Гликозидҳои дилӣ
Гликозидҳои дил — пайвастҳои органикии мураккаби наботӣ, ки фаъолияти дилро метезонанд.
Рустаниҳое, ки гликозидҳои дил доранд, аз замонҳои қадим дар тибби мардумӣ истифода мешаванд, мас., ливондар, панҷаи Алӣ, адрасмон ва ғ. Таркиби гликозидҳои дил аз гликон ва агликон иборат аст. Агликон сохтори стероидӣ дорад. Ба дил муассир будани гликозидҳо маҳз ба мавҷудияти агликонҳо дар молекулаи онҳо вобаста аст. Гликозидҳои дил барои дар миокард гирд омадани гликоген, инчунин ҳазми АТФ (кислотаи аденизинтрифосфат) ва креатинфосфат, ки манбаи асосии неруи кашиши мушакҳо мебошанд, мусоидат менамоянд. Онҳо инчунин боиси кам шудани миқдори ионҳои калий ва афзудани миқдори ионҳои калсий дар ҳуҷайраҳои мушаки дил мегарданд (дар натиҷа кашиши торҳои мушак пурзӯр мешавад). Бартарии асосии гликозидҳои дил дар он аст, ки онҳо кашиш хӯрдани мушакҳои дилро зиёд кунанд ҳам, талабот бо оксигенро намеафзоянд. Илова бар ин, гликозидҳои дил басомади кашишхӯриҳои дилро кам мекунанд (дар аснои иллати дил басомади кашишхӯриҳои дил, маъмулан, зиёд мешавад).
Гликозидҳои дилро барои муолиҷаи бемориҳои шадид ва музмини дил фаровон истифода мебаранд. Ҳангоми нақси шадиди дил (сактаи дил, заҳролудшавӣ, шок, варами шуш ва ғ.) гликозидҳои сахттаъсирро ба сиёҳраг равон мекунанд (мас., строфонтин, конваллятоксин, коргликон ва ғ.). Дар мавриди бемориҳои музмини дил истифодаи гликозидҳои таъсирашон бардавом — дигоксин, селанид, дигитоксин ва ғ. муфид аст. Корбасти бемеъёри гликозидҳои дил барои андомгон (организм) зарар дорад, хосса дар бадан захира шудани онҳо. Дафъатан суст гаштани набз (брадикардия), дилбеҳузурӣ, қай, аритмия (тахикардия, экстрасистола), паст шудани фишори хун ва ғ. аломатҳои асосии заҳролудшавӣ аз гликозидҳои дил мебошанд. Дигитоксин, дигоксин, селанид, строфантин, медилазид ва коргликон аз ҷумлаи доруҳои маъмули гликозидианд.
Эзоҳ
вироишСарчашма
вироиш- Гликозидҳои дил // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.