Говзира
Говзира (лот. Bunium chaerophylloides) — навъе аз гиёҳҳои худрӯй ва хушбуйи бисёрсола.
Говзира | ||||
---|---|---|---|---|
Табақабандии илмӣ | ||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Bunium.
|
||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||
Bunium chaerophylloides | ||||
|
Соқааш дароз (то 70 см), баргаш паршакл, хӯшагулаш чатрнамо (чатраш 9-24 ва чатракаш 18-30 поя дорад). Косагулаш актиноморфӣ, аз 5 гулбарга иборат аст. Моҳҳои апрел — май гул карда, тухм мебандад. Говзира дар Тиёншони Ғарбӣ ва Помиру Олой мерӯяд. Дар Тоҷикистон асосан дар бешазори дарахтони паҳнбарг, нимсаванна ва арчазорҳои қаторкӯҳҳои Зарафшон, Туркистон, Қурама, Тоҷикистони Ҷанубӣ вомехӯрад. Дар таркиби говзира моносахароза (0,94 %), сахароза (3,20 %), қанд (4,31 %), гимиселлюлоза (9,5 %), клетчатка (20,38 %), протеин (8,81 %), сафеда (7,62 %), каротин (2,61 %) ва ғ мавҷуданд. Тухм ва лундарешаи говзира хосияти шифоӣ дорад. Табибони халқӣ бо он дарди санги гурда, роҳҳои пешоб, песӣ ва захми даҳонро муолиҷа мекунанд. Чун зира миёни мардум маъмул аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Тахтаджян Л., Федоров А. Жизнь растений. М., 1974.
Сарчашма
вироиш- Говзира // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.