Гитор
Гитор (англ. guitar), гитара (аз юн.-қад. Kithara— кифара, ситра) — сози мусиқии торӣ, ки ба гурӯҳи созҳои удмонанд мутааллиқ аст. Бо нохун ё мизроб навохта мешавад.
Маводди созанда | maple wood[d] ва mahogany wood[d] |
---|---|
Ҷоизаҳо | |
Depicted by | Guitar Hero[d] |
Шумори пайгирон | 1 645 845 |
Таснифи Ҳорнбостел-Закс | 321.322-5-6 |
Қисман монанд ба | electro-acoustic chordophones[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Он аз қуттии садобарории мудаввари дарозрӯя иборат буда, ду тарафи паҳлуяш ба шакли камон ба дарун фурӯхамида аст ва ба қисми болоии он дастаи дарозу васеи пардаҳои филиззидор (одатан 19-24 парда) пайваст шудааст. Рӯи қуттии гитор сӯрохи гирди садобарор дорад.
Таърих
вироишБа гитор аввалҳо зеҳ мекашиданд, баъдтар торҳои филиззӣ ва сунъиро истифода бурданд. Дар асри XIII дар Испания гиторе машҳур гардид, ки 4 тори ҷуфт дошт. Дар асри XVII дар Итолиё ва дигар мамлакатҳои Аврупо, инчунин Амрико гитор и 5-тора (ҷуфт) бо номи «гитори испанӣ» маъмул шуд. Гитор дар Аврупо махсусан дар миёнаи асри XVIII машҳур гардид. Дар ин давра ба ҷои 5 тори ҷуфт 6 тори яккаро истифода мебурданд. Дар нимаи дуввуми асри XVIII дар Русия ва Лаҳистон истифодаи гитори 7-тора («гитори русӣ») ба расмият даромад. Гитори 7-тораи русӣ бо «ре», «сол», «си»-и октаваи калон, «ре», «сол», «си»-и октаваи хурд ва «ре»-и октаваи якум ҷӯр шуда, дастааш 19 пардаи филиззӣ дорад. Нотаҳояш дар мифтоҳ (калид)-и скрипка сабт шуда, аз навишт як октава паст садо мебарорад. Диапазонаш аз «ре»-и октаваи калон то «ре»-и октаваи хурдро дар бар мегирад. Баъдтар гиторҳои бисёртора (ба торҳои иловагии басӣ) маъмул гардиданд. Гиторҳои андозаашон хурд (гитори терсия, гитори кварта) низ мавҷуданд. Гитор ҳамчун сози якканавозӣ ва ҷузъи ансамбли камеравӣ истифода мешавад. Аксар барои ҳамовозӣ вақти сурудхонӣ ба кор мебаранд. Дар як қатор мамлакатҳо чун сози халқӣ эътироф шудааст. Барои гитор скрипканавози машҳур Н. Паганини ва композиторони машҳури асри XX М. де Фаня (Испания), Э. Вила Лобос (Бразилия) ва дигарон асарҳо навиштаанд. Дар байни гитаранавозони барҷастаи ҷаҳон номҳои М. Ҷулиани (Итолиё), Ф. Сор, Ф. Таррега, А. Сеговия (Испания), М. Л. Анидо (Аргентина), А. О. Сихра, М. Т. Висотский, М. Д. Соколовский, А. Иванов-Крамской (Русия) машҳуранд.
Дар асри XX чанд навъи гитор (гавайӣ ва ҷазӣ)-ро ихтироъ карданд. Ҳангоми навохтани гиторҳои гавайӣ ва ҷазӣ аз қувватафзои барқӣ истифода мекунанд. Гитор дар мусиқии миллӣ ва эстрадии тоҷик солҳои 40-50 асри XX ворид шуда, имрӯзҳо яке созҳои дӯстдоштаи ҷавонон ба ҳисоб меравад ва дар ҳамаи ансамблу гурӯҳҳои эстрадӣ истифода мешавад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Гитара / Ҷ. Обидпур // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.
- Гитара // Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. — Душанбе: Аржанг, 2019. — С.97-98. — 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2