Глауко́ма (юн.-қад. γλαύκωμα) — як навъ бемории чашм.

Глаукома
ИхтисосЧашмпизишкӣ Edit this on Wikidata
Глаукома
Намуди чашм ба ҳангоми глаукома
Намуди чашм ба ҳангоми глаукома
МКБ-10 H4040.-H4242.
МКБ-9 365365
DiseasesDB 5226
MedlinePlus 001620
eMedicine oph/578 
MeSH D005901

Нишонаҳо вироиш

Нишонаи асосии глаукома баланд шудани фишори дохили чашм аст. Баъзе бофтаҳои чашм (мас., зуҷоҷия ва қарния) дар натиҷаи гардиши моеи даруни чашм ғизо мегиранд. Моеи ба ғӯзаи чашм воридгашта бо моеи аз он хориҷшуда миқдоран баробар мебошад. Бинобар ин, фишори дохили чашм доиман як сон аст. Дар натиҷаи осеб ёфтани рагу асабҳо моеъ дар дохили чашм ғун шуда, фишори дохили онро зиёд мекунад. Ҳамин тавр, фаъолияти босира халал меёбад, нӯги торҳои асаби шабакия маҳв мегарданд, чашм хира ва одам нобино мешавад. Глаукома дар синни балоғат ва миёнсолӣ (баъди 45-55-солагӣ), гоҳе дар давраи кӯдакӣ ва ҷавонӣ падид меояд. Ба назар намудани доираҳои рангин дар гирди чароғи фурӯзон аввалин нишонаи глаукома аст; ашёи пеши назар хира метобанд. Ин гуна ноқисиҳо, одатан, аввал дар як чашм ба вуҷуд меоянд. Баъзан (бештар пагоҳӣ) ба муддати 1-3 соат дар чакка, пешонӣ ва чашм фишор эҳсос мешавад. Глаукома баъзан ногаҳон ба вуҷуд меояд, чашму сар дард ва пилкҳо варам мекунанд, қувваи босира заиф, дил беҳузур, ҳарорат баланд, чашм сурх мегардад.

Фишори дохили чашм се навъ — муътадил (на бештар аз 27 мм сутуни симобӣ), андаке баланд (28-32 мм сутуни симобӣ) ва баланд (зиёда аз 32 мм сутуни симобӣ) мешавад. Ҳангоми ба 27-28 мм сутуни симобӣ расидани фишор муоинаи офталмологӣ зарур аст.

Муолиҷа вироиш

Муолиҷаи глаукома дар давраи аввали беморӣ натиҷаи хуб медиҳад. Баъди муоинаи амиқ ба ҳар бемор табобати алоҳида мефармоянд. Бемор бояд камаш 7-8 соат хоб равад. Пеш аз хобидан истеъмоли ғизо раво нест; ҳавои хона бояд тоза ва болишт баланд бошад; ҳар субҳ варзиш кардан лозим. Ба одамони корашон фикрӣ зарур аст, ки дар давоми рӯз ба кори ҷисмонӣ ва сайругашт дар ҳавои тоза машғул шаванд. Сахт хаму рост шудан, шустани фарши хона, хишоваи полиз, ҷомашӯӣ, шикастани ҳезум, навохтани созҳои нафасӣ, бардоштани бори вазнин, сахт гарм нигоҳ доштани сар, оббозӣ дар ҳаммоми гарм, сарлуч зери офтоб гаштан, офтоб додани бадан мамнӯъ аст. Торикӣ фишори дохили чашмро баланд мекунад. Аз ин рӯ, ба беморон истифодаи айнаки сиёҳ, нишастан дар хонаи торик, дар вақти хоб пӯшидани пардаи тирезаҳо мумкин нест. Онҳо бояд ба чашм айнаки сабзи равшан гиранд.

Глаукомаро фақат духтур (офталмолог) табобат мекунад. Дар вақти хурӯҷи шадиди глаукома ёрии таъҷилии тиббӣ зарур аст. То омадани духтур баъди ҳар 15-20 дақиқа (дар муддати як соат), сипас баъди ҳар соат ба чашми бемор пилокарпин чаконида, дар як вақт ба ӯ доруи мусҳил (1 қошуқ сулфати магний ба ним истакон об) медиҳанд, пойҳояшро ба обзани гарм мегиранд (20-30 дақиқа). Соле камаш як бор (аломатҳои бемории чашм набошанд ҳам) ба духтури чашм муроҷиат кардани ашхоси синнашон аз 40 боло омили асосии пешгирӣ аз глаукома аст.

Эзоҳ вироиш

  • Сомов Е. Е. Глазные болезни и травмы. СПб., 2002;
  • Щуко А. глаукома (ва дигарон). Дифференциальная диагностика редких форм глаукомы. Иркутск, 2004;
  • Мулдашев Э. Р. (ва дигарон). Осложненная глаукома. Уфа, 2005;
  • Волков В. В. Глаукома открытоугольная. М., 2008;
  • Нестеров А. П. Глаукома. М., 2008;
  • Фламмер Ҷ. Глаукома. М., 2008.

Сарчашма вироиш