Говзабон (лот. Anchusa azurea), забони гов — гиёҳест худрӯй.

Говзабон
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Anchusa azurea Mill.

Решааш ғафси сершох. Пояаш рост (60-100 см қад мекашад), бо пашмаки хормонанд пӯшида шудааст. Барги буни пояаш дарозрӯя (10-30 см); ба забони гов монанд буда, дар давраи гулшукуфт мехушкад. Баргҳои қисми болоӣ нештаршакл, нисбатан хурд. Гулаш кабуди нилгун (апрел — июл мешукуфад). Мевааш сеқирраи дарозрӯя (0,6-0,7 см), хокистарранГовзабон Бештар дар марғзор, бешаи гармсеру паҳнбарг, арчазор ва даштҳои Тоҷикистон (ғайр аз Помири Шарқӣ) месабзад. Дар боғу киштзор, канори роҳ ва наздики иқоматгоҳ алафи бегона аст. Барои чорво заҳрнок мебошад. Гули сершаҳд дорад. Бехи онро барои ранг кардани матоъ, пашм ва шоҳӣ (сабз, нилгун) истифода мебаранд.

Гули говзабон ҳамчун даво аз замони Дисқуридус (Диоскорид, асри 1 м.) маълум аст. Ибни Сино бо тухми говзабон исҳол ва захму хуншории рӯдаро табобат мекард, онро барои қатъи ҳайз ва ҷароҳати пӯсидаи окила истифода мебурд. Агар барги хушки говзабонро кӯфта бо он сарро шӯянд, шукуфаро меравонад. Бехи говзабон позаҳри газидани саги девона аст. Дар тибби муосир барг, алаф ва решаи говзабонро ба кор мебаранд. Табибони Озарбойҷон решаи дар равғани гов ҷӯшондаи говзабонро чун давои хунбанд истифода мебаранд. Табибони мардумии тоҷик бо ҷӯшоби гули говзабон неврастения ва зиқи нафасро даво мекунанд. Барои ин 1 чумча гули онро дар 1 истакон оби ҷӯшида як соат нигоҳ дошта, сипас даворо полида, рӯзе 3-4 маротиба якчумчаӣ менӯшанд. Дар баъзе маҳалҳои ҷумҳурӣ шимокро низ «забони гов» мегӯянд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Абуалӣ ибни Сино. Осори мунтахаб. Ҷ. 2. Д., 1980;
  • Флора Таджикской ССР. Т. 6. Л., 1984;
  • Лекарственние растения. СПб., 2011.

Сарчашма вироиш