тарафайни ҳама аъзои оила;
  • ҳамаҷониба муҳофизат намудани манфиати модару кӯдак ва таъмини ҳаёти хушбахтонаи ҳар як кӯдак; дар муносибатҳои оилавӣ қатъиян барҳам додани урфу одат ва расму оинҳои зарарноки замони гузашта;
  • парваридани эҳсоси баланди масъулият дар назди оила.

Моҳияти ин вазифаҳои ҳуқуқи оилавӣ мақсади сиёсати давлатро оид ба ғамхорӣ дар ҳаққи инсон, дар бораи саодатмандй ва хушбахтии ӯ ифода менамояд. Ҳуқуқи оилавй, мисли дигар соҳаҳои ҳуқуқ предмети худро дорад.

Предмети ҳуқуқи оилавӣ- маҷмӯи муносибатҳои ҷамъиятие мебошанд, ки дар натиҷаи бастан ё бекор кардани никоҳ, таваллуди кӯдак, хешӣ, фарзандхонӣ, парасторӣ, васоят пайдо мешаванд, тағйир меёбанд ва қатъ мегардавд. Ин муносибатҳо хислати хоси худро доранд ва онҳо имконият медиҳанд, ки муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ аз дигар намудҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ фарқ кунанд, аз ҷумла аз муносибатҳои ҳуқуқи гражданӣ. Масалан, субъекти ҳуқуқи оилавӣ танҳо шаҳрвандоне, ки доираи онҳоро қонун муайян кардааст (ҳамсарон, падару модарон, фарзандон, фарзандхондагон, парасторону васиён ва ғайра) шуда метавонанд. Субъектони муносибатҳои ҳуқуқи оилавӣ доимо характери ҷиддй, индивидуалй, ивазшаванда доранд. Ғайр аз ин, муносибати байни субъектҳои ҳуқуқи оилавӣ бардавом ва эътимоднок мебошанд.[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 527