Глитсери́н (аз юн. γλυκερός — ширин) — содатарин спирти сеатома бо формулаи .

Глитсерин
Общие
Хим. формула C₃H₈O₃
Физические свойства
Плотность 1,26 ± 0,01 gram per cubic centimetre[1]
Термические свойства
Т. плав. 64 ± 1 ℉[1], 18,1 °С[2], 18 °С[3] ва 18,2 °С[4]
Т. кип. 290 °С[4]
Т. разл. 554 ± 1 ℉[1]
Т. всп. 320 ± 1 ℉[1] ва 160 °С
Давление пара 0,003 ± 0,001 mm Hg[1]
Хосияти оптикӣ
Показатель преломления 1,66
Таснифот
Рег. номер CAS 56-81-5
PubChem
Рег. номер EINECS 200-289-5
SMILES
InChI
Кодекс Алиментариус E422
RTECS MA8050000
ChEBI 17754
ChemSpider
Приводятся данные для стандартных условий (25 °C, 100 кПа), если не указано иного.

Моеъи беранги ғализ, таъми ширин дорад; ҳарорати гудозишаш 17,9°С, ҳарорати ҷӯшишаш 290°С, зичиаш 126 кг/м3 (25°С). Ҳангоми 100°С хунук кардан мисли шиша мешавад. Дар об, атсетон, спиртҳои метилу этил ҳал гашта, дар бензин, бензол, чарбу, сулфиди карбон (CS2) ҳал намешавад. Глитсерин намак, ишқор, қанд, сулфур, арсен, йод, фосфор, кислотаи борат, сулема (HgCl2) ва дигар моддаҳои органикию ғайриорганикиро ҳал мекунад. Глитсерин хосияти гигроскопӣ дошта, чун спирти сеатома моно-, ди- ва триэфирҳои содаю мураккаб, ҳосилаҳои филиззӣ (глитсератҳо), зери таъсири гидрогенгалогенидҳо  галогенидҳои фосфор гологенгидринҳо ҳосил мекунад. Моно-, ди- ва тринитроэфирҳои глитсерин низ маълуманд. Хусусан тринитроглитсерин (нитроглитсерин) аҳаммияти бештар дорад. Аз он моддаи тарканда тайёр карда мешавад. Нитроглитсеринро бо роҳи дар ҳарорати 10–20°С ба омехтаи кислотаҳои консентронидаи сулфат ва нитрати дуддор ҳамроҳ намудани глитсерин ҳосил мекунанд. Эфирҳои α- ва β- фосфати глитсерин дар таркиби летситин ва дигар фосфатидҳо мавҷуданд. Маҳсули аввалини оксидшавии глитсерин – алдегиди глитсерин (CH2OH–CHOH–CHO) ва диоксиатсетон (CH2OH–CO–CH2OH) низ муҳим мебошанд. Омехтаи онҳо дар натиҷаи ба сифати катализатор истифода бурдани пероксиди гидроген ва намакҳои оҳан (II), сиёҳии платина, оксигени ҳаво, бром, сода ва ғ. ҳосил мешаванд. Глитсеринро бо чанд роҳ ба даст меоранд. Хосса усули аз пропилен (гази коркарди нафт) ҳосил кардани он маъмул аст:


Глитсерин дар андомгон (организм)-и инсон ва ҳайвон ҳангоми таҷзияи анаэробии глюкоза, таҷзияи чарбу ва глитсерофосфолипидҳо пайдо мешавад. Маҳлули обии глитсеринро ба сифати антифриз истифода мебаранд. Дар хун зери таъсири глитсерин эритротситҳо ҳемолиз (таҷзия) шуда, ҳемоглобин ба метҳемоглобин табдил меёбад. Глитсерин дар таркиби хӯрокворӣ, дорувор ва атриёт мавҷуд аст, дар полиграфия, чармгарӣ, истеҳсоли матоъ, коғаз ва ғ. истифода мешавад. Дар тиб онро барои нарм кардани пӯсти бадан, таҳияи доруҳои исҳоловар, марҳаму линиментҳо (марҳамҳои моеъ) ба кор мебаранд. Ҳосилаҳои глитсерин аз нигоҳи биологӣ муҳимманд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 1.4 http://www.cdc.gov/niosh/npg/npgd0302.html
  2. CRC Handbook of Chemistry and Physics 88TH Edition 2007-2008. / зери таҳрири David R. Lide, Jr.Boca Raton: CRC Press, 2007. — С. 3—268.
  3. Bradley J., Williams A. J., Andrew S.I.D. Lang Jean-Claude Bradley Open Melting Point Dataset // Figshare — 2014. — doi:10.6084/M9.FIGSHARE.1031637.V2
  4. 4.0 4.1 David R. Lide, Jr. Basic laboratory and industrial chemicals (ингл.): A CRC quick reference handbookCRC Press, 1993. — ISBN 978-0-8493-4498-5

Сарчашма

вироиш