«Глобус» (англ. The Globe [Theatre]) — яке аз қадимтарин театрҳои умумии Англия, ки соли 1599 дар Лондон таъсис ёфт.

Глобус
англ. Globe Theatre
Таърихи таъсис 1599
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ Саутуорк
Associated electoral district Bermondsey and Old Southwark[d]
Шаҳристони таърихӣ Surrey[d]
Доранда Вилям Шекспир
Кори истеҳсолӣ Silvano Toti Globe Theatre[d], The Old Globe[d], Shakespeare's Globe[d], Old Globe Theatre[d] ва Globe Theater[d]
Таърихи ифтитоҳи расмӣ 1599
Таърихи пӯшидашудани расмӣ 1642
Навъи асари бостонӣ scheduled monument[d][1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ин номро аз навиштаи навор («Ҷумла олам-театр»)-е, ки дар ёдгории Атлант бо кураи замин дар гирди замин ҳалқа зада буд, гирифтааст. Толори тамошогарони ин театр шакли байзаӣ дошт, ки тавассути як девори баланд иҳота шуда буд. Дохили толор чанд нишеман (ложа) барои ашроф ва дар болои онҳо нигорхона барои ашхоси сарватманд дошт. Бархе аз бинандагони хос дар худи саҳна менишастанд. Бахши бештари тамошогарон дар партерҳои се самти саҳна, болои замини бефарш меистоданд. Намоишномаҳо дар рӯзи равшан, бидуни танаффус, бо ҳадди ақалли ороиш барпо мегардиданд. Вижагиҳои хосси саҳнаҳо набудани парда, пешсаҳна ва нишемангоҳи қабати болоии хеле пешбаромада ва кулбачаи як ё дуравзана буданд, ки дар он ҷо низ баъзе саҳнаҳо гузошта мешуданд. Соли 1613 бинои чӯбини «Глобус» сӯхт ва соли 1614 дар ҷои он бинои сангие сохта шуд. Дар «Глобус» гурӯҳи ҳунарии «Чокарони лорд Камергер» бо сарварии ҳунарпешаи асосии нақшҳои фоҷиавии театр Р. Бёрдбеҷ ҳунарнамоӣ мекард; мазҳакабози асосӣ Р. Армин ва драманависи умдаи он В. Шекспир буд (ин гурӯҳ тамоми намоишномаҳои ӯро, ки пас аз соли 1594 навиштааст, ба саҳна гузошт). Осори Ф. Бомонт, Ҷ. Флетчер, Б. Ҷонсон, Ҷ. Уэбстер ва дигар драманависони давраи Эҳё дар театр ба саҳна гузошта шуданд. «Глобус» аз муҳимтарин марказҳои фарҳангии мамлакат буд. Соли 1642 бо фармони Парламент театр баста ва соли 1644 бинои он хароб карда шуд. Соли 1868 С. Парри дар Лондон бинои наве бо ҳамон номи пешин сохт (театр то соли 1902 вуҷуд дошт). Репертуари онро намоишҳои мазҳакавӣ, тақлидиву ҳаҷвӣ ташкил медоданд. Соли 1906 дар Лондон театри «Хикс тиэтр» боз шуд, ки соли 1908 «Глобус» номида шуд. Дар саҳнаи он намоишнома ва консертҳои мухталиф гузошта шудаанд: пйесаҳои «Кандида»-и Б. Шоу (1937), «Ҷиддӣ будан чӣ андоза муҳим аст»-и О. Уайлд (1939), «Инсони ҳар давру замон»-и Р. Болт (1960) ва ғ. Бинои «Глобус» соли 1996 аз ҷониби С. Ҷанамейкер эҳё шуд. Дар ИМА, Олмон, Итолиё, Русия ба гунаи «Глобус» ё дар тақлид ба нусхаи он чандин бинои театрӣ сохта шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Морозов М. Шекспир. 1564—1616. 2 изд. М., 1955;
  • Аникста А. Театр эпохи Шекспира. М., 1965;
  • Бартошевич А. В. Шекспир. Англия. XX век. М., 1994;
  • Новая российская энциклопедия Т. IV (2). М., 2008.

Сарчашма

вироиш