Гобой
Гобо́й (аз фр. hautbois, лафзан «дарахти баланд», англ. oboe, итол. oboe, олмонӣ: Oboe) — сози мусиқии нафасии чӯбӣ, ки ба сурнай монанд аст.
Ҷоизаҳо | |
---|---|
Таснифи Ҳорнбостел-Закс | 422.112-71 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Дарозии умумиаш 59–61 см. То охири асри 18 гобой танҳо 6 сӯрох ва 2 супо (сарпӯшак)-и садобарор дошт. Гобойи феълӣ 25 сӯрох дошта, 22–24-тоаш чун сӯрохи садобарор истифода мешаванд (6 сӯрох сарпӯшак доранд). гобойро бо мадади забончаи қимишӣ, ки дар нӯги болоии он пайваст карда мешавад, менавозанд. Диапазонаш аз «си» ё «си-бемол»-и октаваи хурд то «фа»-и октаваи севвумро фаро мегирад. Нотааш дар калиди скрипка сабт мешавад. Гобой ду навъ аст: фаронсавӣ ва олмонӣ. Гобойи фаронсавӣ маъмултар буда, садои ҷарангосии хира дорад. Диапазонаш h – f3. Садои гобойи олмонӣ димоғию хирӣ аст. Дар байни созҳои нафасии чӯбии оркестрҳои симфонӣ ва операвӣ гобой ҷои намоёнро ишғол мекунад. Дар партитура аз поёни флейта ҷойгир аст. Ҳамчун сози якканавозӣ ва ансамблӣ маъмул мебошад. гобой дар иҷрои навоҳои лирикӣ ҳамто надорад. Чанд навъи гобой вуҷуд дорад: гобойи хурд (ба тарзи кварта), гобойи алтӣ ё худ сурнайи англисӣ (ба тарзи терсия, аз гобойи маъмулӣ пасттар), ки дар партитураҳои И. С. Бах ва баъзе асарҳои симфонии асри 20 вомехӯрад: гобойи дʻамур ва геккелфон.
Эзоҳ
вироиш- Музыкальный энциклопедический словарь. М., 1990;
- Луғати русӣ-тоҷикии истилоҳоти санъат. Д., 2003.
Сарчашма
вироиш- Гобой / Ҷ. Обидпур // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.