Унсури Викидода мавҷуд нест

Гови зебумонанд, гови ҷойдорӣ — зоти маҳаллист. Сари шонааш кӯҳони шутурро мемонад. Дар натиҷаи тасодуфан ҷуфтӣ шудани зебуи Осиёи Ҷанубӣ бо говҳои Осиёи Марказӣ пайдо шудааст. Гови зебумонандро вобаста ба қаду баст ба хуросонӣ, ғармӣ, қурамагӣ, фарғонагӣ, таолишӣ ва ғ. ҷудо мекунанд. Онҳо аз ҳамдигар чандон фарқ надоранд. Дар Тоҷикистон асосан гови зебумонанди ғармӣ ва қурамагиро мепарваранд. Гови зебумонанд расонидаанд. Чорво фақат баҳорон алафи сабз хӯрда, боқимондаи сол бо хошок қаноат мекард; ба таҷдиди пода аҳаммияти ҷиддӣ дода намешуд. Буққаҳои наслафзоро бо модаговҳо ҳамроҳ нигоҳ медоштанд. Дар натиҷа ғуноҷинҳо зуд бордор шуда, маҳсулнокии онҳо коҳиш меёфт. Ҳамин тавр, фардҳои нисбатан пурқувват зинда монда, ба шароити маҳал мутобиқ шуданд. Гови зебумонанд дар 7-солагиаш ба воя мерасад. Рангаш сиёҳи баланд, сиёҳтоб, сурхча, баъзан алост. Шири кам дорад. Аз ҳар сар модагови он соле 400—600 кг шир (равғаннокиаш 4,0-6,0 %) медӯшанд. Давраи ширдиҳиаш ба ҳисоби миёна 270 рӯз идома меёбад. Вазни зиндаи модаговаш 180—220, буққааш 300—350 кг; қадаш 109,6 см (то сари шона). Олимони ҷумҳурӣ бо роҳи ҷуфтӣ кардани модаговҳои маҳаллии зебумонанд бо буққаҳои швитсӣ зоти гови швитсии зебумонандро ба вуҷуд овардаанд. Соли 2013 дар ҷумҳурӣ 1844673 сар гови зебумонанд мавҷуд буд.

Нигаред низ вироиш

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Доброхотов А. Б. Частная зоотехния. Л., 1959;
  • Дмитриев Н. Г. Породы скота по странам мира. Л., 1978;
  • Арзуманов Е. А. Скотоводство. М., 1980.
  • Арзуманов Е. А. Животноводство. М., 2007.

Сарчашма вироиш

  • Гови зебумонанд / Ҳ. Умаров, Ш. Раҳматуллоев // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.